logo

Хабарҳо

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

Тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ яке аз масъалаҳои муҳим буда, дар меҳвари асосии сиёсати Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Мутаассифона, бо вуҷуди тадбирҳои андешидашудаи маърифатию фарҳангӣ бархе аз ҷавонону наврасон ба кирдори ношоиста даст мезананд, ки он хилофи қонун аст.

Тибқи иттилои Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ, дар ҳашт моҳи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 483 ноболиғ даст ба ҷиноят задааст. Бештари ноболиғоне, ки даст ба қонуншиканӣ мезананд аз таҳсил дур мондаанд.
Тавре Файзиддин Назаров, сардори шуъбаи ноболиғони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД, иттилоъ дод, зиёдшавии ҷиноят миёни ноболиғон дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ба мушоҳида мерасад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари ҷиноятҳои содиршуда аз сӯи ноболиғон ба тағйиротҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, костагии ахлоқ, пошхӯрии оилаҳо, зӯроварӣ ва ғайра вобастагӣ дорад. Онҳо пеш аз ҳама ба ҳифз, тарбияву роҳнамоӣ ниёз доранд, ки он бидуни таъсири калонсолон муяссар нахоҳад  шуд.
Аз аввали соли ҷорӣ аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ дар асоси нақша - чорабиниҳои дуҷониба бо Вазорати маориф ва илм дар ҷумҳурӣ 3384 рейд ва амалиёти муштарак таҳти номҳои шартии «Наврас», «Оворагард» ва «Талбанда» гузаронда шуд, ки дар натиҷа 108444 ноболиғ барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои гуногун дастгир гардид. Аз ҳисоби ноболиғони дастгиргардида 263 нафар дар қайди профилактикӣ қарор дошта, 8374 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 394 хонандаи омӯзишгоҳҳои касбӣ - техникӣ, коллеҷҳо, 150 ноболиғи коргар, 101 ноболиғ аз оилаҳои носолим ва 65 хонандаи мактаб - интернатҳои махсус ва боқӣ ноболиғоне, ки аз таҳсил дур мондаанд, мебошад.
Бо мақсади пешгирӣ ва минбаъд роҳ надодан ба қонуншиканӣ ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар асоси моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9698 протоколи маъмурӣ нисбат ба падару модарон ва масъулон тартиб дода шуда, ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол гардид. Дар натиҷа 5436 нафар, ки уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд, ба маблағи 738791 сомонӣ ҷарима шуда, 2255 нафар огоҳонда шуд. Инчунин, 2007 маводи дигар мавриди баррасӣ қарор дорад.

Сафаргул АЛИМОВА, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 355
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед