logo

иқтисод

САНОАТ. ТОҶИКИСТОН ДАР БАЙНИ ИДМ ЗИНАИ БАЛАНДТАРИНРО КАСБ КАРД

Тоҷикистон дар байни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар моҳи январ - июни соли равон аз ҷиҳати афзоиши суръати истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ки 21,5 дарсадро ташкил дод, зинаи баландтаринро соҳиб шуд. Дар ин раддабандӣ  баъд аз Тоҷикистон, Молдова ва Беларус  бо 11,9 - 11,1 дарсад ва Узбекистон бо 8,2 дарсад қарор доранд. Инчунин, тибқи маълумот, суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Чин 15,9 дарсадро ташкил дод. Дар ин бора Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттилоъ дод.  
 
Ба гуфтаи вазир, дар шашмоҳаи аввали соли равон истеҳсоли  маҳсулоти саноатӣ ба 16,6 миллиард сомонӣ расонда шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 123,4 дарсадро ташкил дода, ба маблағи 3,6 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷониби корхонаҳои соҳа ба хориҷи кишвар ба  андозаи 1,2 миллиард доллари ИМА маҳсулот содирот шуд. Корхонаҳои соҳаи саноати маъдан ба миқдори 5,5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Дар давраи сипаригашта 157 корхонаи саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, дар онҳо 1366 кас соҳиби ҷойи кор шуд. 
Дар ин муддат 96 корхона (дар ВМКБ 6, вилояти Суғд 17, вилояти Хатлон 23, НТҶ 20 ва шаҳри Душанбе 30 корхона), умуман, фаъолият накарданд, ки ба соҳаи саноати хӯрокворӣ, сохтмон, саноати сабук, мошинсозӣ, табъу нашр, ангишт ва маъдан рост меоянд. Шералӣ Кабир сабабҳои асосии фаъолият накардани 96 корхонаро, аз ҷумла дар марҳилаи барҳамхӯрӣ қарор доштан, муфлисшавӣ, мушкилоти молиявӣ, қарзи андозӣ, баҳси амвол бо бонкҳо, фарсудашавии  таҷҳизот, надоштани иҷозатнома, аз ҷумҳурӣ рафтани роҳбари корхона бинобар шаҳрванди хориҷӣ будан, надоштани бино, қитъаи  замин  ва  дигар намудҳои  самти фаъолият рабт дод. - Бо назардошти сабабҳои дар  боло дарҷгардида, аз рӯйхати корхонаҳои саноатӣ баровардани онҳо (дар равзанаи корхонаҳое, ки аз андоз қарздоранд, боқӣ мемонанд)  мувофиқи  мақсад  мебошад ва корҳо дар ин самт идома доранд. 
- Ҳоло дар самти таъмини аҳолӣ бо равғану шакар мушкилӣ дорем. Дар ҷумҳурӣ солона ҳамагӣ 12 ҳазор тонна равған истеҳсол мешавад, ки 10 дарсади талаботро ташкил медиҳад. Талаботи солонаи аҳолӣ ба равғани рустанӣ 147 ҳазор тонна аст. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ба истифода додани корхонаи равғанбарорӣ дар вилояти Суғд ба вазорат супориш доданд, ки стратегияи таъминоти аҳолӣ бо равғанро омода созем. Дар ҷумҳурӣ мушкилии асосӣ надоштани ашёи хом аст ва бо сабаби камии заминҳои корам, ин имконро надорем, - иброз дошт Шералӣ Кабир.
Бо  мақсади зиёд кардани иқтидори содиротии мамлакат, ташкили ҷойҳои кории нав ва амалӣ намудани «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  дар маҷмуъ, фурӯши маҳсулоти корхонаҳои соҳа 2,1 миллиард сомонӣ буда, содироти он ба хориҷи кишвар 1,1 миллиард сомониро ташкил дод. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ дар қиёс ба шашмоҳаи аввали соли сипаришуда зиёд буда, ба се миллиард сомонӣ расид. 
Бо дастгирии Ҳукумати кишвар ҳамкориҳо бо ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонии давлатҳои қитъаҳои Аврупо ва Осиё дар самти воридоти хатҳои технологии муосир ва амалӣ намудани онҳо дар истеҳсолоти ватанӣ густариш ёфта, ба таъсиси брендҳои ватанӣ дар саноати хӯрокворӣ мусоидат намуда истодаанд. Бо  мақсади  иҷрои  супоришҳои Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти истеҳсоли гуногуннавъии маҳсулот ва коҳиш додани ҳаҷми воридоти маҳсулоти ғизоӣ бори нахуст дар саноати хӯроквории ҷумҳурӣ истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан дар зарфҳои муосири алюминӣ аз ҷониби корхонаи «Гулшан-2010»-и ноҳияи Рӯдакӣ (бо иқтидори 90 ҳазор декалитр дар як сол) бо истифода аз хатҳои технологии истеҳсоли Ҷумҳурии Австрия ба роҳ монда шуд. Дар корхона истеҳсоли нӯшокиҳо дар зарфҳои алюминӣ бо бренди навтаъсиси ватании «LION» ва «Пепси» роҳандозӣ гардидааст. Баробари истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ бо брендҳои ватании «Оби Зулол», «Амирӣ», «Саодат», «Файзи Расул», «Шоҳона», «Сиёма»,  «Сим - Сим», «Арзанда», «Мерси Боку» ва «Покиза» дар корхонаҳои соҳа бо брендҳои шинохтаи ҷаҳонӣ ба монанди «Кока-Кола», «Пепси», «Фанта», «Миринда», «Сеналко», «Буона» ва «Магна» истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ба роҳ монда шудааст, ки аз рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ва мутобиқати он ба стандартҳои байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Айни замон дар саноати хӯрокворӣ 526 корхона фаъолият дорад. Қариб ёздаҳ ҳазор касро ба кор фаро гирифта, дар таъмини амнияти ғизоии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии ҷумҳурӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмон дар нимсола ба маблағи 1,5 миллиард сомонӣ масолеҳ истеҳсол карданд. Ҳиссаи соҳа дар маҷмуи маҳсулоти саноатӣ нуҳ дарсадро ташкил дод. Ҳаҷми содироти масолеҳи сохтмонӣ 27,2 миллион доллари ИМА ва ҳаҷми воридот 26,6 миллион долларро ташкил намуд. Зиёдшавии ҳаҷми содирот аз ҳисоби фурӯши семент мебошад. Қисми зиёди воридотро кошин, шиша, гаҷкартон ва маснуоти санитарӣ ташкил дод. Ба ҷумҳуриҳои Узбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон 613,2 ҳазор тонна семент интиқол ёфт. Истихроҷи ангишт дар ин давра зиёд шуда, ба 751 ҳазор тонна расид. Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи шаш моҳ аз ҷониби корхонаҳои соҳа 18,7 ҳазор тонна ангишт ба ҷумҳуриҳои Покистон, Афғонистон ва Узбекистон содирот шуд. Аз тарафи корхонаҳои соҳа 36 техникаи карерӣ ва таҷҳизоти нави шахтавӣ ба маблағи 18,7 миллион сомонӣ ворид гардид.
Ҳамчунин, корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва кимиё ба маблағи 1 миллиарду 164 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки назар ба нишондоди нимсолаи аввали соли гузашта беш аст. ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» маҳсулотро ба монанди алюминийи аввалия ба маблағи 67,5 миллион доллари ИМА ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба давлатҳои Аврупо, содирот кард. Дар нимсолаи аввал корхонаҳои коркарди алюминий 7850 тонна алюминийро коркард  карданд. Ин коркард, асосан, аз ҳисоби ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик», ҶДММ КМ «Тоҷпроф», ҶДММ «Ноқили Талко» ва ҶСП «Ноқили Турсунзода» сурат гирифт. 
- Вазорати саноат ва технологияҳои нав ҷиҳати рушди соҳаи саноат ва амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар тадбирҳои судманд андешида, дар самти ташкили ҷойҳои кории нав, истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳо ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатпазир пайваста чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд, - гуфт Шералӣ Кабир.
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.09.2021    №: 175    Мутолиа карданд: 1676
17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲОҶИРАТ

ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ ДАР БМТ

06.09.2021


БОЗИҲОИ ПАРАЛИМПӢ

03.09.2021


Шумораи махсуси маҷаллаи “Business Central Asia” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон

«ТАШАББУСҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАНЗИМИ МАСЪАЛАИ АФҒОНИСТОН»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед