logo

мулоқотҳо

Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати порлумонии Япония

3 сентябри соли 2010, нимаи дуюми рӯз, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳайати порлумонии Японияро, ки таҳти сарварии Раиси Кумитаи доимии Палатаи намояндагони Япония оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Мунзо Судзукӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи рушдёбандаи Тоҷикистону Япония баррасӣ шуданд.
«Япония шарики муҳим ва боэътимоди Тоҷикистон дар қитъаи Осиё аст», - изҳор дошт зимни сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Таъкид гардид, ки ба ҳам наздик будани мавқеи сиёсии Тоҷикистону Япония доир ба масоили умдаи минтақавию ҷаҳонӣ заминаи хуб аст барои густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба.
Аз рафти татбиқи амалии барномаи муколамаи «Осиёи Марказӣ - Япония» ва дигар ҳамкориҳои судбахш қаноатмандӣ изҳор гашт.
Ба густариши ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ, аз ҷумла дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия, ки ҳамчунин ба барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон нигаронда шудаанд, изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои рӯзафзуни Япония дар татбиқи лоиҳаҳои зиёди инфрасохторӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, омодасозии кадрҳо ва роҳсозӣ,  аз ҷумла дар навсозии  роҳи мошингарди бо Афғонистон пайвасткунанда ба ҳукумати ин кишвар арзи сипос намуд.
Ҳамзамон изҳори боварӣ шуд, ки дар ояндаи наздик бо дастгирии техникию молиявии Япония дар Тоҷикистон ва умуман Осиёи Марказӣ бо фарогирии Афғонистон лоиҳаҳои сершумори дигар, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика ва сохтмони роҳҳои оҳану мошингард татбиқ шуда, ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ дар ин минтақаи  фарох мусоидати фаъол мекунанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1049
24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКОБОД ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

ХАТЛОН. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД

12.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МУВАФФАҚИЯТҲОИ РОССИЯ АЗ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ «СПУТНИК – V»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед