logo

мулоқотҳо

Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Аксел Шиммелпфенниг

12 апрели соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфеннигро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо ин муассисаи ҷаҳонии молиявӣ баррасӣ шуданд.
Таваҷҷӯҳи асосӣ ба масоили татбиқи барномаи ҳамкорӣ барои соли 2010 ва барномаи дарозмуддат, нишондодҳои рушди макроиқтисодии Тоҷикистон, механизми маблағгузории сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва бартарафсозии монеаҳо дар роҳи рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ зоҳир гардид.
Ба гуфти Аксел Шиммелпфенниг Тоҷикистон дар соли 2009 барои коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба натиҷаҳои хуб расид ва дар соли 2010 низ нишондодҳо умедворкунандаанд. «Афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли равон бояд ба 4% расад», таъкид дошт роҳбари ҳайати  Хазинаи байналмилалии асъор.
Гуфтугӯйи судманд оид ба механизми маблағгузории сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва таъсири он ба нишондодҳои рушди макроиқтисодии кишвар сурат гирифт.  Аксел Шиммелпфенниг аз он ки миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба асосноксозии техникию иқтисодӣ ва омӯзиши таъсири экологии нерӯгоҳи Роғун санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст, изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки зери назари Бонки ҷаҳонӣ гузаштани  лоиҳакашӣ ва бунёди ин иншооти бузург эътимоднокии онро афзун  менамояд. «Баъди омода гаштани ташхиси лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун  Бонки ҷаҳонӣ метавонад ба Тоҷикистон ҳамчунин дар ташкил додани консорсиуми байналмилалӣ баҳри маблағгузории сохтмони он кӯмак расонад».
Дар робита ба монеъ шудани Ӯзбекистон ба рафтуомади озоди қатораҳои Тоҷикистон Аксел Шиммелпфенниг аз ҷумла изҳор дошт: «ҳам Тоҷикистон ва ҳам Ӯзбекистон аъзои Хазинаи байналмилалии асъор мебошанд ва яке аз шартҳои асосии узвият ба ин хазина дастгирии тиҷорати озод аст. Аз ин хотир ин масъаларо мо бо Ӯзбекистон низ баррасӣ карда,  ба ҳалли мушкилот мусоидат  мекунем».
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

* * *
Аксел Шиммелпфенниг, роҳбари ҳайати Хазинаи байнлмилалии асъор оид ба Тоҷикистон, баъд аз мулоқот бо       Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба намояндагони воситаҳои ахбори омма гуфт, ки дар сӯҳбат бо Ҷаноби Президент масоили дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва мутақобилан судманди Ҳукумати Тоҷикистон ва   Хазинаи байналмилалии      асъор мавриди таваҷҷӯҳ қарор   гирифт.
-Дар зарфи се моҳи соли равон ҳаҷми содироти молу маҳсулот дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 45 дар сад афзуда, маблағҳои воридотӣ аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ 14 фоиз зиёд шуд, ки дар рушди иқтисоди мамлакат таъсрири мусбат дорад, - изҳор дошт Аксел Шиммелпфенниг. ӯ ҳамчунин гуфт, ки дар ҷараёни сӯҳбат бо Президент мо масъалаи истифодаи самараноки захираҳои энергетикии кишварро баррасӣ намуда, дар иртибот ба татбиқи барномаҳои энергетикӣ ва афзоиши маҳсулоти саноатӣ ба муваффақиятҳои аз ин ҳам бештар ишора кардем.
Яке аз вазифаҳои асосии Хазинаи байналмилалии асъор ҳифз ва мусоидат дар рушди тиҷорати озод аст. Аз ин рӯ, мо талош хоҳем кард, ки дар самти рушди иқтисодӣ ва тиҷорати байналмилалии кишварҳо монеа вуҷуд надошта бошад. Мавсуф таъкид кард, ки ХБА мушкили таҳвили молу колои Тоҷикистон аз тариқи роҳи оҳани Ӯзбекистонро ба миён гузошта, дар бартарафсозии маҳдудиятҳо мусоидат хоҳад кард.

Додоҷон Рӯзиев, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 991
24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКОБОД ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

ХАТЛОН. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД

12.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МУВАФФАҚИЯТҲОИ РОССИЯ АЗ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ «СПУТНИК – V»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед