logo

Хабарҳо

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

«Ал-Ҳилол» бори чорум чемпион шуд
Дар финали Лигаи қаҳрамонҳои КФО- 2021 дастаи «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) бар «Пхохан Стилерс» (Корея) ба ҳисоби 2:0 ғалаба карда, бори чорӯм (1991/92, 1999/2000, 2019) унвони чемпиониро ба даст овард. 
Бар пояи иттилои сомонаи мусобиқот, тӯбҳоро Носир Ад-Досарӣ (дақ.1) ва Мусо Марега (дақ.63) ба самар расонданд.
 
ЛИГАИ ОЛӢ 
«Истиқлол» - бори 10-ум қаҳрамони Тоҷикистон
«Истиқлол» баъд аз шикаст додани «Душанбе» (8:0) дар даври 25-ум ду давр пеш аз анҷоми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ бо касби 61 хол қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Қаблан, душанбегиҳо солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019 ва 2020 унвони чемпиониро ба даст оварда буданд. 
«Хуҷанд» бо 51 хол мавқеи дуюмро гирифт.
Барандаи медалҳои биринҷӣ дар даври охир муайян мегардад.
Тими «Душанбе» (18 хол) дар зинаи охири ҷадвал қарор дошта, мавсими оянда аз Лигаи олӣ хориҷ мешавад. 
 
«ABU DHABI GRAND SLAM»
Тоҷикистонро 10 паҳлавон муаррифӣ мекунад
Дар охир мусобиқоти сайри ҷаҳонии дзюдо – «Abu Dhabi Grand Slam» (26 – 28 ноябр, АМА) Тоҷикистонро Шаҳбоз Саидаброров, Алиҷон Сафаралиев, Баҳром Суфиев, Муҳаммадраҳим Сарахонов, Сомон Маҳмадбеков, Ҳақназар Назаров, Хушвақт Идиев, Ҷаҳонгир Маҷидов, Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов намояндагӣ мекунанд.
Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар мусобиқа 232 варзишгар (144 мард, 88 зан) аз 42 давлат иштирок мекунанд.
Ба ғолибон 5000 доллари ИМА ва барандагони нишонҳои нуқра ва биринҷӣ мутаносибан 3000 ва 1500 - долларӣ дода мешавад. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 175
26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

10.11.2021


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ РУШДИ МАҲАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед