logo

сиёсат

ЧАРО МАРДУМ БА ҲНИТ ОВОЗ НАДОД?

Билохира дар Тоҷикистон интихоботи вакилон ба Парлумони кишвар баргузор шуд. Чун интихоботҳои қаблӣ ва мисли дигар интихоботҳое, ки дар тамоми дунё мегузаранд, баъзеҳо аз натиҷаҳо шоду фараҳманданд ва қисмате даъвою эътироз доранд. Норозигӣ то ба ҷоест, ки намояндагони ҲНИТ интихоботро дар маҷмӯъ тақаллубкорона, золимона ва масхарабозӣ меноманд. Барои исботи иддаояшон, чанд  мисоли ночизеро ҳам чун нишонаи тақаллубу қонуншиканӣ дар рафти интихобот пешниҳод доранд. Албатта,  дар ҳар як интихобот, новобаста аз он ки дар кадом кишвар мегузарад ва сохтори ҷомеаи он ба чӣ навъ аст, ҳодисаҳои ҷузъие, ки дар умум ба натиҷаҳои интихобот таъсиргузор буда наметавонанд, ба қайд гирифта мешаванд. Вале саволи матраҳ ин аст, ки оё ин иштибоҳоти майдаю ночиз ё ба истилоҳи наҳзатиҳо ин «тақаллуботи ифшошуда» дар сурати пешгирӣ шудан, метавонистанд ҷойгоҳи ҲНИТ - ро дар сабқати интихоботӣ беҳтар кунанд? Ба андешаи инфиродии банда, албатта не. ҲНИТ иллатҳои асосии мағлубияташро  дар интихобот, пеш аз ҳама бояд дар фаъолияти роҳбарону фаъолонаш дар маҳалҳо, инчунин тағйирёбии назари ҷомеа ба ҳаракатҳои исломгаро дар ҳошияи воқеаҳои солҳои ахири минтақавию ҷаҳонӣ бозҷӯӣ намояд. Пеш аз ҳама омилҳои берунию даруние арзи вуҷуд карданд, ки заминаи шикасти наҳзатиҳоро дар интихобот фароҳам сохтанд. Ҳамчун омили беруна метавон ба нуқоти зерин таваҷҷуҳ зоҳир кард:
а) Қаблан, ҳарчанд алоқамандии ҲНИТ аз тарафи  ниҳодҳои алоҳидаи давлатӣ бо ин ё он кишвар, ё бо созмонҳои хориҷии исломӣ таъкид мешуд, онро наҳзатиҳо ҳамчун василаи бадномкунии ҳизб талаққӣ мекарданд. Аммо пирӯзии «Ихвонулмуслимин» дар инқилоби рангаи Миср ва баъдан зимоми давлатро ба даст гирифтани пешвои ин ҳаракат Муҳаммад Мурсӣ, наҳзатиҳои тоҷикро ончунон ба ваҷд овард, ки дар сатҳи роҳбарони ҳизб мансубияти ҲНИТ ба ихвониҳо ва ҷузъи ин ҳаракат будани ҳизб ошкоро эълон гардид. Чун ихвониҳо ба иллати надоштани барномаи мушаххаси давлатдорӣ хеле зуд суқут карданд, ҲНИТ ҳам дигар натавонист аз гуфтаи худ қафо гардад. Вохӯриҳои ҳарсолаи Муҳиддин Кабирӣ бо яке аз пешвоёни маънавии ихвониҳо Қарзовӣ далели ин гуфтаҳо мебошанд. Алоқамандии ҲНИТ бо ихвониҳо натанҳо аз ҷониби Кабирӣ, балки борҳо аз тарафи пешвоёни марҳуми ҳизб Абдуллои Нурӣ ва Ҳимматзода низ таъкид шуда буд.
б) Таваҷҷуҳи беандозаи бародарони ҳамхуну ҳамзабони мо аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ва талоши ошкорои баъзе роҳбарони наҳзат баҳри қиблагардонии ҳизб ба самти ин кишвар. Ин амал боиси пайдошавии ихтилофоти мазҳабӣ дар сатҳи болоии он гардид ва аз чашми қишри рӯшанфикри ҷомеа пинҳон намонд. Алоҳида роҳбарони наҳзатро пайравони дигар мазҳабҳои суннатию ғайр, дар гароиш ба мазҳаби аҳли ташайюъ муттаҳам карданд. Сафарҳои лозиму нолозими намояндагони сатҳи болоии наҳзат ба ин кишвар, таҳсили фарзандони аксарияти онҳо дар таълимгоҳу донишгоҳҳои ҶИЭ, муносибатҳои тиҷоратию фарҳангии онҳо бо ширкату созмонҳои  мухталиф боиси он гаштанд, ки мардум ба гуфтаҳои болоӣ эътимод ҳосил кунанд ва нисбат ба наҳзат дилхунук шаванд.
в) Дар саҳнаи кашмакашиҳои геополитикӣ ва бозиҳои минтақавию ҷаҳонӣ пайдо шудани ҳаракати террористии Давлати исломӣ, ки бо  амалҳои мудҳишу ваҳшиёнааш ба муқобили инсоният раъша дар қалби тамоми сокинони сайёра афканд, минҷумла дар Тоҷикистон. Ҳарчанд наҳзатиҳо кӯшиш карданд, ки даст доштани хешро дар ҷалбу фиристодани шаҳрвандони ҷавони тоҷик ба сафи ҳаракатҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ ва «Ансоруллоҳ» инкор намоянд, ниҳодҳои масъул бо далелҳои мушаххас баръакси онро исбот намуданд ва мардумро муътақид сохтанд. Аксарияти интихобкунандагон баръало дарёфтанд, ки дар сурати овоз додан ба ҲНИТ, ба нуфуз пайдо кардани ҳизб дар ҷомеа мусоидат мекунанд ва таҳдиди гароиши эҳтимолии фарзанди ҷавони худро ба сафи ҳаракатҳои ифротию террористӣ бештар месозанд. Ҳамчунон дарк карданд, ки фалсафаи аз тарафи наҳзатиҳо бо тамоми неру таблиғшавандаи «ҷиҳоду шаҳодат» дар талафоти бемаънии ҷавонони тоҷик дар Сурия ва Ироқ татбиқи худро ёфта истодааст.
Дар шароити дохилии кишвар низ наҳзатиҳо ба як қатор иштибоҳоте роҳ доданд, ки тарафҳои барои омма  пӯшидаи фаъолияти пешвоёни наҳзат ошкор шуданд. Ва албатта таъсири хешро дар косташавии нуфузи ҳизб гузоштанд:
1. Мардум тайи чанд соли охир огоҳтар шуд ва дар талошҳои рӯзмарраи ҲНИТ дарёфт, ки ин ҳизб баҳри некуаҳволии сокинони кишвар умуман барномае надорад ва қобилияти ақлию зеҳнии дастандаркоронаш танҳо дар доираи воҳимаю ҳангомаҳое аз қабили ҳимояи ришу ҳиҷоб дар ҷомеа маҳдуд мегардад. Дигар ҳама камбуду ноқисаҳои фаъолияти ҳизб бо баҳонаҳои сохтаю бофтае чун «фишор» - у «таъқиб» - и ҳукумат ва монанди инҳо ҷуброн карда мешаванд.
2. Баҳсҳо даври бозори Муҳиддин Кабирӣ дар шаҳри Турсунзода тарафи пинҳонии медалро барои сокинони ҷумҳурӣ боз карданд. Ошкор шуд, ки роҳбарони ҲНИТ ҳар кадоме аз молу сарвати бешумор бархӯрдор аст ва ҳамаи инро аз ҳисоби маблағҳои ба номи ҳизб аз тарафи кишварҳои манфиатдор ҷудошуда, пайдо кардааст. Аз ҷумла, дигар бозору тиҷоратгоҳҳои Муҳиддин Кабирӣ, ширкатҳои сохтмонии ӯ, хонаҳои бешумораш дар шаҳри Душанбе ва сарваташ дар қаламрави Туркия, таҳсилу истиқомати оила ва фарзандонаш дар ҳудуди ин кишвар, боигарии муовинони ӯ дар шаҳри Душанбе ва зодгоҳҳои онҳо, хонаҳои боҳашамати меросмонда аз пешвои марҳуми ҲНИТ Абдуллои Нурӣ ва бинои мағозаи «Олами кӯдакон», ки аз ҷониби писараш ба маблағи 2 миллиону 800 ҳазор доллари ИМА фурӯхта шуд, сири ҷанги бародаркуш ва «мубориза» - ҳои имрӯзаи ҲНИТ- ро кушоданд, ки ин ҳама сиёсатҳо баҳри манфиати шахсӣ будааст, на аз ин бештар.
3. Барномаҳои телевизонӣ ва видеоие, ки бо унвони «Нури наҳзат» дар саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ  пахш мешуданд, новобаста аз он, ки муаллифонашон киҳо буданд, пардаро аз рӯи хислатҳои ахлоқии алоҳида аъзои наҳзат бардоштанд. Роҳбарони ҲНИТ бошанд, ба ҷои  маҳкум кардани чунин аъмоли бад, ба ҳимояи онҳо бармехестанд. Ҳол он ки мардуми дар шаҳру ноҳияи истиқоматдоштаи ин бадкорон, аз ин корҳои бад дарак доштанд. Ҳимояи пешвоёни наҳзат дар қалби мардум нисбати ҳизб ҳисси нафратро бедор мекард.
4. Ва аз ҳама асосӣ. ҲНИТ ба сифрҳои бардурӯғ дар бораи теъдоди 40 ҳазораи аъзояш бовар кард. Дар сурате, ки ин рӯйхатҳо ҳама бардурӯғ буданд. Раисони бахшҳои маҳаллӣ дар рӯйхатҳо аксаран занону духтарони хонавода ва хешовандони худ, инчунин ҷавононеро навиштаанд, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Аксарияти афроди дар ин рӯйхатҳо зикршуда, аз узви наҳзат будани худ хабар надоштанд ва надоранд.
5. Вохӯриҳои қаблазинтихоботии сарварони намояндагони ҲНИТ бо интихоботкунандагон нишон доданд, ки мардум нисбат ба ҳизб ягон маҳбубияте надорад. Аз ҳамин ҷо ногузир будани мағлубияти он дар интихобот дақиқан аён буд.
Боз сабабҳои дигаре низ мавҷуданд, ки дар шикасти чашмраси ҲНИТ дар интихобот нақш бозидаанд, вале  бо овардани омилҳои болоӣ иктифо мекунам. Банда ҳамчун як тоҷики мусулмон, бо қалби аз орияту ғараз пок, нокомии ҲНИТ - ро дар интихоботи баргузоршуда, дар сабабҳои зикркарда мебинам. Шояд андешаи бародарони наҳзатӣ дигартар бошад, вале онҳо низ ҳар як иддаоеро, ки пеш оранд, оқибаташ якест, мақоли маъруфро тағйир дода гӯем: «Аз онҳост, ки бар онҳост».
Аз ин рӯ, иқдоми беҳтарин барои наҳзатиҳо ҳамин аст, ки мардонавор мағлубияти хешро бипазиранд, берун аз худ гунаҳгор наҷӯянд, назди ҳар созмони бегонаи хориҷӣ дар хусуси «фишор» - у «тақаллуб» - у «шаффофият» - у ғайра бечораномаҳо набаранд, зеро ин даъвоҳо суде барои онҳо намеоранд. Танҳо барои сиёҳ кардани миллату давлат дар оянда аз ҷониби ин «доварон» - е, ки дар ҷустуҷӯи манфиатҳои худанд, истифода хоҳанд шуду халос, на аз ин бештар.  Наҳзатиҳо агар ба тавфиқи ҳизб дар маъракаҳои сиёсии минбаъда умед дошта бошанд, бояд нахуст ба ислоҳи  ноқисиҳое оғоз кунанд, ки дар ин навишта зикрашон рафт.

Абдулқодир КАМОЛОВ,
шореҳи сиёсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.03.2015    №: 55    Мутолиа карданд: 2129
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед