logo

фарҳанг

«ТОҶИКИСТОН - ХОНАИ УМЕДИ МО». «ҶУМҲУРИЯТ» ОЗМУНИ НАВБАТИАШРО ҶАМЪБАСТ КАРД

Озмуни  ҷумҳуриявии  эҷодии  «Тоҷикистон - хонаи умеди мо», ки ба ифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи  «Ҷумҳурият» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон роҳандозӣ шуда буд, ҷамъбаст гардид.

Ҷамъбасти озмун 5 сентябр дар бинои бошукӯҳ ва зебову замонавии қасри фарҳанги ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон баргузор гашт. Ба ин хотир, субҳи 5 сентябр шахсиятҳои маъруфи кишвар – олимону адибон, ки дар озмуни мазкур ширкати фаъол доштанд, дар назди бинои «Шарқи озод»  ҷамъ омада, сипас ба сӯи ноҳияи овозадори Данғара роҳ пеш гирифтанд.
Ширкаткунандагони маросими ботантанаи ҷамъбасти озмунро нахуст намояндагони шаҳри Норак пешвоз гирифтанд. Маликшо Неъматзода, раиси шаҳри Норак, меҳмононро дар назди анорбоғи афсонавӣ самимона пешвоз гирифта, ба тамошои табиати зебову дилфиреб даъват намуд. М. Неъматзода ҳангоми тамошои боғ роҳандозӣ шудани чунин як озмунро зарур ва саривақтӣ донист. «Ба шарофати роҳандозӣ намудани чунин як озмун  беҳтарин қаламкашони ҷумҳурӣ давоми як сол матлабҳои зиёде, ки дар боло бурдани сатҳи маънавӣ ва ҳисси ватандӯстии ҷавонон саҳм мегузоранд, мутолиа намуда, имкон пайдо карданд бо шахсиятҳои маъруфи кишвар  ба мисли Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, шоирони халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, Ҳақназар Ғоиб, Назри Яздонӣ, академикҳо Кароматулло Олимов, Юсуфшо Яқубшо, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов, адибон Ато Ҳамдам, Ворис, Амиршоҳи Хатлонӣ ва олими шинохта Нуралӣ Нурзод аз наздик ошно шаванд», - ибрози андеша намуд М. Неъматзода.
Сипас, корвони мошинҳо роҳ ба сӯи Данғара гирифт. Роҳҳои ҳамвор ва ду нақби зебову замонавии дар даврони соҳибистиқлолии кишвар сохташуда ширкаткунандагони ҷамъбасти озмунро зуд ба Данғара расонд. Меҳмонон нахуст аз осорхонаи даврони мактабии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидан намуда, баъдан ба қасри фарҳанг рафтанд. Меҳмононро дар саҳни қаср Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ва Раҳмон Исомиддин Хайриддин, раиси ноҳияи Данғара, пешвоз гирифтанд. Раиси вилоят меҳмононро ба тамошои намоиши китоб, ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои журналистони вилоят даъват намуд. Бо ворид шудани меҳмонон ба толори бошукӯҳи қасри фарҳанг ҷавонони вилоят аз дидани чеҳраҳои саршиноси кишвар ба ваҷд омада, ба ифтихорашон аз ҷо бархоста, каф заданд.
Қурбон Ҳакимзода ҳадафи баргузории озмунро аз як тараф ташвиқи аҳли адаб ба офаридани асарҳои тоза дар васфи Ватан муайян намуда бошад, аз ҷониби дигар эҳтирому арҷгузорӣ ба нақшу мавқеи сазовори матбуоти даврӣ ва аҳли қалам арзёбӣ кард. «Ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии эҷодии «Тоҷикистон- хонаи умеди мо» боз як далели равшани миллати фарҳангӣ ва дорои зеҳнияти  баланд будани халқи мо  мебошад. Давоми як сол мо даҳҳо шеъру матлабҳои публитсистиро зери рубрикаи «Тоҷикистон - хонаи умеди мо» мутолиа намудем, ки бо мазмуни баланд, нотакрорӣ ва навҷӯии худ фарқ мекарданд ва дар ҳар навишта меҳру муҳаббати бепоёни муаллифон нисбат ба Ватани маҳбубамон ифода мегардиданд».
Масрур Абдуллозода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа,  аз нақши рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар сухан гуфт. «Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон- рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар тарғиби сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши созгор дорад. Озмунҳое, ки нашрия ба  ин хотир дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо анҷом медиҳад, саривақтианд. Роҳандозӣ намудани чунин озмунҳо на танҳо дар тарбияи худшиносии миллӣ нақши мондагор доранд, балки матлабҳое, ки дар доираи он нашр мегарданд, дар рушди адабиёт ва публитсистика мусоидат хоҳанд кард».
Зикр гардид, ки ба озмун дар ду бахш: назм ва публитсистика, беш аз 300 матлаб дар  қолабҳои  гуногуни  шеърӣ ва журналистию публитсистӣ ворид гардида, беш аз 100 шеъри 30 муаллиф ва 70 матлаби олимон, адибон ва публитсистону журналистон нашр гардиданд. Ҳайати доварон баъди омӯзиши ҳамаҷонибаи матолиби нашргардида дар бахши назм Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистонро сазовори ҷойи аввал донистанд. Шоирон Ворис ва Амиршоҳи Хатлонӣ ҷойи дуюм ва Фарзон Назрӣ ба гирифтани мақоми сеюм мушарраф гардиданд.
Дар бахши публитсистика ҷойи якум насиби Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон гардид. Академик Юсуфшо Яқубшо ва олим Нуралӣ Нурзод ҷойи дуюмро  соҳиб шуданд. Журналист Раҳмони Гулзорро ҷойи сеюм насиб гашт.
Тибқи хулосаи ҳакамон, ба Кароматулло Олимов, Ҳақназар Ғоиб, Назри Яздонӣ, Убайдулло Раҷабов, Зайнура Азимӣ ва Ато Ҳамдам ҷоизаҳои махсуси муассисони озмун супурда шуданд. Ҳамчунин, бо пешниҳоди доварон 9 нафар бо ифтихорнома, мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравии рӯзномаи  «Ҷумҳурият» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадр шуданд.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.09.2020    №: 170    Мутолиа карданд: 316
27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед