logo

сиёсат

ВОРУХ АЗ ЗАБОНИ ҲУҶҶАТҲОИ ГӮЁ

Воқеаҳои ахири марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар расонаҳо баҳсҳои калонро ба миён овард. Ҳаминро бояд гуфт, ки бар пояи маълумот ва ҳуҷҷатҳои расмӣ ин сарзамин сирф сарзамини тоҷикон мебошад. 
 
Мирзошариф Исломиддинов, собиқ раиси шаҳри Исфара, ки борҳо шоҳиди ҳодисаҳои марзӣ дар ин ҳудуд шудааст, мегӯяд: «Дар асоси санадҳои ҳуқуқӣ Ворух ҳеҷ гоҳ «анклав» набуд ва тамоми қаламрави он дар ҳайати ҶШС Тоҷикистон қарор дошт. Бори аввал сарҳад миёни ноҳияи Исфара (Тоҷикистон) ва ноҳияи Ботканд (Қирғизистон), он замон вилояти автономии Қаро-қирғиз дар ҳайати Федератсияи Россия, бо қарори Кумитаи Марказии Партияи Коммунистии болшевикон, соли 1924 муқаррар гардида буд. Ҳамон вақт Ворух ҳеҷ гуна «анклав» набуд. Роҳи рости кушод вуҷуд дошт, ки Ворухро бо қаламрави боқимондаи ноҳияи Исфара мепайваст».  
Санади дигаре, ки «анклав» набудани Ворухро исбот мекунад Қарори маҷлиси Президиуми Кумитаи Марказии иҷроияи ИҶШС аз 4 майи соли 1927 мебошад. Қарори мазкур бо Қарори Президиуми Кумитаи Марказии иҷроияи ҶШС Ӯзбекистон аз 23 майи соли 1927 №15/4 ва Қарори Президиуми Кумитаи Марказии иҷроияи РАС Қирғизистон таҳти №27 аз 7 июни соли 1927 ба инобат гирифта шудааст. Ва он гоҳ ба таври возеҳ муайян гардид, ки Ворух «анклав» нест ва комилан ба ноҳияи Исфара дохил мешавад. Ҳамаи ин далел ва ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки ҳанӯз дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тасдиқи худро ёфта буданд. 
Ҳодисаи чи гуна соҳиб шудани қирғизҳо ба сарзамин мо тоҷикон ин гуна ба миён омадааст: 31 декабри соли 1974 гурӯҳе аз қирғизҳои бо милтиқҳо мусаллаҳ ба сокинони Ворух ҳамла карданд ва муноқишаи шадид сар задааст. Дар натиҷа, одамони зиёд аз ҷониби ҶШС Тоҷикистон маҷрӯҳ шуданд. Дар иртибот ба ин, аз ҷониби Прокуратураи генералии ИҶШС бо роҳбарии Руденко – Прокурори генералӣ, гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Зимни як мурофиа роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ тасмим гирифт, ки қисме аз ин заминҳоро ба сокинони минтақаи Ботканд супорад ва бо ин низоъ ором шавад. Мутаассифона, роҳбарияти ҶШС Тоҷикистон дар он замон ба ин пешниҳод розӣ гардид ва тақрибан 300 гектар замин бо инфрасохтори мавҷуда ба ихтиёри Қирғизистон дода шуд ва қирғизҳо дарҳол ба бунёди деҳаи Оқ-Сойи ҳозира шурӯъ карданд. 
Аммо онҳо бояд фаромӯш насозанд, ки мардуми ба ору номуси тоҷик дигарбора иҷозат намедиҳад то сарзамини аҷдодияшон аз ҷониби касе тасарруф шавад.  Мо мардуми шарафманди тоҷик ҳар ваҷаб хоки Ватани азизамонро ҳифз менамоем ва дар ободу зебо гардондани он тамоми кӯшишу ғайратамонро ба харҷ медиҳем. Ҳаводиси охири ба вуқӯъ пайваста нишон дод, ки миллати тоҷик муттаҳид буда, барои ҳимояи марзу буми аҷдодии хеш омодаанд ҷони худро нисор намоянд. 
 
Самандар РАҶАБАЛИЗОДА, омӯзгори факултети сиёсат ва идораи давлатии         
ДДБ ба номи Носири Хусрав
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2021    №: 106    Мутолиа карданд: 531
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед