logo

Хабарҳо

Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар пойтахти кишвар мулоқоти вазири фарҳанг Давлатзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мирвайс Ноб баргузор гардид.
Зулфия Давлатзода иброз намуд, ки сиёсати фарҳангии кишвари мо дар меҳвари сиёсати некбинонаи «дарҳои кушода»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, имрӯз ҳамкориҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ рушду таҳким меёбанд. Муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманд, махсусан равобити фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, дар асоси принсипҳои ҳамзистии осоишта пойдор гардида, ба манфиати мардуми ҳар ду кишвар батадриҷ идома доранд.
Муовини вазири корҳои хориҷии Афғонистон Мирвайс Ноб зикр намуд, ки ҳамкориҳои тоҷикону афғонҳо аз умқи таърих сарчашма гирифта, дорои муштаракоти ғании фарҳангӣ ва забонӣ мебошанд.
Мавсуф иброз дошт, ки Ҳукумати Афғонистон ва мардуми афғон хостори рушду тақвият ва таҳкими ҳамкории фарҳангӣ бо мардуми ҳамзабони худ – тоҷикон буда, омодагии ҷониби хешро барои ҳамкории фарҳангии муштарак баён намуд.
Таъкид шуд, ки ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Афғонистон бар пояи меъёрҳои байналмилалӣ бо назардошти манфиатҳои тарафайн асос ёфта, ҳамасола тақвият меёбад.
 
 
Рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ баррасӣ шуд
Дирӯз вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода муовини якуми Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Маҳмад Мирзо Маҳмадраҳимро ба ҳузур пазируфт. 
Завқӣ Завқизода изҳор намуд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ муносибатҳои ду кишвар дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла тиҷорат, энергетика, нақлиёт, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг, ривоҷу равнақ меёбанд.
Мусоҳибон дар робита ба тақвияти муносибатҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистону Афғонистон иброз доштанд, ки ҳоло ҳам иқтидори мавҷуда дар самти тиҷорату иқтисод ба таври зарурӣ истифода нашуда, имконияти  бамаротиб афзоиш додани гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар мавҷуд мебошад.
Дар робита ба ин, ҷиҳати вусъати ҳамкорӣ якчанд пешниҳодҳо, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои дорусозӣ, маҳсулоти нассоҷӣ,  хӯрокворӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва терминали логис-тикии байналмилалӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ», бо ҷалби сармоягузорони афғонистонӣ аз ҷониби Тоҷикистон манзур гардиданд.
Ҷониби Афғонистон омодагии хешро ҷиҳати тавсеаи муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Тоҷикистон иброз намуд.
 
Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Модар 
Бахшида ба Рӯзи Модар бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таҳти унвони «Ҷамолу зинати дунёӣ, эй зан» ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд. Дар ҳамоиши мазкур намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, занони роҳбари вазорату идораҳо, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо ва донишҷӯдухтарони фаъол иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода занону духтаронро бо фарорасии Рӯзи Модар табрик намуда, зикр  кард, ки Зан-Модар тарбиятгари насли дирӯзу имрӯз ва фардои мамлакат мебошад. Маҳз бо ҷасорат, шуҷоату шафқати модарони тоҷик фарзандони бонангу ори миллат дар рӯҳияи ватанпарастӣ тарбия ёфта, баҳри ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ талош менамоянд.
Сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, иброз дошт, ки  Зан-Модар қиматтарин ва азизтарин шахс дар зиндагӣ буда, оинаи беғубор ва сарчашмаи ҳаёти инсон ба ҳисоб меравад.
Зикр шуд, ки  барои ба ҳаёти мустақилона омода намудану дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, дар шуури онҳо бедор кардани фарҳанги оиладорӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва сабру таҳаммул саҳми модарону бонувони тоҷик бармало эҳсос мегардад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 218
14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед