Хабарҳо
«ТОҶИКОН» БА НОҲИЯИ ЛАХШ РАСИД
Дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳта-рам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омӯзиши амиқи таърихи пурифти-хори халқи тоҷик гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президент ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров - китоби «Тоҷикон»-ро ба ноҳияи Лахш расонданд.
Дар бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҳисоби раисони ҷамоати шаҳраку деҳот ва кормандони мақомоти иҷроия гурӯҳи корӣ ташкил гардид. Аъзои гурӯҳи мазкур туҳфаро аз номи Сарвари давлат ба ҳар оила расонданд.
Мақсади асосии ин иқдом шиносоӣ бо гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик ва, дар ин замина, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллии сокинони кишвар мебошад. Мутолиаи ин шоҳасари академик Ғафуровро сокинони ноҳия барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ муҳим арзёбӣ намуда, иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шоистаи таҳсину ситоиши ҳамагон медонанд.
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 217