logo

ҳуқуқ

АДОЛАТИ СУДӢ. УМЕДВОРАМ СУДИ ОЛӢ БА ҚАЗИЯ БАҲОИ ВОҚЕӢ МЕДИҲАД

Бо ҳукми суди ноҳияи Данғара аз 18 январи соли 2021 фарзандам Насриддин Садриддинов бо моддаи 212, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи воситаи нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гардидааст) гунаҳгор дониста шуд ва ба ӯ ба муҳлати 3 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии сукунат бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ронандагӣ ба муҳлати 2 сол ҷазо таъйин гардид, ки мо ба ин ҳукм розӣ нашуда шикояти кассатсионӣ пешниҳод намудем, зеро суди ноҳияи Данғара зимни баррасии парванда нишондоди шоҳидон, судшаванда Насриддин Садриддинов, сабти навори ҷойи ҳодиса аз 24 июли соли 2020 – ро ба инобат нагирифт. 
Сабти навори ҷойи ҳодиса шаҳодат медиҳад, ки дар рӯй додани садамаи нақлиётӣ дар наздикии  деҳаи  Сафобахши ноҳияи Данғара (километри 97 - ум)  воситаи  нақлиёти  тамғаи  «Мерседес - Бенс», рақами қайди давлатиаш 7177 НР 01, ки таҳти идораи Исои Сайфиддин, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ 21/11, қарор дошту бо суръати баланд муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба мошини Насриддин Садриддинов бархӯрдааст, сабабгор аст. Дар пайи садама дасту пои Насриддин шикаст, мусофири ноболиғ Қосим Шарифов, ки ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта буд, дар беморхонаи марказии ноҳияи Данғара ба ҳалокат расид. Ҳамчунин, дигар мусофирони ҳар ду мошин ва ронанда Исои Сайфиддин ҳам ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Навори ҳодиса нишон медиҳад, ки Исои Сайфиддин дар натиҷаи сабқат аз масири ҳаракати худ берун шуда, ҳолати садамавиро ба вуҷуд овардааст.
Дар беморхонаи ноҳияи Данғара Исои Сайфиддин дар содир гаштани садамаи нақлиётӣ худро гунаҳгор шумурда, иброз дошта буд, ки ҳамаи зарари расидаро талофӣ менамояд. Вале кормандони БДА ва муфаттиши ШВКД дар ноҳияи Данғара бидуни муайян кардани ҳолати воқеӣ ҳодисаро ба таври дигар ва санадҳоро ба манфиати Исои Сайфиддин тартиб доданд. Онҳо қисмҳои шикастаи ҳар ду воситаи нақлиёт, ки дар самти ҳаракати писари ман буд, нодида гирифта, ҷойи бархӯрди мошинҳоро дар самти ҳаракати воситаи нақлиёти «Мерседес - Бенс» нишон доданд. Ҳамин «муайянсозӣ» - ро ташхисгарони шуъбаи экспертӣ - криминалистии РВКД дар вилояти Хатлон ва Маркази экспертизаҳои судӣ - криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ғайби фарзанди ман ба асос гирифта, ӯро гунаҳгори садамаи нақлиётӣ арзёбӣ карданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки касе ба чунин сурат гирифтани ҳодиса шаҳодат надодааст.  
Баъд аз тафтиши пешакӣ ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ, парванда ба суд ирсол шуд. Дар мурофиаи судӣ ҳам шоҳидони воқеа аз самти ҳаракати худ баромадани автомашинаи тамғаи «Мерседес - Бенс»-ро далел оварданд. Вале судя нишондоди шоҳидонро ба назар нагирифт ва  фарзанди  маро  дар  ин ҳодиса гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 3 сол таъйин кард.
Мо нисбат ба ҳукми суди ноҳияи Данғара ба суди вилояти Хатлон шикояти кассатсионӣ пешниҳод намудем. Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Хатлон 14 апрели соли 2021 парвандаро баррасӣ намуда, ҳукми суди ноҳияи Данғараро бетағйир ва шикояти кассатсионии маҳкумшударо беқаноат монд. 
Аз ин рӯ, ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намудем. Чун фарзанди ман гунаҳкор нест, арзамро ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» навишатам,  ба  умеде,  ки Суди Олӣ ба қазия баҳои дурусти ҳақиқӣ медиҳад. 
 
Шамсиддин НАСРИДДИНОВ, 
сокини деҳаи Хӯҷаи Нури 
деҳоти Боғгаии ноҳияи Муъминобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.05.2021    №: 99    Мутолиа карданд: 1563
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед