logo

Хабарҳо

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

- Имрӯз санъатшиносӣ қисми таркибӣ ва яке аз бахшҳои афзалиятноки илмҳои гуманитарии ҷаҳон ба шумор меравад. Ин илм номгӯи зиёди фанҳои ҷамъиятиро фаро мегирад ва дар он, асосан, фарҳанги маънавии ҷомеа, аз ҷумла кулли ҳунарҳои бадеӣ (театр, мусиқӣ, адабиёт, драматургия, санъати тасвирӣ, хореография, меъморӣ, муҷассамасозӣ, дизайн ва монанди инҳо), мавриди омӯзиш ва таҳқиқи тахассусӣ қарор мегиранд. Дар ин росто, маҷаллаи илмӣ - назариявии «Санъатшиносӣ», ки тамоми соҳаҳои санъатро мавриди пажӯҳиш қарор медиҳад, нақши муҳим мегузорад.
Ин нуктаро Аслиддин Низомӣ, доктори илми санъатшиносӣ, мудири шуъбаи санъатшиносии АМИТ, зимни рӯнамоии шумораи навбатии маҷаллаи навтаъсиси «Санъатшиносӣ»,  ки дар Академияи миллии илмҳо доир гардид, зикр намуд. Дар кори  рӯнамоии маҷалла як зумра фарҳангиёни кишвар, аз ҷумла Сабзалӣ Шарифов, рассоми маъруф, Наргис Ҳамидова, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, драматург Ҷумъа Қуддус ширкат намуда, андешаҳояшонро перомуни матлабҳои дар маҷалла нашршуда иброз доштанд. 
Маҷаллаи мазкур, ки ҳадафи аслиаш омӯзиши масоили таърихию назариявии намудҳои мухталифи санъати миллӣ мебошад,  барои боз ҳам амиқтар дарк намудани мазмуну мундариҷа ва нозукиҳои бадеиву осори ҳунарӣ кумак мерасонад. Хонандагони он тавассути мутолиаи  матолиби маҷалла бо бузургтарин падидаҳои ҳунар ошно хоҳанд шуд. 
Зикр шуд, ки дар шумораи навбатии маҷалла матлаби Александр Ҷумъаев, яке аз мусиқишиносони маъруфи Ӯзбекистон, дар бораи таърихи созшиносии Тоҷикистону Ӯзбекистон нашр шудааст. Дар матлаб сухан атрофи барбат - қадимтарин созе, ки дар дунё бо номи уд маъруф аст, иттилои дақиқ оварда шудааст. Муаллиф дар мақолаи худ бори аввал собит намуда, ки уд ва тамоми созҳои ба он монанд, ки имрӯз дар соири кишварҳо маъмуланд, ватанашон Тоҷикистон мебошад.
Матлабҳои дигари маҷалла, ки атрофи санъати рассомӣ, асарҳои телевизионӣ, ҳунари овозхонӣ ва анвои он нақл мекунанд,  ҳар кадом таҳқиқоти пурра маҳсуб меёбанд.
Аслиддин Низомӣ гуфт, ки маҷаллаи мазкур дар муассисаҳои таҳсилоти олие, ки аз рӯи ихтисоси санъатшиносӣ мутахассис омода менамоянд, китобхонаҳо ва дигар идораҳои соҳавӣ паҳн мегардад. 
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 147
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед