Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
БелТА. Президенти Беларус Александр Лукашенко соли 2021-ро Соли ваҳдати халқӣ дар кишвар эълом дошт.
Polskie Radio 24. Агентии амнияти дохилии Лаҳистон дар бораи омодагирӣ ба амали террористӣ дар иншооти динии ҷомеаи исломӣ парвандаи ҷиноятӣ боз намуд.
ТАСС. Сербия 5 январ ба эмкунии шаҳрвандон бо ваксинаи русии «Спутник V» шурӯъ мекунад, - иттилоъ дод Вазорати тандурустии мамлакат.
Sky News. Сокини Британия Брайан Пинкер дар ҷаҳон нахустин шахсе шуд, ки бо ваксинаи офаридаи Донишгоҳи Оксфорд ва ширкати дорусозии AstraZeneca эм карданд.
INTERFAX.RU. Шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон 645 ҳодисаи нави сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд, теъдоди умумии мубталоён ба 144710 нафар расид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1220