logo

мулоқотҳо

Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Шоҳзода Холид ибни Сауд ибни Холид Оли Сауд

1 ноябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири  корҳои хориҷии мамлакати Арабистони Саудӣ Шоҳзода Холид ибни Сауд ибни Холид Оли Саудро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ва густариши ҳамкории судманд баррасӣ шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз «сатҳи олӣ, фазои эътимод, ҳусни ният ва созандагӣ» дар муносиботи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт: «Мо ба густариш ва таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Арабистони Саудӣ аҳамияти хоса медиҳем».
Шоҳзода Холид ибни Сауд ибни Холид Оли Сауд ифтитоҳи сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва сафорати кишвари худро дар шаҳри Душанбе нишона аз ибтидои марҳилаи рушди бештари муносиботи дуҷонибаи ду давлати дӯст арзёбӣ намуда, изҳор дошт: «Арабистони Саудӣ омода аст, ки бо Тоҷикистон дар ҳама самту арсаҳо, ки худи ин кишвари дӯст мехоҳад, ҳамкории судбахш дошта бошад».
Зимни сӯҳбат хотиррасон гардид, ки аз ҷониби Арабистони Саудӣ дар 10 соли охир барои татбиқи лоиҳаҳои гуногуни иҷтимоию зербиноӣ, аз ҷумла сохтмони мактабу бемористон ва роҳҳо дар ҳаҷми умумии 265 миллион доллари амрикоӣ кӯмакҳои молиявӣ расонда шудаанд.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба густариши ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ зоҳир карда шуд.  Ҳамкории сармоягузорӣ дар самтҳои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, роҳҳои оҳану мошингард, истихроҷи нафту газ ва маъданҳои кӯҳӣ, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ ва рушди кишоварзӣ барои ҳар ду ҷониб судманд арзёбӣ гардид. Рушди ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва туризми кӯҳӣ низ манфиатбахш номида шуд.
Барои ин баргузор намудани ҷаласаи комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ ва ба имзо расондани созишномаҳои дуҷониба дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукаратаи даромаду сармоя оид ба ҳамкориҳо дар бахши туризм ва қарздиҳӣ зарур шумурда шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи ду ҷониб гуфтугӯ сурат гирифт.

www.president.tj

 

-Ман ба Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, паёми дӯстонаи Ходими ҳарамайни шарифайн Малик Абдуллоҳ ибни Абдулазизро расондам. Сипас мо оид ба дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии байни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ табодули назар кардем, -изҳор дошт Шоҳзода Холид ибни Сауд ибни Холид Оли Сауд, муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ, пас аз дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино ба гуфти Шоҳзода Холид ибни Сауд ибни Холид Оли Сауд дар мулоқот ҳар ду ҷониб робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишварро нек ва дӯстона арзёбӣ карданд.
Мавсуф ҳамчунин ба хабарнигорон гуфт, ки дар сӯҳбат бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки фаъоли Арабистони Саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, бунёди роҳҳои оҳану мошингард, сохтмони мактабу шифохонаҳо таъкид гардидааст. Ҷонибҳо итминон доданд, ки баробари ифтитоҳи расмии сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доираҳои муносиботи байни ду кишвар васеътар хоҳанд шуд.

Додоҷон Рӯзиев, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1169
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед