logo

мулоқотҳо

Сарвари давлат дар назди роҳбарон вазифаҳои мушаххас гузошт

23 апрели соли 2010,  нимаи дуюми рӯз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат масоили вобаста ба суръат бахшидан ба киштукори баҳорӣ, омодагӣ ба кишти такрорӣ, бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиат, рафти иҷрои буҷети давлатӣ, ҷалби бештари занону ҷавонон ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ, танзими расму ойин, кӯмак ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ятимону дигар эҳтиёҷмандон, сарфаю сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ, омодагӣ ба зимистони оянда, захираи озуқаворӣ ва маводи сӯхт, вусъати  ободонию созандагӣ, тезондани сохтмони иншооти сершумор дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар минтақаҳои мамлакат баррасӣ шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва ҳамчунин роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор оид ба ҷоннок намудани фаъолияташон дар самтҳои номбурда вазифаҳои мушаххас гузошт. Аз ҷумла таъкид гардид, ки баҳри ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиат ва истифодаи босамар аз ҳар ваҷаб замини корам, ду ва зиёда ҳосил рӯёндан аз заминҳои обӣ тадбирҳои судбахш андешанд.
Тибқи супоришҳои Сарвари давлат баҳри иҷрои буҷетҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ ва беҳтар намудани нишондодҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ бояд чораҳои иловагӣ андешида шаванд ва татбиқи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф бояд таҳти назорати доимӣ қарор бигиранд. Баҳри омодагии хуб ба зимистони оянда, аз ҷумла захираи маводи сӯхту озуқаворӣ, кушодани нуқтаҳои иловагии фурӯши ангишт ва гази моеъ аз ҳозир нақшаи чорабиниҳо андешида шавад.
Дастур дода шуд, ки суръат ва сифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти сершумори ҷашнӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва иншооти дигар дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат баланд бардошта шавад.
Супоришҳои мушаххас оид ба расондани кӯмак ба иштирокчиёну маъюбони ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ятимону бепарасторон, оилаҳои камбизоат ва дигар табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ дода шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 972
24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКОБОД ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

ХАТЛОН. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД

12.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МУВАФФАҚИЯТҲОИ РОССИЯ АЗ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ «СПУТНИК – V»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед