Хабарҳо
РАШТ. АВЛАВИЯТ БА ҲИФЗИ СИҲАТӢ
Шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳияи Рашт баъди таъмири асосӣ ба истифода дода шуд. Бо анҷоми корҳои сохтмонӣ, он бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гашт.
Тавре Хайрулло Ғиёсов, мудири шуъбаи мазкур, зимни суҳбат ба хабарнигори рӯзнома иттилоъ дод, ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қатори даҳҳо иншооти таъйиноти гуногуни ноҳияи Рашт, таъмиру барқарорсозии шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии шаҳраки Ғарм пешбинӣ шуда буд, зеро аз бунёди он зиёда аз 25 сол сипарӣ шуд.
Ташкилоти паймонкор аз ҳисоби буҷети ноҳия ҳуҷраҳои табибон, ҷарроҳию табобатӣ ва озмоиширо таъмир намуд. Дар баробари ин, ҷиҳати фаъолияти муътадили шуъба дар фасли зимистон шабакаи мустақили гармидиҳанда бунёд ёфт.
Ҳамчунин, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мизу курсӣ, рахти хоб барои беморон ва дигар таҷҳизоти зарурии тиббӣ дастрас гардид.
Гуфта мешавад, ки таъмиру барқарорсозӣ дар шуъбаи урологияи беморхонаи марказии ноҳия низ аз рӯи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба пешвози сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дошта, коргарон ҷидду чаҳд доранд, ки онро дар муҳлати муайяншуда анҷом диҳанд.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 164