logo

Хабарҳо

Боздошти 407 террорист дар Афғонистон

Анадолу. Дар натиҷаи амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон 407 ҷангии «Давлати исломӣ» дастгир шуд. Дар ин хусус сардори хадамоти амнияти миллии Афғонистон Аҳмад Зиё Сироҷ  зимни конфронси матбуотӣ, ки дар шаҳри Кобул доир гардид, иттилоъ дод. 
Тибқи гуфтаи ӯ, амалиёт тамоми кишварро фаро гирифта, ҳамаи дастгиршудагон шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ мебошанд. 
Ҳукумати Афғонистон бо 14 кишваре, ки шаҳрвандонашон аъзои «Давлати исломӣ» мебошанд, тамос гирифт.
Аҳмад Зиё Сироҷ иброз намуд, ки ҷанги кунунии Афғонистон на танҳо минтақавӣ, балки умумӣ мебошад. Ба ин хотир, тамоми масъулиятро ба дӯши қувваҳои амнияти Афғонистон вогузоштан нодуруст аст.
 
 
Чин Ҳиндустонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд
Синхуа. Ҳукумат ва халқи Чин Ҳукумат ва мардуми Ҳиндустонро дар мубориза бо пандемияи коронавирус ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Мо ширкатҳои худро, ки барои дастрас намудани миқдори зарурии маводи тиббӣ ба Ҳиндустон ёриашонро дареғ намедоранд, қадр хоҳем кард, - гуфт намояндаи расмии сафорати Чин дар Ҳиндустон Ван Сяосизян дар ҷавоб ба суоли намояндагони ВАО оид ба вазъи эпидемиявии  ин кишвар. 
Ёдовар мешавем, ки айни ҳол Ҳиндустон дар пасманзари мавҷи нави коронавирус аз нарасидани маводҳои тиббӣ танқисӣ мекашад.
 
 
Арабистони Саудӣ. Пешгирӣ аз кӯшиши ҳамла ба бандар
«Российская газета». Бино ба хабари ҳукуматдорони Арабистони Саудӣ,  субҳи 27 апрел кӯшиши ҳамла ба бандари баҳрии Янбу дар баҳри Сурх пешгирӣ шуд. 
Ашхоси номаълуми ҷиноятпеша мехостанд киштиеро, ки фосилавӣ идора мешуду дар он  маводи таркандаи худсохт гузошта буданд, тарконанд.
Тибқи иттилои генерали бригада Туркӣ ал-Маликӣ, ҳодиса соати 6:40 бо вақти маҳаллӣ ба амал омад. Ӯ тавзеҳ дод, ки қувваҳои пиёдагарди баҳрӣ ҳаракати ин киштиро таҳти назорат доштанд ва, баъдан, онро маҳв сохтанд.  
 
 
Террористон хориҷ шуданро рад карданд
Анадолу. Бо вуҷуди бо миёнҷигарии Россия ба даст омадани созиш, ҷангиёни гурӯҳи худмудофиавии халқӣ (қаноти суриявии Ҳизби коргарии Курдистон) намехоҳанд маҳаллаи Тайи шаҳри Камишлиро дар шимолу шарқи Сурия тарк намоянд. 
Бояд гуфт, ки рӯзҳои 20 – 25 апрел дар Камишли миёни ҷангиёни гурӯҳи худмудофиавии халқӣ ва аъзои дастаи мусаллаҳи «Дифоъ ал - Ватанӣ» (ҷонибдорони режими Сурия) задухӯрдҳои шадид ба амал омаданд. Дар натиҷа, аз ҳар ду ҷониб даҳҳо нафар кушта ва захмӣ гардиданд. 
Мувофиқи иттилои манбаъҳои маҳаллӣ, мансабдорони воломақоми рус, ки  масъули қисми шарқии рӯдхонаи Фурот мебошанд, 25 апрел бо намояндагони ҷонибҳои даргир дидор анҷом доданд. Дар вохӯрӣ созишнома оид ба хориҷ шудани ҷангиёни гурӯҳи мазкур аз маҳалла ба мувофиқа расида буд. Россия ва режими суриягӣ барои  хориҷ шудани онҳо як шабонарӯз муҳлат доданд. Аммо, сарфи назар аз гузаштани муҳлат, аъзои созмони террористӣ дар маҳалла боқӣ мондаанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 282
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед