logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ба истифода супурдани корхонаи ресандагии ноҳияи Вахш, 25 августи соли 2010

Ҳамватанони азиз!
Дӯстони гиромӣ!

Нахуст аз ҳамаи шумо – ҳозирини арҷманд ва тамоми мардуми заҳматкаши ноҳияи Вахшро ба шарафи бузургтарин ҷашни миллиамон, яъне нуздаҳумин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки баъди чанд рӯз фаро мерасад, самимона табрик менамоям. Ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи нави ресандагиро, ки дар арафаи ин санаи муборак сурат мегирад, шодбош мегӯям. 
Ба истифода супурдани боз як корхонаи муосири саноатӣ далели равшани дар тамоми қаламрави мамлакат пайгирона татбиқ шудани сиёсати бунёдкориву ободкориҳост, ки бунёди корхонаҳои саноатӣ ва бо ин роҳ ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ яке аз самтҳои асосии он мебошад.
Ноҳияи Вахш дар вилояти Хатлон яке аз калонтарин ноҳияҳоест, ки шуғли асосии мардуми заҳматпешаи он пахтакорӣ мебошад. Аз таърихи начандон дури кишварамон возеҳ аст, ки яке аз лоиҳаҳои азими  солҳои сиюми асри гузашта азхудкунини заминҳои водии Вахш буд.
Мақсади асосии ин лоиҳа азхуд кардани ҳазорон гектар заминҳои бекорхобида ва ба ин васила ба роҳ мондани парвариши зироатҳои кишоварзӣ, бахусус пахтаи маҳиннах буд. Бо мурури замон парвариши пахта ба яке аз соҳаҳои сердаромад ва асосии водии зархези Вахш табдил ёфт.
Баъдан дар заминаи он аввалин корхонаҳои саноати пахтатозакунӣ бунёд гардиданд.
Мо ҳанӯз аз нахустин солҳои истиқлолият дар қаламрави мамлакат бунёд кардани корхонаҳои замонавии коркарди пахтаву ресандагӣ ва ба ин восита аз кишвари содиркунандаи ашёи хом ба кишвари содиркунандаи молу маҳсулоти тайёр табдил додани Тоҷикистонро ҳадафи муҳими фаъолияти худ қарор додем. 
Бо мақсади татбиқи ин ҳадаф, яъне рушди соҳаи саноат, аз ҷумла саноати сабук ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ солҳои охир бунёди корхонаҳои нав ва барқарорсозии корхонаҳоеро, ки бо сабабҳои гуногун аз фаъолият бозмондаанд, суръат бахшида истодаем.
Тавре ки шумо огоҳ ҳастед, дирӯз дар ноҳияи Фархор чунин як корхонаи ресандагиро ба истифода супурдем.
Корхонаи имрӯза, ки ҳоло мо дар он қарор дорем, аз рӯи иқтидори истеҳсолии худ дар вилоят яке аз корхонаҳои калонтарини соҳа ба шумор рафта, имконият дорад, ки дар як сол аз 20 то 30 ҳазор тонна пахтаро коркард карда, 11 ҳазор тонна нахи хушсифат истеҳсол намояд. Ин нишондиҳандаҳо ба истеҳсоли солонаи пахта дар як ноҳияи калони пахтакор баробар аст.
Яке аз бартариҳои корхонаи навтаъсис аз он иборат аст, ки дар он дастгоҳу таҷҳизоти технологии навтарину пешрафта насб гардидааст, яъне тамоми раванди технологӣ ба воситаи компютер идора карда мешаванд. Таҷҳизоту технологияи муосир имкон медиҳад, ки дар корхона истеҳсолоти бепартов ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ пурра ҷавобгӯй мебошад. Афзалияти дигари корхона дар он зоҳир мегардад, ки дастгоҳу таҷҳизот ва иншооти ёрирасон дар масоҳати ҳамагӣ якуним гектар ҷойгир карда шудаанд ва ин амр дар шароити камзаминии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.
Чунин корхонаҳо бо иқтидори истеҳсолии дар боло зикршуда дар замонҳои пеш дар масоҳати хеле зиёд ҷойгир карда мешуданд. Тибқи лоиҳа фаъолияти корхона дар се баст сурат гирифта, 50 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва тамоми шароити маишӣ таъмин карда мешаванд.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба муассисон ва мутахассисону сохтмончиён ва ба ҳамаи онҳое, ки дар ташкил ва бунёди ин корхонаи нави саноатӣ саҳм гузоштаанд, миннатдорӣ баён менамоям ва бо итминон изҳор медорам, ки дар ояндаи наздик соҳибкорони бонангу номус дар шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят ва кишвар ба бунёди чунин корхонаҳои замонавӣ иқдом карда, дар пешрафти иқтидори истеҳсолии Ватанамон ва ташкили ҷойҳои нави корӣ саъю талош хоҳанд кард.
Ҳадафи асосии мо аз бунёди чунин корхонаҳои саноатӣ, пеш аз ҳама, ба манфиати иқтисодиёти кишвар равона намудани захираҳои мавҷуда, ҳарчи бештар истифода бурдани ашёи хоми маҳаллӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ  ва бо ин роҳ фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мебошад. Зеро ҳоло қисми зиёди пахта ҳамчун ашёи хоми саноатӣ ба хориҷа содирот мегардад, ки чунин вазъ ба пешрафти иқтисодии мо чандон мусоидат карда наметавонад. Мо мехоҳем, ки ҳаҷми ҳарчи бештари ашёи хоми маҳаллӣ дар дохили кишвар коркард гардида, ба ҳамин восита ба рушди иқтисодиёт такони ҷиддӣ бахшида шавад.
Бинобар ин, рушди саноат, бахусус саноати сабук яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон шуда, доир ба ин масъала якчанд барнома ва як силсила тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд. Дар асоси барномаҳои ҳукуматии қабулшуда то соли 2015 бояд дар аксари шаҳру ноҳияҳои пахтакори мамлакат чунин корхонаҳои коркарди пахта ва нахи он сохта шаванд, ки ба истеҳсоли маҳсулоти тайёри ба талаботи бозор мутобиқ ва бо ҳамин роҳ тақвият бахшидани иқтидори содиротии кишвар нигаронида хоҳанд шуд. Бинобар ин, зарур аст, ки дар мамлакат ба вусъат додани соҳаи пахтакорӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии он аҳамияти ҷиддӣ зоҳир карда шавад. 
Бояд зикр кард, ки дар ноҳияи Вахш барои рушди соҳаи пахтакорӣ, бахусус пахтаи маҳиннах захираву имкониятҳои зиёд мавҷуданд ва кишоварзонро лозим аст, ки аз онҳо оқилонаву самаранок истифода намоянд. Дар ноҳия барои зиёд кардани масоҳати кишти пахтаи маҳиннах ва ноил шудан ба дастовардҳои солҳои пешин тамоми шароит, аз ҷумла замини зархез, оби фаровон ва ҳавои мусоид мавҷуд аст.
Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки Вахш дар давраҳои гузашта бо деҳқонони асилу пахтакорони ботаҷриба ва мутахассисони варзидаи худ шӯҳрат ёфта буд ва ин водиро беҳуда водии зархез намегуфтанд. Аз ин лиҳоз, ба кишоварзони Вахш, ки фарзандони ҳамон мардони шӯҳратманди кор мебошанд, зарур аст, ки бо кӯшишу ғайрат ва таҷрибаву малакаи худ номи баланд ва шарафи пешинаи водиро барқарор намоянд.
Тавре ҳамаи шумо медонед, давлат қарзи дар давоми якчанд сол бавуҷудомадаи соҳаи пахтакориро аз эътибор соқит кард ва кишоварзони ноҳияи Вахш низ имрӯз имкон доранд бо дасту дили гарм ба пахтакорӣ машғул шаванд. Яъне ҳам барои зиёд кардани майдони кишти пахта ва ҳам баланд бардоштани ҳосилнокии он заминаи мусоид фароҳам шудааст. Аз ин рӯ, ҳар кадоми шумо – кишоварзон ва хусусан пахтакорон имкониятҳои мавҷуда, пеш аз ҳама обу заминро оқилонаву самаранок истифода бурда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳед ва соҳиби даромади бештару зиндагии хубтар гардед.
Ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ хуб медонед, ки соли оянда, яъне 9-уми сентябри соли 2011 мо бистумин солгарди истиқлолияти Тоҷикистони азизамонро таҷлил хоҳем кард.
Истиқлолият ва озодӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон неъмати бузурги раббонӣ маҳсуб мешавад ва ҳар кадоми мо бояд ба қадри ин ҳадяи бузургу бебаҳои тақдир расем, онро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳамеша барои таҳкими пояҳои  давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи кишварамон кӯшиш намоем.
Ватан ва озодии он аз ҷумлаи муқаддасотест, ки барои ҳар як инсони бедордилу соҳибфарҳанг ва худогоҳу худшинос баробари модар азиз аст ва сарчашмаи ҳамаи хубиҳову хушбахтиҳои мо ҳамин сарзамини аҷдодист, ки номаш Тоҷикистон мебошад.
Мо ба фарзандони худ – наврасону ҷавонон бояд доим талқин намоем, ки меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан-Модар ин меҳру муҳаббати азалист, ки бо шири модар ба тани инсон ворид мегардад ва бо хун омезиш ёфта, то абад дар қалби ӯ ҷой мегирад.
Ҳоло ки мо дар остонаи ҷашни нуздаҳумин солгарди истиқлолият ва дар моҳи шарифи Рамазон қарор дорем, бо итминон изҳор медорам, ки дар ин моҳи файзу баракат ва эҳсону саховат мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони заҳматписанди Вахш корҳои ободониву созандагиро тақвият бахшида, зиндагиву фаъолияти ҳаррӯзаи худро дар мизони қонун, бахусус дар доираи танзими расму оинҳо анҷом медиҳанд ва бо амалҳои хайр, аз ҷумла кӯмак ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоатон ва дигар ниёзмандон соҳиби савоби зиёд мегарданд.
Дар охир, ҳамаи шуморо бори дигар ба ифтихори фарорасии ин ҷашнҳои муқаддас ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи нави ресандагӣ самимона табрик гуфта, бароятон тандурустӣ, файзу баракат, саодати рӯзгор ва барори кор орзумандам.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1711
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед