Хабарҳо
«ҒУНЧАҲОИ ХАТЛОН»
Таҳти чунин унвон дар вилояти Хатлон нашрияи махсус барои кӯдакону наврасон таъсис ёфт.
Ҳадафи нашрия фароҳам овардани минбар барои истеъдодҳои наврас, муаррифию тарғиби дастовард ва эҷодиёти онҳо, ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиа, инкишофи ҷаҳони маънавии онҳо ва дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносӣ тарбия намуданашон мебошад.
Дар шумораи нахустини нашрия афсонаю чистон, тезгӯяку лати-фаҳои бачагона, муаммою бозиҳои донишафзо, тестҳо, калимаёбак, дарси забони англисӣ тавассути бозиҳо ва дигар маводи ҷолиби диққат ба чоп расидаанд.
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 597