logo

номаҳо

АЗ ХУЛОСАИ ҲАКАМОН РОЗӢ НЕСТАМ

Дар озмуни «Неруи сухан», ки дар вилояти Хатлон сурат  гирифт, иштирокчии бевосита  будам. Номинатсияи аввали он беҳтарин рӯзномаи (шаҳрӣ) ноҳиявӣ буд. Ва ҳакамон рӯзномаи «Набзи Қӯрғонтеппа» - ро ғолиб донистанд. Чаро маҳз ин рӯзнома? Барои дарёфти посух ба ин савол ба  Китобхонаи миллии Тоҷикистон роҳ пеш гирифтам.

Беш аз  40 шумораи онро  варақгардон намудам, аммо  ягон маводи ҷолиби диққату ибратомӯзе  барои хеш дарёфт накардам, ки омӯзанда бошад. Дар саҳифаҳои он танҳо мақолаҳои калонҳаҷм, маърӯзаю сухангӯиҳои 3 - 4 саҳифагӣ дарҷ  ёфтаанд.  Дар 2 то 3 саҳифаи ин рӯзнома рӯйхати қарздорони андозу барқ, хизмати коммуналӣ чоп мешаваду идома дорад. Ин ба хонанда чӣ медиҳад?  Беҳтар он нест, ки бо ин қарздорон аз наздик суҳбат бикунему муҳтавои онро  пешкаши хонандагон гардонем?
Дар шумораи 24  июни соли 2016 рӯзнома боз рӯйхати қарздоронро оид ба андозу барқ, хизматрасонии коммуналӣ, он ташкилотҳое, ки бо ин идора то ҳол шартнома надоранд, нашр намудааст. Боз дар ҳамин шумора маводи С. Аттор зери унвони «Корхонаи беҳтарин» - и шаҳр мақолае бо номи «Ба кордон кор осон» тавсифномае дар бораи идораи хоҷагии манзилию коммуналӣ  нашр гардидааст. Аҷоиботаш он аст, ки он чӣ хел корхонаи беҳтарини шаҳри Қӯрғонтеппа будааст, ки ин қадар  қарздоронаш зиёданд ва беш аз 30 идораю ташкилоти дигар бо он шартнома набастаанд?
Дар шумораи № 28, аз 15.07.2016, дар як саҳифа се мавод бо сарлавҳаҳои гуногун чоп шудаанд. Вале муҳтавои  ҳамаи онҳо як аст: таби хунин. Инро чашмбандии хонанда мегӯянд. Шаҳри Қӯрғонтеппа шаҳри саноатӣ аст ва холисона бояд гуфт, ки тайи чанд соли охир вусъати корҳои ободонӣ дар он воқеан чашмрасанд. Вале «Набзи Қӯрғонтеппа» маводҳои таҳлилию  проблемавиро оид ба  фаъолияти рӯзмарра дар шаҳр, махсусан дар соҳаҳои тандурустӣ ва маорифу  фарҳанг сарфи назар кардааст. Мақолаҳо  оид ба  ифротгароӣ, гурӯҳбозию  мазҳабпарастии  диндорон, шомилшавии ҷавонон ба ин гуна ҳаракатҳою  ҳизбҳо  кам ба чашм мерасанд.
Акнун аз ҳакамон пурсиданиам, ки бо  кадом ҷилою навоварии бахши журналистика, муҳтавои ҷолибу шавқовари мақолаҳо,  бозёфтҳои эҷодӣ  «Набзи Қӯрғонтеппа» - ро ба унвони беҳтарин рӯзномаи вилояти Хатлон дар соли 2016 муносиб донистанд?
Нурулло  ҲАСАНОВ, ноҳияи Муъминобод 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2017    №: 73    Мутолиа карданд: 1455
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед