logo

Хабарҳо

ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21 январ вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи XVII вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкориҳои Осиё (МҲО) таҳти унвони “Саёҳати нави муқаррарӣ, бехатар ва солим”, ки тариқи видеоӣ баргузор шуд, ширкат варзид.
Дар он  оид ба самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи Муколамаи ҳамкориҳои Осиё табодули афкор сурат гирифт. Бо назардошти ҳамагирии коронавирус, роҳбарони ҳайатҳо ба масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи МҲО дар заминаҳои иқтисодиву тандурустӣ ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Зимни суханронӣ Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи Тоҷикистонро дар мавриди самтҳои гуногуни ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Муколамаи ҳамкории Осиё баён кард. Дар робита ба ин, аҳамияти андешидани чораҳои зарурӣ барои вокуниши муносиби муштарак ба чолишҳо ва таҳдидҳои пайдошуда таъкид гардид.
Дар хотима санади поёнии ҷаласаи XVII вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё – Эъломияи Анкара қабул шуд.
 
 
ҚАРОРДОДИ ТАТБИҚИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ ЛОИҲАИ НАҚБИ «ИСТИҚЛОЛ» БА ИМЗО РАСИД
Дар пойтахти кишвар байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Фароб»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон  қарордоди анҷоми марҳилаи дуюми лоиҳаи нақби «Истиқлол» ба имзо расид.
Санадро вазири  нақлиёт Азим Иброҳим ва раиси  ширкати «Фароб» Алӣ Вакилӣ  имзо карданд.
Азим Иброҳим оид ба муносибатҳои самарабахши Тоҷикистону Эрон сухан ронда, гуфт, ки татбиқи лоиҳа, анҷоми саривақтӣ ва хушсифати кор дар нақби мазкур давоми мантиқии  ҳамкории судовари ду кишвар  хоҳад буд.
Дар маросими имзои қарордод сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ, муовини раиси ширкати «Тавсеаи манобеи об ва неруи Эрон» Беҳрӯзи Муродӣ, раиси ширкати «Фароб» Алӣ Вакилӣ  аз ҳамкории давлатҳои дӯсту бародар ибрози назар намуданд.
Қобили зикр аст, ки дар доираи татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи нақби «Истиқлол» корҳои равшанидиҳӣ, ҳавокашӣ, оташнишонӣ, насби дурбинҳои назоратӣ, ки барои таъмини бехатарии ҳаракати мошинҳо муҳиманд, иҷро хоҳанд шуд.
 
 
МАСОИЛИ ХИЗМАТРАСОНИИ БОСИФАТИ ТИББӢ МАТРАҲ ШУДАНД
Бо мақсади тақвияти фаъолият дар самти хизматрасонии босифати  тиббӣ ва пешгирии фавти модарон ва кӯдакон  таҳти раёсати муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусамадзода машварати онлайнӣ доир гашт.
Зикр шуд, ки ҳифзи саломатии модарону кӯдакон самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат маҳсуб ёфта, дар ин самт давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар якчанд ҳуҷҷатҳои муҳими байналмилалӣ, аз қабили «Созишнома дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак» (с.1993), «Созишнома дар бораи бартараф намудани ҳамаи намудҳои зӯроварӣ нисбат ба занон», эътироф шудаанд.
Чуноне иттилоъ дода мешавад, дар ҷаласа масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва пешгирии фавти модарон ва кӯдакон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, муовини вазир Зулфия Абдусамадзода баҳри боз ҳам таҳкиму тақвияти фаъолият дар ин самт ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 289
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед