logo

фарҳанг

МЕНИГАРЕМУ МЕРАВЕМ? Ё СУХАНЕ ЧАНД АЗ ЖАНРИ ФАРОМӮШШУДАИ ҲУНАРИ ОРОИШИВУ АМАЛӢ

Рӯзе сайри кӯчаҳои шаҳр баромадам ва он дар назар аз гузашта дида, дилработар менамуду тамошояш боз ҳам гуворотар. Симои зебову диданиаш бароям саҳифаи наверо боз намуд. Аз хиёбони Рӯдакӣ мегузаштаму назарам ба саҳнаи аҷибе афтод. Гурӯҳи сайёҳоне назди бинои телевизиони «Сафина» ҷамъ омада, нақши дар девор таҷассумёфтаеро бо завқ тамошо мекарданду чизе бо ҳам мегуфтанд. Бо ҳисси кунҷкобӣ бо тамошогарон ҳамроҳ гардида, дар девор мусаввараи «Шашмақом»- и  рассоми барҷастаи тоҷик Асрор Аминҷоновро, ки дар шакли маъмули санъати ороишиву амалӣ - мозаика офарида шуда буд, назар афкандам.  Аз таваҷҷуҳи зиёд ва суҳбати батафсилу баҳси атрофиёнам пай бурдам, ки мафтуни ин навъи ҳунари миллии мо гаштаанд. Азбаски забони онҳоро намедонистам, хомӯшона ин шоҳасарро  тамошо кардаму  ба худ гуфтам: «Аҷаб ҳунаре, вале чаро  мардуми маҳаллӣ ба он аҳамият намедиҳанд?!». Ана ҳамин таваҷҷуҳи хориҷиён  таконам доду хостам аз таърихи ин навъи санъат бештар воқиф шавам. Ба ҳамин хотир, мавзӯъро  пайгирӣ намудам. 
 
МОЗАИКА  Ё ҲАМОН КОШИКОРӢ
Ин суоли яке аз ҳамкоронам маро ба дуриҳои дур бурд. Дарёфтам, ки аксари мо аз навъу жанрҳои мухталифи ҳунари наққошиву рассоми ҳоло ҳам, бехабарем. Бинобар ин, хостам онро таҳқиқ бикунаму тавзеҳ бидиҳам.
Мозаика як шакли қадимии ҳунари ороишиву амалӣ буда, тоҷикон онро кошинкорӣ низ, номаш мебаранд. Он аз ҳазораи  сеюми пеш аз милод то ба имрӯз дар шаклҳои гуногун то ин замон омада расидааст. Дар аввал ин навъи ҳунар дар қасрҳои мардуми форсу миллатҳои эллинӣ, махсусан империяи Рум ва иморатҳои тоҷирони суғдӣ ба назар мерасид. Ҳамин тавр, дар Осиёи Миёна доман паҳн кард ва бо гузашти айём такмилу рушд, инчунин, ҳаводорони зиёде пайдо намуд. Акнун онро на танҳо дар шаклҳои хурд, балки калонтару ҷозибтар истифода мебурдагӣ шуданд. Шурӯъ аз солҳои 60 – уми асри гузашта, ин навъи санъат барои ороиши биноҳои ҷамъиятӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар шаҳри Душанбе биноҳои истиқоматӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна, касбӣ ва олӣ, кӯдакистонҳо, ҳавзҳои шиноварӣ, марказҳои фарҳангӣ ва дигар иморатҳоро, ки ба ороиш мувофиқ буданд, бо манзараҳои гуногуни муносиб ба бино зеб  медоданд. Ин буд, ки дар як муддати кӯтоҳ  кӯчаву паскӯчаҳои шаҳр тамошобоб гардиданд. Бахусус, дидани мозаикаҳои «Мӯсо», «Театри лӯхтак», «Коргарони Тоҷикистон», «Ваҳдат», «Шашмақом», «Гимнастика», «Машғулиятҳо» ва «Устод Рӯдакӣ» ба кас ҳаловат мебахшанд. Дилбастагиву шавқи тамошогарон ба ин намуди санъат устоҳои замонро водор мекард, ки барои боз ҳам диданӣ шудани паноҳҳои монументалӣ тарҳҳои ҷолибтар эҷод намоянд ва барои насли имрӯзу фардо аз гузаштаи миллати хеш  ёдгоре гузоранд. Доир ба он, ки санъати мозаика то кадом андоза муҳим аст, суҳбате оростем бо мутахассиси варзидаи соҳа Манзура Ӯлҷабоева. Мавсуф яке аз рассомони чирадасти кишвар буда, ҳоло дар Донишкадаи давлатии дизайн ва санъати тасвирии Тоҷикистон ба тадрис машғул аст.
 
ҚАДРИ ЗАР - ЗАРГАР БИДОНАД, ҚАДРИ ҶАВҲАР – ҶАВҲАРӢ
- Мозаика як навъи санъати ҷолиб аст. Аслан, он аз санг омода шуда, ҳар бинандаро мафтун мегардонад, - бо шавқ ва ҳиссиёти болида ба суҳбат шурӯъ мекунад М. Ӯлҷабоева. Он таърихи қадима дошта, дар саросари олам ба тарзи хос ва мутобиқ ба фарҳанги маҳал наққошӣ мешавад. Масалан, ҳар миллат барои муаррифии фарҳангу таърихи гузаштаи хеш аз мозаика ба таври хос истифода намуда, ба ин васила, насли наврасро ба таърихи гузаштагонаш ошно намуда, инчунин, сайёҳони бештареро ба кишварашон ҷалб менамоянд. Дар баробари дигар ёдгориҳои таърихӣ шоҳкориҳои  мозаика низ, таҷассумгари фарҳанги миллат мебошанд. 
Агарчи аз нигоҳи аввал кошинкорӣ  як кори осон ба назар расад ҳам, вале дар асл хеле нозуку душвор аст. Дар мадди аввал он аз муаллиф дарки баланди наққошиву тарроҳиро тақозо мекунад. Маълум аст, ки санг ҳеҷ гоҳ ба таври дилхоҳ намешиканад ва на ҳама сангҳо барои ороиш истифода мешаванд. Бинобар ин, санъати мозаика заҳмати зиёдро талаб менамояд. 
 
БИНОҲОИ ОБОД ГАРДАД ХАРОБ Мутаассифона, имрӯзҳо бархе аз онҳо бар асари боду борон хароб гашта бошанд, қисми дигарашон бо сабаби бунёди биноҳои нав дар шафаташон ва тармиму таҷдиди биноҳои куҳна аз байн рафта истодаанд. Чунин муносибат ба ин навъи нодири ҳунари қадима, тамоми мутахассисони соҳаро ба ташвиш овардааст. 
- Чуноне ки болотар зикр намудем барои эҷоди як асари калонҳаҷм мушкилиҳои зиёде пеш меояд. Агарчи аз сангҳои маҳаллӣ истифода намоянд ҳам, вале барои ҷавобгӯ будани ашёҳои хом маҷбур буданд ба давлатҳои хориҷа муроҷиат намоянд. Аз сабабе, ки дар дохили ҷумҳурӣ озмоишгоҳ фаъолият намекард ва рангҳо дастрас набуданд, мутахассисон барои дастрасии маҳсулот ба Маскав мерафтанду рангҳои мувофиқу босифатро бо нархи гарон мехариданд. Фурсати муайяне лозим буд, ки рангҳои зарурӣ дастрас шаванд ва моҳҳо мегузашт то як асар офарида шавад. Вале, имрӯз вақте мебинем, ки ба ин осонӣ намунаҳои мозаикаро аз биноҳои замони шӯравӣ аз байн бурда истодаанд, бароямон хеле аламовар аст ва ин кор то куҷо идома меёбад, намедонем, - бо ҳасрат меафзояд Манзура Ӯлҷабоева.
Бале, ба ин масъала бетараф будан нашояд. Охир ин ҳунари қадимаест, ки гузаштагонамон барои побарҷо будани он талошҳову заҳматҳо кашидаанд, то ки рушд бикунаду такмил гардад. Вақте сухан аз ҳунарҳои мардумӣ меравад пас ба ин навъи санъат беэътиборию назарнобинӣ қобили қабул нест!   
 
МУТАХАССИСОН МЕРАСАНД, ВАЛЕ…
- Мутахассисон мерасанд, вале ҳамкорӣ қариб, ки нест, - мегӯяд Ӯлҷабоева. – Аз ин рӯ, ширкатҳое, ки ба бунёди биноҳои нав  масъуланд, дар эҳё ва рушду минбаъдаи ин навъи ҳунар набояд бетараф бошанд. Дар баробари ин, ки айни ҳол шаҳри Душанбе ба як шаҳри зебову замонавӣ табдил меёбаду биноҳои сарбафалакаш ба ҳусни шаҳр ҳусни дигар зам мекунанд, нагузорем, то мозаикаҳо фаромӯш шаванд. Боварӣ дорам, бо эҳёи ин навъи санъат симои шаҳри азизу кишварамон зебо гардида, тамошобоб мешавад.  Мо барои ҳамкорӣ омодаем, танҳо  меъморон бояд дар эҳёи он бетараф набошанд ва дар ин ҷода бо мо ҳамкорӣ намоянд. 
Дар интиҳо мехоҳам роҷеъ ба рушду такмили ин санъати зебоӣ пешниҳодҳои худро иброз намоям. 
Аввал ин, ки мо бояд маҳалӣ истифода бурдани мозаикаҳоро дуруст интихоб намоем. Хуб мешуд, ки онҳоро дар маҳалҳои ҳавзҳои шиновариву истироҳатӣ, осоишгоҳҳои фароғатию табобатӣ истифода барем. Гузашта аз ин бисёр ба маврид мебуд, ки дар мозаикаҳо аз тасвиру расмҳои ба тарзи миниётурӣ эҷоднамудаи рассомони классики хеш истифода барем. Зеро сайёҳҳон аз тамаддуни қадимаи санъати тасвирии мо бохабар хоҳанд шуд, ки ин аз аҳамият холӣ нест. Мутахассисон бар онанд, ки ҷиҳати ҳифзи мозаикаҳо, ки бо заҳмати зиёд бунёд мешаванд эҳтиёткор бошем. Нагузорем, ки пас аз гузашти соле онҳо хароб гарданд. Дар ин роҳ аз ҳамаи мову шумо фарҳанги волои ватандорӣ хоста мешавад.  
 
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.04.2021    №: 84    Мутолиа карданд: 563
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед