Хабарҳо
НИГИНЕ ДАР ДОМАНИ КӮҲСОР. БАРДОШТ АЗ ТАМОШОИ РАШТ
Ҳафтаи сипаришуда беш аз ҳазор корманди ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Рашт барои дар шафати шоҳроҳ шинондани ниҳолҳои ороишӣ ба мавзеи Бодраваки деҳоти Қалъаи Сурх ба ҳашар баромаданд.
Ба гуфтаи Абдулазиз Қаландаров, директори Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали ноҳияи Рашт”, имсол нахуст шуда фаъолони ноҳия ба ҳашари ниҳолшинонӣ баромада, 3000 ниҳоли арча ва зардолую олуча шинонанд.
Ба гуфтаи ӯ, соли ҷорӣ дар шаҳраку деҳоти ноҳия дар доираи барномаи бунёди боғҳои нав шинондани 11 775 ниҳоли мевадиҳанда ва ороишиву сояафкан пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон, то имрӯз дар талу теппа ва заминҳои бекорхобидаи деҳоти Ҷафру Ҳоит дар майдони 2 гектар боғҳои нав бунёд гардиданд.
- Аз дарвозаи ноҳияи Рашт то деҳаи Нимич, қад-қади шоҳроҳи автомобилгарди байналмилалӣ, шинондани ниҳолҳои ороишиву сояафкан пешбинӣ шудааст, то ки шафати роҳҳои мошингарди ноҳия ва муҳити зист боз ҳам сабзу хуррам гардонда шавад. Ин амал ҳар ҳафта тариқи ҳашари коргарони ташкилоту идораҳо ба анҷом мерасад, - афзуд Абдулазиз Қаландаров.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 163