logo

номаҳо

АЗ ПЕШВОИ ХИРАДМАНД ВА ВАТАНИ АЗИЗАМОН ИФТИХОР ДОРЕМ!

Рӯзи 9 майи соли 2021 бо тамошои Паради Ғалаба дар Майдони Сурхи Москва аз Ватанамон - Тоҷикистони азиз ва Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дил саршори ифтихор гардид. Ҳангоме ки дар паҳлуи Президенти Россия Владимир Путин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Майдони Сурх қадамҳои устувор мегузошт, ашки чашмонро намешуд пинҳон дошт. 
Ин бор гулчанбари бар пояи мақбараи Аскари гумном  гузошта якто набуд, ду адад буд. Яке бо намунаи Парчами Россия ва дигаре бо намунаи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон оро ёфта буданд. Дар баробари пахши Суруди миллии Россия Суруди миллии Тоҷикистон дар фазои Майдони Сурх ва мақбараи Аскари гумном танинандоз гашт. Дар тамоми замони давлатдории тоҷикон  шарафи дар маросими ҷашнгирии Иди Ғалаба дар пойтахти кишваре, ки марзҳояш фарогири шашяки рӯи Замин мебошад, нахустин бор чунин воқеа рух дод. Ва, умуман, аз миёни кишварҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон нахустин кишварест, ки Сарвараш дар паҳлуи Сарвари Россия ҳампаҳлу аз Майдони Сурх ботантана гузар кард. Инро содаву осон набояд дид. Россия на ба сарвари ҳар як кишвар чунин арҷу эҳтиром мегузорад, бигзор бо он давлат муносибатҳои ҳамкорӣ дошта бошад ҳам. Равшан аст, ки Владимир Путин дар симои Эмомалӣ Раҳмон марди кору сухан, шахсияти дорои ҷавонмардиву иродатмандӣ, паймоншиносиву хирадмандӣ, ҷасорату қадршиносӣ ва дигар арзишҳои як давлатмарди ҳозиразамонро ба хубӣ дарёфтааст. 
Мо бо русҳо аз як хонадони забонҳои ҳиндуориёӣ мебошем ва ин кишвари некхоҳон равзанае барои бозбинии Аврупо мебошад. Русҳо барои тоҷикон устодони омӯзиши васоити техникӣ ва кашфиёти пешрафтаи ҷаҳонӣ мебошанд. Забони русӣ забони муоширати тоҷикон бо дигар халқҳои Иттиҳоди Шӯравии  собиқ ва як идда кишварҳои аврупоӣ мебошад.   
Чунин ба назар мерасид, ки бадбинони давлати мо ин манзараҳоро тамошо карда, чун мор дар худ мепечиданд, пай мебурданд, ки нақшаҳои дар дил ҷойдодаашон хоку хокистар шуда бар фарқи сарашон мерезад. Мо бо кишвари Россия дар мубориза барои ҳукмфармоии сулҳу осудагии мардумони ҷаҳон ҳамсаф мебошем. Силоҳи низомӣ ва шеваи лашкардории мо русӣ мебошад ва ин хеле оқилона аст, зеро лашкари заволнопазири рус беҳтарин анъанаҳои мудофиаи марзу буми худро доро мебошад. 
Ман аз номи худ, ҳамчун як тоҷики ватанпарвар, аз номи ҳама шахсоне, ки Тоҷикистон барояшон муқаддасу беҳамтост ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипоси самимӣ намуда, пешбурди сиёсати давлатро дар муносибат бо кишварҳои ҷаҳон оқилона ва хирадмандона арзёбӣ менамоем.
Бо чунин давлатдорӣ ва бо Пешвои беҳамтои миллат ба қуллаҳои баланди комёбиҳо бечунучаро хоҳем расид!
 
Зафар МИРЗОЁН, 
мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2021    №: 97    Мутолиа карданд: 5140
01.07.2022


Владимир Путин: «Россия ва Индонезия равобити хуб доранд»

Ҷаҳон дар як сатр

ҲИСОР. АРМУҒОНИ ҶАШНӢ БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

"ЗАРАФШОН". АЗ РУШДИ САНОАТ, ТО ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ МАРДУМ

Вакилони Маҷлиси намояндагон қадр гардиданд

Путин: «Россия тарафдори амиқтар шудани равобити «панҷгона»-и Хазар аст»

Ҷаҳон дар як сатр

БОНКИ МИЛЛӢ. ВАҲДАТ ТАҶАССУМГАРИ ИТТИҲОД АСТ!

“ШУКУФАҲОИ ПОЙТАХТ”. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

29.06.2022


Густариши ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ

"МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ". КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР БОХТАР

Путин дар саммити Хазар дар Ашқобод ширкат хоҳад кард

Ҷаҳон дар як сатр

Медали биринҷии Моҳрӯ аз ЧО

КӮШОНИЁН. ИФТИТОҲИ ПУЛ МУШКИЛИ СОКИНОНРО ҲАЛ КАРД

28.06.2022


СУҒД. СОЗИШНОМАҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ БА РУШДИ ВИЛОЯТ МУСОИДАТ МЕКУНАНД

«САДОИ АДИБОНИ ДУНЁ ДАР ВАСФИ ТОҶИКИСТОН». МУҲАББАТНОМАИ АДИБОНИ ДУНЁ БА ТОҶИКОН РӮИ ЧОП ОМАД

ТОҶИКИСТОН. ЗАРФИЯТҲОИ САЙЁҲӢ БА МАРДУМИ ОЛМОН МУАРРИФӢ МЕГАРДАНД

ХАТЛОН. ТАЪМИНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ БА СОКИНОН

24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед