Хабарҳо
АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ. 15 ҲАЗОРУ 542 ҶИНОЯТ ОШКОР ГАРДИД
Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 23 ҳазору 460 ҷиноят сабт шуда, 18 ҳазору 887 ҷиноят ошкор гардидааст. Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 15 ҳазору 542 ҷиноят ошкор гашта, шумораи ҷиноятҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 - ум 1464 ҳолат зиёд мебошад. Дар ин бора Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Дар нишасти матбуотӣ хабарнигори «Ҷумҳурият» доир ба содиршавии ҷиноят миёни ноболиғон бо истифода аз силоҳи сардро ба миён гузошт, ки вобаста ба ин, вазир чунин ҷавоб дод:
- Дар иртибот ба ин, мо дар пойтахт амалиёти махсусро таҳти унвони «Корд» гузарондем. Дар доираи он, чандин нафар дастгир шуда, волидонашон даъват гардиданд ва барои қонуншикании фарзандонашон дар назди қонун ҷавоб доданд. Инчунин, дар якчанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ камераҳои назоратӣ насб ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм корро дар ин самт ҷоннок намудем.
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»
КУМИТАИ АНДОЗ. ХУНУКНАЗАРОН МУҶОЗОТ ГИРИФТАНД
- Соли гузашта беш аз 140 ҳазор субъекти хоҷагидор эъломияҳои худро ба кумита ба таври электронӣ пешниҳод намуданд, ки назар ба соли 2019 - ум 13 ҳазор зиёд аст. Барои ба ин тартиб гузаштани андозсупорандаҳои боқимонда, чораҳои ҳавасмандкунанда роҳандозӣ гардидааст. Дар назар аст, ки соли ҷорӣ боз зиёда аз 10 намуди дигари хизматрасонию коргузориҳои соҳа ба шакли электронӣ гузаронда шавад. Ҳамзамон, барои тақвияти корҳои фаҳмондадиҳию машваратӣ 1170 чорабинӣ, аз ҷумла семинар – машварат, видеоконфронсҳо, вохӯриҳо ва намоишу мусоҳибаҳо гузаронда шуд, - иттилоъ дод Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз, дар нишасти матбуотӣ.
Ба иттилои ӯ, танҳо тариқи тамос ба воситаи телефон ба дастгоҳи марказии кумита зиёда аз 3020 муроҷиат ворид шудааст. Аз ин 154-торо шикоят аз хусуси фаъолияти баъзе кормандони ниҳоди мазкур ташкил медиҳад. Дар асоси баррасии як қисми онҳо кормандоне, ки нисбат ба шаҳрвандон хунукназарӣ намуданд, муҷозот гирифтанд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»
НАТИҶАИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ АЗ РӮИ 5 НИШОНДИҲАНДА ҶАМЪБАСТ МЕШАВАД
Мувофиқи нақша, натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли гузашта баргузор гардид, дар семоҳаи аввали соли 2021 аз рӯи панҷ нишондиҳанда – шумораи умумии аҳолӣ, ҷинсият, шумораи аҳолии маҳалҳои шаҳрӣ ва деҳот ва шумораи аҳолии муваққатан ғоиб ҷамъбаст карда мешавад.
Гулнора Ҳасанзода, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, изҳор дошт, ки натиҷаҳои асосии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил давра ба давра давоми солҳои 2021 – 2023 аз рӯи 124 нишондиҳанда ҷамъбаст ва дастраси аҳолӣ мегардад. Аз ин рӯ, Агентии омор тасмим гирифтааст, ки пас аз ҷамъбасти натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 бо намояндагони вазорату идораҳо ва воситаҳои ахбори омма мизи мудаввар барпо намояд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”
ШАҲРИНАВ. КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВУСЪАТ МЕЁБАНД
Дар ноҳияи Шаҳринав ба истиқболи арзандаи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёду ба истифода додани 442 иншоот ба нақша гирифта шуда, 305-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигар бомаром идома доранд.
Ин матлабро Ҷаббор Носирзода, раиси ноҳия, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки дар доираи нақшаи пешбинишуда фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, асосан, ба рушди маҳал, иҷтимоиёту иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум нигаронда шудааст. Дар ин замина, дар баробари сохтмони иншооти гуногун, ҳамзамон, бо ташаббуси ашхоси саховатманд ва сокинони маҳаллӣ 40 километр роҳи маҳаллӣ таъмири ҷорӣ, 20,4 километр мумфарш ва 33 километр сангфарш шуда, дар даромадгоҳи 27 деҳа дарвозаҳои замонавӣ бунёд гардиданд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
ДАСТРАСИИ КИШОВАРЗОН БА ИНФРАСОХТОРИ ЧАРОГОҲ ВА ТЕХНИКАИ КИШОВАРЗӢ
Абдулаҳад Хоҷазода, директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», дар нишасти хабарӣ иброз дошт, ки бо мақсади рушди соҳаи чорводорӣ, нигоҳ доштани маҳсулнокии чорво, пешгирӣ аз таназзули чарогоҳҳо ва беҳдошти муҳити зист дар доираи татбиқи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо II» 55 зерлоиҳаи инфрасохторӣ амалӣ гардид.
Ба гуфтаи Абдулаҳад Хоҷазода ҳадафи асосии лоиҳа баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор тавассути идоракунии самараноки чарогоҳ ва беҳтар намудани маҳсулнокии чорво мебошад.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Деваштич, Шаҳристон, Рашт ва Тоҷикобод лоиҳаи “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа” татбиқ мегардад. Ҳадафи он мусоидат ба рушди иқтисодӣ, беҳтар намудани дастрасии ҷомеа ба инфрасохтори истеҳсолии хизматрасонӣ барои истеҳсоли устувори маҳсулоти кишоварзӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии ниёзманди деҳот мебошад. Боиси зикр аст, ки татбиқи лоиҳа соли 2018 оғоз шуда, соли 2024 ба анҷом мерасад.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 174