logo

иқтисод

ХОВАЛИНГ. АЗ ҲИММАТИ БАЛАНДИ СОКИНОН ДЕҲАИ ДОРОБӢ ГУЛРЕЗ АСТ

Солҳои охир маркази ноҳияи Ховалинг ва деҳоти дурдасти он бо дастгириву таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, саҳми соҳибкорони маҳаллию шахсони ватандӯст ободу зебо гаштааст ва ин иқдом идома дорад. Дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати омодагӣ ба пешвози арзандаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия бунёди 330 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз, аллакай, 230 иншоот мавриди истифода қарор дорад.
 
ҲИММАТИ СОКИНОНИ ЯК ДЕҲА
Саҳми соҳибкорони бонангу номуси ноҳияи Ховалинг дар бунёду навсозӣ ва сохтмони иншооти зарурӣ дар ҷамоату деҳоти дурдасти ноҳия зиёд ба назар мерасад. Соҳибкорону сокинони деҳаи Доробии Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт дастаҷамъона бо роҳи ҳашар ва ҷалби маблағҳои худӣ корҳои назаррасеро анҷом дода истодаанд, ки барои рушди минбаъдаи диёр арзишманд буда, ба бунёд ва истифодаи иншооти ҳаётан муҳим сатҳи некуаҳволӣ беҳтар мегардад. Дар деҳа таҷдиду бунёди пули бистметра дар болои дарёчаи Сангоб, таъмири 1,5 киломтер роҳҳои байни деҳа, дар нуқтаҳои муайян ба сокинон дастрас намудани оби ошомиданӣ, поккории чоҳҳои амудии аз аҳди шӯравӣ боқимонда дар чуқурии 230 метр, сохтмони майдончаи варзиш ва чандин иншооти зарурӣ амалӣ гардидаву қисме дар арафаи анҷомёбист. 
Хайём Саидов, соҳибкор, сокини саховатпешаи деҳа, ки дар қисмати зиёди бунёдкориҳо саҳми назаррас дорад, оид ба дастоварду ободкориҳо чунин иброз дошт: «Воқеан ҳам, вазифаи ҳар яки мост, ки ба хотири пешрафти Ватани азизамон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзандаи ҳар сокини кишвар талош варзем. Яке аз дастовардҳои муҳими мо дар соли ҷорӣ ин бунёди пули мошингузар аст, ки чанд соли охир сокинони ду деҳа аз набудани он танқисӣ доштанд. Хушбахтона, бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони фаъоли деҳа пули болои дарёчаи Сангоб бо дарозии 20 ва паҳноии 6 метр сохта шуд, ки харҷи он беш аз 200 ҳазор сомониро дар бар мегирад». 
Салимбой Салимов, сокини саховатманди деҳаи Доробӣ, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати раҳнамунсозу маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ба раванди таълиму тарбияи хонандагон аз ҳисоби худ бо харҷи 14 000 сомонӣ 50  адад миз ва 100 курсӣ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 - и  деҳа таъмин намуд. Дар ин баробар, Амиршо Саидов, соҳибкори маҳаллӣ, дар пайравӣ аз иқдому амалҳои хайрхоҳона дар 3 нуқта аз ҷуқурии 105 метр бо харҷи 120 000 сомонӣ оби ошомиданӣ бароварда, ҳамчунин, дар наздикии чашмаҳо 5 нуқтаи қолиншӯӣ барои сокинон муҳайё намуд.
 
ТАШАББУСИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ 
- Сокинони  меҳнатдӯсти  деҳаи  Доробӣ  дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии кишварро ҷиҳати вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ сармашқи кор қарор дода, бо рӯҳияи баланди идона барои саҳм гузоштан дар ободонию созандагӣ барои ояндаи дурахшони Меҳан талош доранд, - зикр намуд Саймумин Рауфзода, муовини раиси ноҳия. 
Ба иттилои ӯ, дар идомаи корҳои бунёдкорӣ дар деҳаи Доробӣ бо ташаббуси вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рӯ овардани ҷавонон ба варзиш бо харҷи беш аз 250 ҳазор сомонӣ майдончаи футбол бо тарҳи замонавӣ  бунёд гардида, дар арафаи Ҷашни Наврӯз ба истифода супурда шуд. 
 
«САХО» – ҶАМЪИЯТИ ОБОДГАРО 
Соҳибкорону сокинони саховатпешаи деҳаи Доробӣ дар пайравӣ аз амалҳои хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъиятеро бо номи «Сахо» ташкил намуданд. Дар ин ҷамъият сокинон ва соҳибкорони деҳа бо саҳми андак, ки он ҳам ихтиёрист дар ободониву шукуфоии як гӯшаи Ватан ҳисса мегузоранд. Сокинон барои беҳтар намудани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини шароиту имконоти васеъ ба хотири зиндагии шоиста ба таври ихтиёрӣ аз 50  то 100 сомонӣ ё аз ин беш вобаста ба имконият дар ин ҷамъият, ки ҳадафаш созандагиву бунёдкорист, ҳиссагузорӣ мекунанд. 
Ба гуфтаи Салимбой Салимов, аъзои ҷамъияти мазкур, соли ҷорӣ ба 10 оилаи ниёзманд ва маъюбони барҷомонда ба маблағи 20 000 сомонӣ, ҳамчунин, ба як ҳамсоядеҳа барои таъмини барқу оби ошомиданӣ 13 000 сомонӣ аз ҳисоби ҷамъият кумак расонда шуд.
Соҳибкорони маҳаллӣ Х. Саидов ва А. Саидов якҷо бо сокинони ободгар азм доранд, ки давоми соли ҷорӣ бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва маблағҳои худӣ заминҳои кишти деҳаро пурра обёрӣ намуда, 100 симчӯби фарсудашударо низ нав ва деҳаро пурра чароғон созанд. Эҳсонкорон, ҳамчунин, ният доранд, ки то охири соли ҷорӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 толори варзиш ва 4 синфхонаи иловагӣ  барои 100 хонанда  бунёд намоянд. 
 
Муҳаммад САИДВАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2021    №: 74    Мутолиа карданд: 191
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед