иҷтимоиёт
ПЕШВОИ МО - ИФТИХОРИ МО
Дар таърихи навини халқи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст, ба симати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат эътироф шудааст. Сарвари давлат ба баландтарин мартабаҳо меарзанд, зеро имрӯз ҳама он дастоварду пешравиҳое, ки мо мебинем, аз хизматҳои шоёни ин шахсияти фидокор буда, моро мебояд танҳо бо хизматҳои арзанда ва бо дасту дили пок паҳлу ба паҳлуи Роҳбари давлат содиқ будан ба ин давлату миллатро собит намоем.
Дар ҳар давру замон барои рушду пешрафти ҳар қавм фарзандони барӯманду фарзонааш нақши мондагоре аз хеш боқӣ мегузоранд. Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат ворид шуд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт. Мардуми кишварамон суханони таърихии Эмомалӣ Раҳмон: “Ман барои Шумо сулҳ меоварам”, «То вақте ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам», “То ки бошам барои миллатам, барои халқам, барои давлатам хизмат мекунам” – ро хуб дар хотир доранд. Он замон Тоҷикистон рӯзҳои сахту душвору даҳшатборро ба сар мебурд. Ҷангу низоъҳои хунин миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекард. Пешвои миллат бо тадбирҳои хирадмандона ва аз худгузаштанҳо борҳо бо мухолифини сиёсии кишвар дар вазъияти бениҳоят мураккаби сиёсиву ҳарбӣ мулоқот намуда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки даст ба дасти ҳам диҳему сарзамини аҷдодии хешро ободу зебо намоем ва ба ин ҳадафи неку инсондӯстонаашон расиданд.
Бо вуҷуди нооромиҳо бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулода кишвари азизамонро аз вартаи фалокат берун оварда, мардуми парешонро сарҷамъ намуданд ва садҳо ҳазор ғурбатзадаро ба Ватан баргардонданд. Бо иродаи Сардори давлат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим ба вуҷуд омаданд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳҳо сохта шуданд.
Аз рӯзи аввали расидан ба қудрати сиёсӣ Президенти кишвар ҳамеша мекӯшаданд, ки давлатдории миллиро тақвият бахшида, осоишу сулҳу субот ва ҳаёти арзандаро барои миллати тоҷику тоҷикистониён фароҳам оваранд.
Дар фазои орому осуда ҳаёти шаҳрвандони кишвар рӯз аз рӯз рӯ ба беҳбудӣ мениҳад ва бо шукргузорӣ аз суботи мавҷуда шаҳрвандони кишвар баҳри зиндагии арзанда дар ҷомеа ва мустаҳкамии давлатдории миллиамон камари ҳиммат мебанданд.
Тӯли солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат будани мавсуф кишварамон рушд ёфта, симояшро ба куллӣ дигар намуд. Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтем. Садҳо корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ бунёд гардиданд. Пулу нақбҳо ва роҳҳои ҳамвор чор тарафи ватанамонро ба ҳам пайвастанд. Рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.
Салтанат САЛМОНОВА,
омӯзгори МТМУ № 24, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.11.2020 №: 221 Мутолиа карданд: 198