logo

Хабарҳо

"МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ". КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР БОХТАР

 
Дар шаҳри Бохтар Конфронси байналмилалии илмӣ - амалии "Мактаби сиёсии Пешвои миллат" баргузор шуд. Дар ҳамоиш, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба ифтихори 25-солагии Ваҳдати миллӣ роҳандозӣ гардид, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовини якуми раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, ёрдамчии Президенти мамлакат оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, олимону муҳаққиқон ва ходимони давлатию ҷамъиятӣ иштирок карданд.
Раиси вилояти Хатлон қайд кард, ки Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи фаъолияташ собит сохт, ки метавонад ҷомеаро атрофи ғояҳои созандагиву бунёдкорӣ муттаҳид намуда, бо амалӣ гардондани барномаҳои мушаххас халқи тоҷикро ба сӯи қуллаи мурод муваффақона раҳнамоӣ намояд.
- Як нуктаи дигарро ёдовар мешавам, ки воқеан ҳам, баёнгари мардумнавозӣ ва ихлосу маҳбубияти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни халқ мебошад. Тайи ин муддат дар мушкилтарин ҳолатҳо ба дурдасттарин нуқоти кишвар сафар карда, бо вазъи зиндагии мардум бевосита шинос мешаванд. Аз забони мардуми манотиқи дурдасти кӯҳистон шунидаем, мегуфтанд, ки дар 70 соли замони шуравӣ ягон роҳбари аввали ҷумҳурӣ боре ҳам ба назди онҳо наомада буд. Пешвои миллат Тоҷикистонро ба хонаи умеди тоҷикони тамоми дунё табдил доданд, -  афзуд раиси вилоят.
Қурбон Ҳакимзода дар идома гуфт, ки мактаби сиёсии Пешвои миллат мактаби миллии давлатдорӣ, таъмини ваҳдат ва суботи комили ҷомеаи Тоҷикистон, бунёди зерсохторҳои ваҳдати миллӣ, узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидани Тоҷикистон, эҳё ва меросбарӣ аз арзишҳои фарҳангиву таърихии миллат ва дигар дастовардҳо низ аз муҳимтарин комёбиҳое мебошанд, ки бо азму талош ва ҷоннисориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.
Заминаҳои  ташаккул  ва  инкишофи фаъ-олияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари сиёсии сатҳи умумидавлатӣ ва умумимиллӣ қатъ намудани ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор кардани сохти конститутсионӣ, баргардондани гурезагон, таъмини заминаҳои мухталифи фаъолияти давлат ва ҷомеа ба ҳисоб мераванд. 
Конфронс аз ҷиҳати мазмуну интихоби мавзуъ ниҳоят муҳиму арзишманд буда, таҳқиқу омӯзиши паҳлуҳои он барои аҳли илм, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ қобили мулоҳиза ба ҳисоб меравад. 
 
Зокир ҲАСАН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6808
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед