logo

ҳуқуқ

ИФРОТГАРОӢ. РОҲЕ, КИ БА СӮИ МАРГ МЕБАРАД

Терроризм ва ифротгароӣ вабои аср ва халалдорсозандаи ҳаёти осоиштаи мардум буда, то имрӯз гурӯҳҳои марбут ба ин зуҳуроти номатлуб ҳазорон нафарро ба қатл расондаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ барои гирифтани пеши роҳи ин зуҳурот пайваста тадбирҳои судманд меандешад. Бо вуҷуди ин, мизони ин хатар ба таври қобили мулоҳиза коҳиш наёфтааст. Омори содиршавии ҷиноятҳои дорои хусусияти террористию экстремистидошта дар мамлакат, бахусус вилояти Хатлон ва таҳлили сабабу омилҳои он нишон медиҳанд, ки дар роҳи мубориза бо даҳшатафканию ифротгароӣ бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ва мулоқот бо сокинони вилояти Хатлон, 13 майи соли ҷорӣ, аз хатари терроризму экстремизм изҳори нигаронӣ карда, иброз доштанд, ки тибқи маълумоти оморӣ дар вилояти Хатлон соли 2016 қариб 5900 ва дар семоҳаи аввали соли  ҷорӣ 1891 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Ин давра дар вилоят 719 ҷинояти  марбут ба экстремизму терроризм ошкор ва 238 нафар аъзои ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дастгир гардидаанд.
Гуфта шуд, ки дар маҷмӯъ, тайи панҷ солу се моҳи охир дар ҳудуди вилоят қариб 1198 ҷинояти хусусияти террористиву экстремистидошта ошкор ва нисбат ба 985 нафар 861 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Аз ин шумора 537 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 744 нафар барои ҷалб ва иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, аз ҷумла Сурия ва Ироқ  оғоз шудааст. Ҳоло 507 нафар сокини вилоят, аз ҷумла 70 оила дар ҳайати 252 нафар (84 нафар мард, 76 нафар зан ва 92 нафар ноболиғ) дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ иштирок дорад ва мувофиқи маълумоти дастрасшуда 60 нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд.
Тибқи таҳлилҳо аз ҳама бештар сокинони шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Ҷалолиддини Балхӣ, Қубодиён, Вахш, Бохтар, Шаҳритуз, Кӯлоб, Фархор, Восеъ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар қаламрави давлатҳои дигар иштирок доранд. Синни миёнаи онҳое, ки ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастаанд, аз 20 то 36 солро ташкил медиҳад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян кардаанд, ки бештари сокини вилояти Хатлон ба сафи ин гурӯҳи террористӣ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ташвиқ ва шомил шудаанд. Ба гунаи мисол, бо ҳукми суди вилояти Хатлон Маҳмадсолеҳ Бобоеви 26 - сола, сокини ноҳияи Бохтар, барои қасди пайвастан ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” 13 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Тавре тафтишот муайян кардааст, М. Бобоев аз соли 2013 мунтазам ба муҳоҷират рафта, дар шаҳри Екатеринбург бо зану ду фарзандаш зиндагӣ мекардааст. Ӯ бо муоширати пайвастааш бо мубаллиғони гурӯҳи “Давлати исломӣ” аз тариқи интернет ба доми фиреби тундгароён афтодааст. Аммо ӯ то ба Туркия, яке аз кишварҳои транзитии вуруд ба Сурия нарасида, дар шаҳри Кишинёви Молдова 12 апрели соли ҷорӣ дастгир ва ба Тоҷикистон истирдод мешавад. 
Боиси нигаронист, ки аз 1519 нафар сокини вилоят,  ки барои гирифтани таҳсилоти динии ғайриқонунӣ ба кишварҳои хориҷӣ рафтааст, 1334 нафар баргардонда шудааст. Бо вуҷуди тадбирҳои аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ андешидашуда, ин вазъ ҳамоно ташвишовар боқӣ мемонад.
Сарвари давлат вобаста ба ин роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, занон ва кор бо оила, ҳизбҳои сиёсӣ, фаъолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, зиёиён, ходимони дин ва ҷомеаи шаҳрвандиро муваззаф карданд, ки дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ва ноболиғон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, пайравӣ ба ақидаву фарҳанги бегона, ғайриқонунӣ фиристодани фарзандон ба муассисаҳои ба ном таълими динии давлатҳои хориҷӣ ва дигар кирдорҳое, ки ба амнияти давлату миллат хатар эҷод мекунанд, корҳои фаҳмондадиҳиву тарғиботиро ҷиддан вусъат бахшанд.
Пешвои миллат зимнан таъкид карданд: «Касоне, ки аз паси таблиғотчиёни афкору мазҳаби бегона мераванд, дар хотир дошта бошанд, ки мо мазҳаби таҳаммулгарои худро дорем ва пири мазҳаби мо шахсияти барҷастаи олами ислом - Имоми Аъзам Абуҳанифа мебошад. Мо ҳаргиз муҳтоҷи ҷаҳонбиниву мазҳаби бегона нестем ва кӯшишҳои сиёсисозии дини мубини исломро қотеона маҳкум мекунем. Тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсоз ва махсусан сокинони вилояти Хатлон ҳамеша ҷонибдори тарзи зиндагии дунявӣ ва пешрафта буда, хурофоту ифротгароӣ ва бегонапарастиро қатъан қабул надоштанд».
Бо назардошти гуфтаҳои боло, сокинони  мамлакатро зарур аст, ки барои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ аз тамоми имкониятҳо кор бигиранд. Ҷиҳоди пайравони “Давлати исломӣ” найранг ва ҳизби исломӣ бидъат аст. Роҳи онҳое, ки дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти  ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо иштирок мекунанд, тираву тор буда, оқибаташ пушаймонист.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.06.2017    №: 109    Мутолиа карданд: 1948
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед