logo

иҷтимоиёт

 ИҚДОМИ БЕНАЗИР Ё ТАШАББУСЕ, КИ МАРДУМИ ОЛАМРО БА ВАҶД ОВАРД


Иқдоми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди баргардондани кӯдакон ва ноболиғон - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо волидони гумроҳшудаи худ дар Ироқ қарор доштанд, на танҳо мавриди таваҷҷуҳ ва истиқболи ҷомеаи кишвари мо, балки мавриди таваҷҷуҳи аксари кишварҳои олам гардид. Далели ин амр бозтоби густардаи ҷараёни интиқоли кӯдакон аз Бағдод ба Душанбе дар расонаҳои бонуфузи ҷаҳон  мебошад.   
84 кӯдаку ноболиғе, ки 30 апрел бо ҳавопаймои махсус ба Ватан оварда шуданд, фарзандони аъзои гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» мебошанд, ки дар ҷангҳои Ховари Миёна, бахусус, Ироқ кушта ва ё зиндонӣ шудаанд. Кӯдакону наврасон то ин дам бо модарони зиндониашон дар шароити ногувор ба сар мебурданд. Тибқи маълумот, бо ҳукмҳои додгоҳӣ ҳоло 43 зани тоҷик бо ҷурми “убури ғайриқонунии марз, ҳамзистӣ ва кумак ба террорист” ба муҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.
Фераз Лоиқ Ҳасан, роҳбари созмони ҷамъияти “Дарвозаи адолат” дар Ироқ, ки бо панҷ нафари дигар дар интиқоли кӯдакон мусоидат намуданд, зимни суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, ки ин созмон махсус ба кумаки кӯдакони ҷангиёни узви “Давлати исломӣ” машғул мебошад. Ба қавли ӯ, дар зиндонҳои Ироқ кӯдакон аз дигар давлатҳо хеле зиёд аст. Вале намояндагони ин давлатҳо тавонистанд, ки танҳо 10 – 15 нафариро баргардонанду халос. Ҳол он ки теъдоди кӯдакони баъзе аз ин кишварҳо  ба садҳо нафар мерасад.
- Воқеан, Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кишварест, ки бо ташаббусу талошҳои пайвастаи Сарвари давлат  ва намояндагиҳои худ дар Кувайту Ироқ тавонист, ҳамаи кӯдаконро аз зиндонҳои Ироқ ба Ватан баргардонад. Бешубҳа, ин иқдоми башардӯстонаи Ҷаноби Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни сарони давлатҳое, ки шаҳрвандонашон, бахусус, кӯдакон дар чунин зиндонҳо қарор доранд, намунаи ибрат аст ва онҳоро ба ҷунбиш овард. Онҳо низ тасмим гирифтаанд, ки кӯдакони зиндониро ба кишварҳояшон баргардонанд ва талошҳои худро дар ин самт оғоз кардаанд, - афзуд Фераз Лоиқ.
Зубайдулло Зубайдзода, сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Кувайт ва Ироқ дар суҳабати вижае бо мо гуфт, ки барои иҷрои дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалӣ намудани талошҳои судмандашон оид ба баргардондани кӯдакони тоҷик аз Ироқ ва Сурия аз тамоми имкониятҳо истифода шуд. Сафир мегӯяд, ки бо ҳимоят ва раҳнамоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гуфтушунид бо мақомоти дахлдори Ироқ 13 маротиба ба ин кишвар сафар кард. Нахуст вохӯриву гуфтугӯҳо бо масъулони ироқӣ дар бораи баргардондани шаш кӯдаки тоҷик, ки бинобар фавти волидонашон дар ятимхонаҳо сукунат доштанд, оғоз ёфт. Расмиёти бозгашти онҳо ду моҳ давом карда, барои ҳар кӯдак ба андозаи 2500 доллар ҷарима супурда шуд, ки бар асоси дастури Пешвои миллат, ин хароҷот аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт шуд.
Дар мавриди баргардондани 84 нафар кӯдаки дигар Вазорати корҳои хориҷӣ ва дафтари намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайту Ироқ, пеш аз ҳама. муносибатро бо роҳбарияти вазоратҳои корҳои хориҷӣ, дохилӣ, Суди олӣ ва дигар муассисаву ташкилотҳои дахлдори Ироқ барқарор кард. Дар ҳамкорӣ бо масъулони зидахл маълум шуд, ки дар зиндони Расофа 43 зан ва 95 кӯдаки тоҷик маҳбусанд. Барои омода ва мураттаб кардани ҳуҷҷатҳо, анҷом додани расмиёти зарурӣ Созмони байналмилалии ЮНИСЕФ ва ташкилоти ғайридавлатии «Дарвозаҳои адолат» ба ҳамкорӣ даъват шуданд.
- Дар оғоз вакилон ва роҳбарияти Суди олии Ироқ чандон бовар надоштанд, ки мо сад дар сад тарафдори баргардондани пурраи кӯдаконем. Зеро дигар давлатҳо бо баргардондани теъдоди ками кӯдакон иктифо кардаанд, - мегӯяд  Зубайдулло Зубайдзода.
Ҳар коре, ки дар ин самт иҷро мешуд, таҳти назорати Пешвои муаззами миллат қарор дошт. Зарур буд, ки бар асоси талаботи қонунгузории Ироқ ба ҳар як кӯдак парванда тартиб дода, шахсияти волидони онҳо муайян карда шавад. Дар мавриди шиносоии падару модари кӯдакон мақомоти қудратии кишвар, бахусус раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ мусоидат намуданд. Зимни мулоқот бо занҳои маҳбуси тоҷик дар бинои Суди олии Ироқ, ки мақомоти тоҷик ба таври истисноӣ ба он даст ёфтанд, бонувони зиндонӣ аз чунин вохӯрӣ ва иқдоми башардӯстонаи Пешвои миллат ашки шодӣ мерехтанд. Дар рӯи онҳо осори ғаму андуҳ ва надомату пушаймонӣ ҳувайдо буду бо дидани фиристодагони Сарвари давлат ва чунин ғамхории беназир шарораи умед ва сипоси фаровон дар дилу дидагони онҳо барқ мезад. Аз суҳбат маълум шуд, ки аксари онҳо ва ҳамсаронашон ба доми фиреби тарғибгарони ифротӣ афтода, ҳангоми дар хориҷи кишвар қарор доштанашон ба ин давлат омадаанд. Аслан, то ба ин ҷо омадан дарк накардаанд, ки ба куҷо равонанду чӣ қисмати шуме онҳоро интизор аст. Ҳазорон бор пушаймон шуданду дигар имкон надоштанд, ки мустақилона ба Ватан баргарданд. Баъди кушта шудани ҳамсаронашон бонувон бесаробон монда, бо тасмими мақомоти  Ироқ  аввал дар урдугоҳҳои махсус ҷой  дода шуданд, сипас, бо ҳукми суд аз 15 сол то ҳабси абад зиндонӣ шудаанд.
- Барои мо - кормандони сафорат ва ташкилоти «Дарвозаи адолат» вазнинтарин ва риққатангезтарин лаҳзаҳо рӯзи ҷудоии фарзандон аз модарон буд. Гумон кардам, ки дар қатори мо замину само низ мегирист. Ростӣ, мо аз он хавотир будем, ки дар раванди интиқоли кӯдакон ягон ҳодисае ба вуқӯъ наояд. Зеро аз ин тасмими мо доираҳои муайян огаҳ буданд, аз  ҷумла ҷосусони гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ». Ҳамон рӯз, яъне 30 апрел  мо дар иҳотаи тақрибан саду панҷоҳ нафар аскарону афсарони гурӯҳи зиддитеррористии Вазорати корҳои дохилии Ироқ бо чор нафар генерал ба фурудгоҳи Бағдод расидем ва онҳо моро то ҳавопаймо гусел карданд. Зимни хайрухуш яке аз генералҳо изтиробашро пинҳон надошта, гуфт, ки онҳо низ хавотир буданд, то дар роҳ ягон воқеае рух надиҳад,- гуфт Зубайдулло Зубайдзода.
Муддати парвози мустақим аз Бағдод ба Душанбе 3,5 соатро дар бар гирифт.  Кӯдакони  наҷотёфта саломат ба Ватан расонда шуданд.
Ҳоло дар Ироқ боз 11 кӯдаки тоҷик боқӣ мондааст, ки онҳо низ дар фурсати муносиб ба Тоҷикистон баргардонда мешаванд. Тибқи дастури Пешвои миллат, барномаи баргардондани занону кӯдакони тоҷик аз Сурия низ рӯи даст гирифта шудааст. Онҳо дар урдугоҳҳои Ҳукумати қонунии Сурия ва гурӯҳи алоҳидаи курдҳои кишвар қарор доранд. Он рӯз дур нест, ки ташаббуси Сарвари давлат дар ин самт ҳам амалӣ хоҳад шуд ва ҳамватанони роҳгумзадаи мо аз ин кишвари ҷангзада низ ба Тоҷикистон баргардонда мешаванд. Зеро баргардондани кӯдакон давоми ҳамон рисолати бузурги башардӯстонаи Сарвари давлат аст, ки ҳанӯз моҳи  ноябри соли 1992 дар Паёми нахустинашон дар Иҷлосияи тақдирсози 16 - уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд садо дод: «То вақте ки як фарди миллат дур аз Ватан дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам».
 
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2019    №: 96    Мутолиа карданд: 492
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед