logo

мулоқотҳо

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону НАТО

Нимаи дуюми рӯзи 22 – юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Андерс Фог Расмуссен мулоқот намуд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони соҳибнуфузи ҳарбӣ-сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.
Дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои мусоидати фаъоли Тоҷикистон ба нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ дар Афғонистон арзи сипос намуд.
Аз рафти ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Барномаи Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ “ҳамёрӣ барои сулҳ” изҳори қаноатмандӣ карда шуд, аз ҷумла аз мусоидати НАТО дар татбиқи барномаҳои вобаста ба масъалаҳои минаҳо ва таҳкими амнияти сарҳадӣ. Ба имзо расидани  Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Тоҷикистон ва Сохтори Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ оид ба таъминоти техникӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти моддию техникӣ ва ҳамчунин таъсиси қарибулвуқуи Китобхонаи НАТО дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боиси хушнудӣ арзёбӣ гардид.
“Мо  ба  Барномаи  инфиродии ҳамёрӣ миёни Тоҷикистон ва НАТО барои солҳои оянда чун воситаи муҳими таҳкими ҳамкорӣ таваҷҷӯҳи хоса дорем”, изҳор дошт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Муборизаи муштарак ва омодасозии кадрҳову нерӯҳои махсуси зиддитеррористӣ аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ номида шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Созмони НАТО –ро ба ҳамкории бештари иқтисодию сармоягузорӣ бо кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба хотири мусоидат ба барқарорсозии иқтисоди харобгаштаи ин давлат даъват намуд.
Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҷонибҳо омодагии устувори худро ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 926
24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКОБОД ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

ХАТЛОН. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД

12.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МУВАФФАҚИЯТҲОИ РОССИЯ АЗ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ «СПУТНИК – V»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед