Хабарҳо
МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПАК БЁН СОК
Дирӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сок мулоқот намуд.
Дар оғоз ҷонибҳо аз раванди мусбати рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Корея, инчунин, сатҳи нави робитаҳои байнипарламентӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Таъкид гардид, ки тақвияти робитаҳои байнипарламентӣ василаи самараноки рушди муносибатҳои ҷавобгӯ ба манфиатҳои миллии ҷонибҳо буда, феълан, фаъолгардонии гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея ба мақсад мувофиқ аст.
Рушди ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Корея ҳамчун самти афзалиятнок арзёбӣ гардид. Дар робита ба ин, тақвияти фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва баргузории ҷаласаи навбатии он дар шаҳри Душанбе зарур шумурда шуд.
Ҳамчунин, зимни вохӯрӣ робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои фарҳангиву башардӯстӣ ва илмиву техникӣ, аз ҷумла масъалаи зиёд кардани бурсияҳо барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои олии таълимии Корея, ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ, таъсиси Дафтари Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (KOЙКA) дар шаҳри Душанбе ва дигар масоили муҳими рушди муносибатҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар баробари ин, ҷонибҳо масъалаҳои таъмини амният ва таҳкими вазъи устувори минтақа, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи Афғонистон, ҳамоҳангсозии амалҳои муштарак дар мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатару таҳдидҳои фаромиллиро матраҳ карданд.
ШИРКАТИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАШВАРАТҲОИ СААД
Дар шаҳри Москва ройзаниҳои муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода ширкат намуд.
Намояндагони кишварҳои узв масъалаҳои рӯзмарраи рӯзномаи ҷории созмонро баррасӣ карда, таваҷҷуҳро ба ҳамкории ҷонибҳо баҳри татбиқи қарорҳои аз ҷониби ниҳодҳои СААД қабулшуда ҷалб сохтанд.
Бо назардошти таҳдидҳои муосири амниятӣ, табодули афкор атрофи чораҳои муштараки кишварҳои узв дар муқовимат ба онҳо сурат гирифт.
Дар суханронии Музаффар Ҳусейнзода ба рафти татбиқи пайгиронаи авлавиятҳои раёсати кунунии Тоҷикистон дар СААД ишора шуда, унсурҳои асосии он эълом гардиданд ва масъалаҳои алоҳида, бавижа таҳкими мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар таҳдидҳои амниятӣ зикр гардиданд.
БӮСТОН. БИНОИ МАЪМУРИИ БАХШИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ БУНЁД МЕШАВАД
Дар доираи корҳои созандагӣ ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Он аз се ошёна, ҳуҷраҳои корӣ, китобхона, маҷлисгоҳ ва меҳмонхона иборат аст.
Айни ҳол дар атрофи бино корҳои ободонӣ ва васлу насби таҷҳизот идома доранд.
Дар ҷараёни сафари корӣ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода аз ҷараёни бунёди иншооти мазкур боздид намуда, ба масъулон барои сари вақт ва босифат ба истифода додани он супоришҳо дод.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 172