logo

мулоқотҳо

Филип Ли Уэру: «Роғун барои кулли минтақа аҳамияти калон дорад»

29 апрел  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ Филип Ли Уэруро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот доираи васеи масоили ҳамкорӣ, аз ҷумла стратегияи нави ҳамкории Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ  баррасӣ шуд.
Таваҷҷӯҳи асосӣ ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сершумор зоҳир гашт.
Аз ҷумла таъкид гардид, ки айни ҳол дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ 35 лоиҳа татбиқ мешавад, ки маблағи умумии онҳо беш аз 500 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Филип Ли Уэру Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро барои андешидани чораҳои муассири зиддибӯҳронӣ ва расидан ба нишондодҳои мусбати рушди иҷтимоию иқтисодӣ табрик гуфта, изҳор дошт, ки  Бонки ҷаҳонӣ моҳи июни соли равон масъалаи ба Тоҷикистон ҷудо намудани маблағҳои иловагиро барои дастгирии буҷети давлатӣ баррасӣ хоҳад кард.
Аз боздиди ҳайатҳои бонуфузи Бонки ҷаҳонӣ аз мавзеи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва оғози корҳои ташкилӣ баҳри асосноккунии иқтисодию техникӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди ин иншоот изҳори қаноатмандӣ  шуд.
Ба гуфти Филип Ли Уэру «нерӯгоҳи Роғун на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои кулли минтақа аҳамияти калон дорад». Аз ин   хотир таъкид гардид, ки   асосноккунии иқтисодию техникӣ ва иҷтимоию экологии ин  лоиҳа таҳти назорати бевоситаи Бонки ҷаҳонӣ дар сатҳи баланду эътимодбахш анҷом дода мешавад, то ки ҳама гуна шакку шубҳа оид ба бехатарии он бартараф  шавад.
Гуфтугӯи судманд оид ба дастгирии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон, аз ҷумла бахши пахтакорӣ сурат гирифт.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба ҳаллу фасли мушкилоти сунъӣ, ки дар роҳи рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ эҷод гаштаанд ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.

www.president.tj

* * *

- Ҳадафи асосии сафари ман ба Тоҷикистон шиносоӣ бо вазъи корҳои барқарорсозӣ дар Нерӯгоҳи барқи обии Роғун буд, ки дар ин робита мо бо Оқил Оқилов, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба маҳалли сохтмон рафта, аз чанд иншоот дидан кардем. Мо шоҳиди он гаштем, ки дар нерӯгоҳ танҳо корҳои барқарорсозӣ ҷараён доранд, - гуфт Филип Ли Уэру, ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Филип Ли Уэру иброз дошт, ки айни ҳол гурӯҳи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати омӯзиши тарҳи Роғун ва асосноксозии техникӣ-иқтисодӣ ва баҳои экологии он ба кори амалӣ шурӯъ карданд, ки барои ин кор  Ҳукумати Тоҷикистон иқдоми шоиста кард. Бонки ҷаҳонӣ рафти корҳои сохтмонии нерӯгоҳро пуштибонӣ намуда, барои бо сифати баланд анҷом додани корҳои барқарорсозӣ ёрии амалии худро дареғ нахоҳад дошт.
Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ аҳамияти Нерӯгоҳи барқи обии Роғунро на танҳо барои Тоҷикистон, балки дар маҷмӯъ барои кишварҳои минтақа хеле муҳим арзёбӣ кард.
- Дар сӯҳбат бо ҷаноби Президент мо ҳамчунин дигар самтҳои ҳамкориро баррасӣ карда, барои тавсеаи робитаҳо дар се соли оянда, аз ҷумла дастгирии соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва кишоварзӣ ба мувофиқа расидем, - гуфт Филип Ли Уэру.

Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1166
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед