logo

иқтисод

СУЛАЙМОН ЗИЁЗОДА: «ПАЁМ РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗИРО ТАКОНИ ТОЗА ДОД»

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз иқдомҳои зиёди таконбахш гуфтанд, ки чанде аз онҳо марбути соҳаи кишоварзӣ мебошанд. Бавижа, бо пешниҳоди Президенти ҷумҳурӣ аз андози ягонаи замин озод намудани тамоми кишоварзони мамлакат аз ҷумлаи чунин чораҳо маҳсуб меёбад. Дар ин хусус хабарнигори рӯзнома бо Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии ҷумҳурӣ, суҳбати ихтисосӣ орост, ки фишурдаи он манзури хонандагон мешавад. 
- Иқдоми Сарвари давлат бобати аз андози ягона озод намудани кишоварзон имрӯзҳо мояи хурсандӣ ва ҳавасмандии аҳли заҳмат ва дар ин замина вусъати кишту парвариши зироатҳо гардидааст. Ба назари Шумо аз татбиқи муваффақонаи иқдоми мазкур кадом пайомадҳои мусбатро интизор шудан мумкин аст? 
- Тавре ҳамагон медонем, соли гузашта дар пайи муроҷиати саривақтии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумат аз 16 апрели соли 2020 вобаста ба оқилонаю самаранок истифода бурдани заминҳои саҳро ва назди ҳавлӣ имконият фароҳам гардид, ки кишоварзони мамлакат ба комёбиҳои чашмрас ноил гарданд. Сарфи назар аз буҳрони пешомада ва сардии мавсими аввали кишту талаф ёфтани зироати баъзе майдонҳо ва боғу токзорҳо кишоварзони ҷумҳурӣ истеҳсоли маҳсулоти соҳаро ба 33,6 миллиард сомонӣ расонданд, ки назар ба соли 2019-ум  8,8 дарсад афзудааст. Дар ин давра 1,5 миллион тонна ғалладона, 1 миллиону 22 ҳазор тонна картошка, наздики 2,5 миллион тонна сабзавот, 757 ҳазор тонна полизиҳо, 300 ҳазор тонна гӯшт, 1 миллиону 20 ҳазор тонна шир ва ғайра истеҳсол гардид. Бозорҳои истеъмолии кишвар бо маҳсулоти худӣ фаровон таъмин шуданд. Мо натиҷаашро имрӯзҳо дида истодаем, ки бо вуҷуди баланд гардидани нархи бархе маҳсулот арзиши меваю сабзавот ва зироатҳои дигари кишоварзӣ мисли пештара боқӣ мондааст, ҳатто дар баъзе мавридҳо коҳиш ёфтааст.  
Бо афзун гардидани маҳсулоти кишоварзӣ кумаку имтиёзҳои роҳандозинамудаи Ҳукумати кишвар низ нақши бориз доранд. Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати кишвар аз соли 2018 ба соҳаи парандапарварию чорводорӣ як қатор имтиёзҳо равона гардиданд, ки боиси ҳавасмандии бештари кишоварзон ба ин соҳа ва фаровонии гӯшти паранда ва тухм дар ҷумҳурӣ гардид. Давоми солҳои 2018 - 2020 шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба 181 адад расид. Саршумори паранда танҳо нисбат ба соли гузашта 707 ҳазор сар зиёд шуд. Истеҳсоли тухм 257 миллион дона бештар гардида, қариб ба 1 миллиард расид. Беш аз 10 ҳазор тонна гӯшти парҳезии паранда тавлид ёфт, ки воридоти он ба кишвар 16 ҳазор тонна кам гардид. Ин самари таваҷҷуҳу ғамхориҳои Сарвари давлат аст, ки дар ин ҷода сабукиҳои андозӣ ва дастгириҳои дигарро ҷорӣ намуданд. Яъне, барои истеҳсоли аз ин ҳам зиёди гӯшти чорвою паранда ва тухм аз тарафи давлату Ҳукумат заминаи мустаҳкам гузошта шудааст ва табиати нодиру афсункори мамлакат ҳам барои соҳа имкониятҳои фаровонро дорост. Бинобар ин, мо ба нақша гирифтем, ки дар ояндаи наздиктарин истеҳсоли гӯшти парандаро ба 60 ҳазор тонна ва тухмро ба 1,6 миллиард дона расонем. Агар ҳамин суръати рушди соҳаро таъмин намоем, оянда барои содироти маҳсулоти соҳа аз Тоҷикистон ба кишварҳои минтақа имконият фароҳам мегардад.  
Баробари парандапарварӣ соҳаи моҳидорӣ ҳам дар ҷумҳурӣ рӯ ба рушд аст.  Ҳоло масоҳати ҳавзҳои моҳидории ҷумҳурӣ 2714  гектарро ташкил медиҳад. Соли рафта моҳипарварони мамлакат зиёда аз 3572 тонна моҳӣ истеҳсол карданд. Оянда бо истифода аз имкониятҳои табиӣ ва шароитҳои фароҳамовардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ин нишондод бештар моҳӣ тавлид намудан мумкин аст.
Аз андози ягонаи замин озод намудани кулли кишоварзони ҷумҳурӣ дар соли 2021 боз як имтиёзи бузурги дигар ба мардуми кишвар бо мақсади фаровонии дастархони сокинон дар давраи буҳрони иқтисодии ҷаҳон аст.  Кишоварзони  ҷумҳуриро зарур аст, ки ин имкониятро самаранок истифода намуда, аз ҳар ваҷаб замин ҳосили дилхоҳ рӯёнанд. Бовар аст, ки имсол нақшаҳои кишту парвариши зироатҳо барзиёд иҷро шуда, ҳосилнокӣ ҳам, меафзояд. Баробари ин, бо дастури Сарвари давлат барои бештар истеҳсол намудани картошка аз Федератсияи Россия 237 тонна тухмии репродуксияи баланд ворид ва ба хоҷагиҳои фаъоли кишоварзӣ дастрас намудем. Соҳаи ғаллакорӣ ҳам агар се – чор соли оянда бо тухмиҳои репродуксионӣ таъмин шавад, дар оянда воридоти он ба ҷумҳурӣ 30 – 40 дарсад камтар мегардад.  Соли гузашта аз 1,5 миллион тонна  ғалладонаи истеҳсолшуда 133 ҳазор тоннаи он шолӣ мебошад. 
- Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ масъалаи муҳимест, ки Пешвои миллат ба он зиёд таваҷҷуҳ менамоянд. Дар Паёми навбатӣ ҳам Сарвари давлат дар ин хусус гуфтанд. Мехостем аҳамияти ин масъаларо боз ҳам возеҳтар шарҳ диҳед…
- Таъкидҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, махсусан бобати истифодаи босамари заминҳои ҳавлӣ,  дар шароити камзаминии кишвар ва ҳам талаботи рӯзафзуни аҳолии ҷаҳон ба ғизо аҳамияти бузурги иқтисодӣ дорад. Ҳоло қариб аксари аҳолии мо замини ҳавлӣ ва қисме киштзорҳои зиёди васеъ дар ихтиёр дорад. Агар ҳамаи мо заминҳои  соҳибикардаамонро оқилона истифода намоем, худро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намуда, ҳам барои даромади иқтисодӣ мефурӯшем. Дар ин ҳолат ҳадафи стратегии мамлакат - таъмини амнияти ғизоӣ дар сатҳи сифатан баланд иҷро хоҳад шуд. Натиҷаи истифодаи босамари заминҳои назди ҳавлӣ аст, ки ҳамаи он меваю сабзавот ва зироатҳои дар кишвар парваришёбанда имрӯзҳо дар бозорҳои ҷумҳурӣ фаровонанд. Ҳамчунин, солҳои охир дар канори шоҳроҳҳои мамлакат савдои меваю сабзавот аз ҷониби сокинон афзудааст. Ҳоло ба дилхоҳ минтақаи ҷумҳурӣ агар сафар намоем, мебинем, ки сокинон маҳсули дасти  худро дар шафати шоҳроҳҳо ба фурӯш гузоштаанд. Яъне, маълум мешавад, ки онҳо аз эҳтиёҷоти худ зиёдтар ҳосил ғундоштанд. Инро қариб ҳамаи мо карда метавонем. Сарфи назар аз самти кор, дуруст нест, ки мо дар назди хонаи худ замини ҳосилхезро бекор гузорему маҳсулоти кишоварзиро аз дигарон бихарем. Бахусус, дар даврае, ки буҳрони иқтисодии дар пайи пандемияи коронавирус бавуҷудомада ва шароити камзаминии кишвар ба кор бурдани ҳар ваҷаб замин вазифаи ҷонии шаҳрвандон маҳсуб меёбад.  
 
- Воқеан, дар давраи буҳрони ҷаҳонӣ ва босуръат афзояндаи талабот ба зироатҳои кишоварзӣ мо таҳти сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат дастаҷамъона барои истеҳсоли барзиёди маҳсулоти кишоварзӣ ҳамчун ашёи хоми асосии озуқаворӣ камари ҳиммат бастем, ин ибтикори Пешвои миллат ҳоло дар тамоми ҷаҳон авлавият менамояд. Дар радифи зироатҳои дигар, вусъат бахшидани кишти картошка низ зиёд таъкид мешавад. Доир ба рушди соҳаи картошкапарварӣ чӣ бояд кард?
- Картошка зироати аз ҳама серхарҷ ва заҳматталаб аст. Зироатест, ки дар парвариши он тухмии бисёр истифода мешавад. Барои як гектар 3 - 3,5 тонна. Дар парвариши картошка лозим аст, ки замин ҳадди ақал ду карат ҷуфт шуда, хеле нарму ҳамвор гардад. Кашидану пӯшондани ҷӯякҳо, каланд, култиватсия, хоккаш, тозасозии алафи бегона, пошидани доруи минералӣ дар вақти шинондан ва обмонӣ, мубориза бо гамбусак (жук) ва ғайра дар картошкапарварӣ ранҷу машаққати зиёд дар пай доранд. Ҳамчунин, картошка намидӯстдор буда, обёрии бештарро талаб менамояд. Аз ҷумла, хароҷоти тухмии босифат, истифодаи механизатор ва нуриҳои минералӣ арзиши аслии картошкаро, аллакай, ҳангоми ҳосилғундорӣ баланд мебардорад. Акнун, ки бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пардохти андози ягона аз дӯши кишоварзон гирифта шуд, ба арзонию фаровонии картошка ҳам мусоидат менамояд. 
Дар даврони шӯравӣ барои аҳолии кишвари мо, асосан, аз Федератсияи Россия картошка ворид мешуд, ки он ҳам барои мардум пурра намерасид. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат истеҳсоли он ба зиёда аз  1 миллион тонна расонда шуд. Вале баробари ин, бо зиёд шудани аҳолӣ  ҳаҷми талабот  ба картошка ҳам афзуд. Бинобар ин, моро зарур аст, ки бо роҳи истифодаи самараноки замин, беҳтар гардондани ҳолати мелиоративии он, офаридани тухмиҳои босифати маҳаллӣ, ташкили корхонаҳои истеҳсоли нуриҳои минералӣ, таъминоти беҳтари техникаҳои кишоварзӣ ва, ҳамзамон, тариқи усулҳои интенсивӣ  истеҳсолоти кишоварзиро афзун намоем. Дар шароити кишвари камзамини мо ягона роҳи баланд бардоштани ҳосилнокӣ таъминоти кишоварзон бо нуриҳои минералӣ мебошад. Дар ин маврид, Пешвои миллат ба вазорату идораҳои марбута, аз ҷумла Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ҷиҳати ба кор андохтани корхонаи «Нуриҳои Осиё» (Вахш) дастур додаанд, ки аз ғамхориҳои дигари Ҳукумат нисбат ба кишоварзон ба хотири фаровонию арзонии маводи ғизоӣ дар мамлакат мебошад. Агар бо нуриҳои азотии ин корхона 70 дарсади кишоварзон таъмин гарданд, дар ин ҳолат дараҷаи ҳосилнокии зироатҳо бамаротиб баланд ва арзиши аслии онҳо ҳам коҳиш меёбад.  

- Тавре гуфтед, баробари нуриҳои минералӣ таъминоти техникаю мошинолоти кишоварзон низ барои пешрафти картошкапарварӣ нақши муҳим мебозад. Аммо мо дар ноҳияи Лахш тирамоҳи гузашта мушоҳида намудем, ки ҳанӯз ҳам мушкилоти норасоии техникаи соҳа ва аз ин сабаб сол ба сол гаронтар шудани нархи хизматрасонии механизаторҳо  ба назар мерасад. Барои ворид намудани техникаи бештари замонавӣ ба шаҳру ноҳияҳои дурдаст чораи дигар аз ҷониби вазорат  андешида шудааст?
- Дуруст аст, ки масъалаи таъминоти техникаи кишоварзӣ бо вуҷуди  дастовардҳои зиёд дар ин самт, ҳанӯз ҳам дар баъзе минтақаҳо ҳалталаб боқӣ мондааст. Имрӯзҳо номгӯи техникаю мошинолоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ ба 27 ҳазору 376 адад расидааст. Аз ин, ба ВМКБ 284, вилоятҳои Суғд 7833, Хатлон беш аз 13 ҳазор ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 6214 адад рост меояд. Танҳо соли гузашта 1756 адад техникаи кишоварзӣ  ба ҷумҳурӣ ворид гардидааст. Ҳамчунин, дар доираи «Лоиҳаи рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо - 2» ва «Рушди кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ба ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод, Деваштичу Шаҳристон зиёда аз 500 адад техникаю мошинолоти кишоварзӣ, аз қабили трактор, тақдим гардид.  Ғайр аз ин, аз ҳисоби маблағгузории буҷети давлатӣ ҳамасола барои рушди кишоварзии мамлакат техникаю мошинолоти соҳа харида мешавад. Ҳамчунин, мувофиқи шартномаҳои дутарафа байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Беларус дар шаҳри Ҳисор корхонаи трактори «Агротехсервис» фаъолият намуда, ба кишоварзон техникаи пуриқтидори босифатро дастрас менамояд. Дар маҷмӯъ, вазъи пойгоҳҳои техникии шаҳру ноҳияҳо ва дастрасии кишоварзон ба техникаи кишоварзӣ дар мамлакат рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Ҳангоми таъминоти пурраи кишоварзон бо техника кишту парвариши зироатҳо сари вақт сурат мегирад, ки боиси беҳтар нумӯ ёфтани онҳо ва ҳосили баланд мегардад. Техника имрӯз дастёри асосии марди деҳқон аст ва барои истифодаи ҳар ваҷаб замин мусоидат менамояд. 
 
- Гирифтани се ҳосил аз як замин аз нуктаҳои муҳими Паёми навбатии  Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олист. Барои ин кор кадом имкониятҳоро бояд истифода намоем?  
- Дар Тоҷикистон 300 рӯзи сол офтобӣ муайян шудааст, ки барои гирифтани се ҳосил дар аксари минтақаҳо имконият вуҷуд дорад. Ба ҳамин хотир, Пешвои миллат ин масъаларо пайваста мавриди таваҷҷуҳ қарор медиҳанд. Аз ҷумла, соли гузашта барои 60 дарсад зиёд намудани кишти такрорӣ супориши қатъӣ дода буданд. Дар натиҷа, тақрибан дар 186 ҳазор гектар  кишти дуюм гузаронда шуд. Ғалладона дар 89 ҳазор  гектар (шолӣ зиёда аз 14,5 ҳазор, ҷуворимакка барои дон 48,1 ҳазор, лӯбиёиҳо наздики 27 ҳазор), картошка 5279, сабзавот зиёда аз 24 ҳазор, полизиҳо қариб 7 ҳазор, зироатҳои техникӣ 4373 ва зироатҳои хӯроки чорво 48244 гектар кишт гардида, дар маҷмӯъ, аз ҳисоби кишти такрорӣ зиёда аз 1,5 миллион тонна маҳсулот истеҳсол шуд. Ҳамзамон, дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ майдони кишти сабзавот, аз ҷумла помидору бодиринг, дар гармхонаҳо дар давраи тирамоҳу зимистони соли 2020  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37,2  гектар афзуд.  Аз ҳамин сабаб,  арзиши помидор нисбат ба соли гузашта 50 дарсад поён рафт. Ин ҳам самари гирифтани ду – се ҳосил аз замин мебошад. 
Имсолро, ки Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид давраи норасоии ғизо ва барои башарият вазнин гуфтааст, дар ин ҳолат дастури Президенти мамлакат ҷиҳати гирифтани се ҳосил тадбири саривақтӣ буда, аҳамияти зиёдтар касб менамояд. Ҳамон андозае, ки мо ин дастури Сарвари давлатро ба ҷо орем, ба ҳамон андоза вазъи таъминоти аҳолиро бо ғизо беҳбудӣ бахшида, бо роҳи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави кор давраи буҳрони ҷаҳониро бо осонӣ паси сар хоҳем намуд. Агар давоми як соли охир ба кишвар аз хориҷи ҷумҳурӣ тақрибан 400 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ баргашта бошад, аз ин шояд ҳамагӣ 120 ҳазор дигарбора ба хориҷи мамлакат ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд. Боқимонда шаҳрвандон бо истифода аз замину оби Ватан зиндагии худро пеш бурда истодаанд. Дар ҳолати боз ҳам ҷиддӣ муносибат намудан ба масъалаи истифодаи босамари имкониятҳои кишоварзии ҷумҳурӣ раванди таъмини шуғли аҳолӣ боз ҳам беҳтар гардида, сокинон тавассути содироти маҳсулоти баландсифати кишоварзӣ метавонанд даромади зиёд ба даст оваранду рӯзгорашонро  сарбаландона пеш баранд. Ҳоло тамоми масъулони Вазорати кишоварзӣ дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бобати истифодаи босамари замин ва усулҳои интенсивии парвариши зироатҳо сармашқи кор қарор дода, дар тарғибу ташвиқи ин иқдоми муҳим дар байни сокинон ҳамаҷониба талош менамоянд. Вобаста ба ин нақшаи чорабиниҳои махсус таҳия гардида, мавриди иҷро қарор дорад.
       
Мусоҳиб Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.02.2021    №: 37    Мутолиа карданд: 204
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед