logo

номаҳо

БОЗ ЯК «ДЕВДАРА» - И ДИГАР «ГУЛДАРА» ХОҲАД ШУД

Мо - сокинони деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз миннатдории самимии худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён менамоем. Зеро бо талошҳои пайвастаи ин марди бузург ва ин шахсияти шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯз ба рӯз ободу зебо ва сатҳи зиндагии мардум баланд шуда истодааст.
Дар пеши назари мо, дар шароити вазнини кӯҳистон шоҳроҳи Кӯлоб-Қалъихумб-Хоруғ-Мурғоб-Кулма бунёд ёфт. Ин шоҳроҳ мушкили рафтуомади мардумро осон гардонд. Гузашта аз ин, дар ноҳия бисёр иншооти дигари таъйиноти гуногун бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бунёд ёфтанд, ки то соҳибистиқлолӣ дар гӯшаи хаёли касе набуданд.
Сокинони деҳаи Ёгед чандин сол аст, ки чорвои худро ба чарогоҳҳо аз тариқи пайроҳаҳои кӯҳии душворгузар мебаранд. Мо дар яке аз минтақаҳои душворгузар ва пурхатари ин роҳ на танҳо чорво, балки ҳамдеҳагонамонро аз даст додаем. Обод кардани роҳ дар он минтақа бе дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия номумкин буд. Масруру сипосгузорем, ки бо ҳидояти Сарвари муаззами давлат ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои ҳалли ин мушкилоти мо тадбирҳои муассир андешида шуданд. Ҳоло корҳо  дар ин самт ҷараён доранд. Дар ин кори хайр ба мо ҳамдеҳагони дар хориҷи кишвар қарордоштаамон низ ёрии амалӣ расонда истодаанд.
Хушҳолем, ки ба шарофати сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон рӯзҳои наздик он минтақаи душворгузар ба мавзеи  бехавф табдил меёбад. Боз як «Девдара»-и хурди дигар «Гулдара» хоҳад шуд.
Суҳроб НАЗАРШОЕВ,
Саъдӣ  ҚИРОНОВ,
Ҳукмзоди ҲАҚНАЗАР,
сокинони деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2017    №: 126-127    Мутолиа карданд: 2086
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед