logo

сиёсат

«ECO CHRONICLE». 30 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОНРО ВАРАҚ ЗАД

Маҷаллаи «ECO Chronicle» - нашрияи Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) як шумораи вижаи худро ба ифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшидааст. Шумораи махсус бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳамкории дафтари СҲИ бо забони англисӣ ба нашр расид.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии мамлакат, матолиби шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Chronicle» (Ахбори ЭКО/СҲИ) бо Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ», ки дар он тавсияҳои созанда доир ба татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои СҲИ ироа гардидаанд, оғоз шудааст. Дар Паём, аз ҷумла чунин омадааст: «Вазифаи умумии мост, ки дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории иқтисодӣ василаву заминаҳои ҳамкории самарабахши ҷавобгӯ ба манфиату ормонҳои мардумонамонро пайдо намуда, татбиқи онҳоро таъмин гардонем. Созмони таҷдидёфтаи мо бояд тавоно, дорои боздеҳи амалӣ ва қобилияти вокуниши фаврию муносиб ба ҳаводису равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар минтақаи фаъолияти худ бошад». Пешвои муаззами миллат дар идома таъкид менамоянд, ки Тоҷикистон ба усулҳо ва ҳадафҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ содиқ хоҳад монд ва омода аст сатҳу сифати ширкати худро дар чаҳорчӯби фаъолияти он баландтару хубтар намояд.
Маросими савгандёдкунии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 ноябри соли 2020 аз матолиби баъдӣ ба шумор рафта, нутқи Сарвари давлат дар ин маросим ба унвони барномаи рушди минбаъдаи Тоҷикистон дар ҳафт соли оянда арзёбӣ шудааст. 
Дар маҷалла таҳаввулоти азими иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, ки таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати дурнигаронаи Сарвари давлат ба даст омадаанд, ба таври васеъ бозтоб шудаанд. «Иқтисодиёти Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо СҲИ», «Наврӯз дар Тоҷикистон», «Душанбе - шаҳри дӯстӣ ва сулҳ», «Дастовардҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ва дурнамои рушди он», «Рушди бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон», «Саноатикунонии босуръат дар Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи чаҳоруми миллӣ», «Омори калидӣ ва нишондиҳандаҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз ҷумлаи матлабҳои меҳварии шумора ҳастанд.
Ҳамчунин, дар саҳифаҳои алоҳидаи маҷалла натиҷаҳои дидору мулоқотҳои Пешвои миллат, вазирони корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дабири кулли СҲИ дар соли гузашта инъикос ёфтаанд.
Дар шумораи махсус мақолаи Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ, таҳти унвони «Созмони ҳамкории иқтисодӣ: чолишҳо ва имкониятҳо», мусоҳибаи Низомиддин Зоҳидӣ, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва намояндаи доимии Тоҷикистон дар СҲИ нашр шудаанд. Дар ин ду матлаб роҷеъ ба таърих ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ суҳбат шуда, нақши созмон дар тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ, вазифаҳо дар пешбурди ҳамгироии минтақавӣ ва эҷоди абзорҳои дастаҷамъӣ ҷиҳати муқобила бо таҳдиду хатарҳои ҳамагир, назири COVID - 19 мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. 
Маҷалла дар баробари матолиби бунёдӣ, ҳамзамон, дастоварду бунёдкориҳо ва манзараҳои зебои Тоҷикистонро зери аксу нигораҳо ба хонандагони сершумораш муаррифӣ кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Созмони ҳамкории иқтисодӣ соли 1985 аз ҷониби ҷумҳуриҳои исломии Эрону Покистон ва Ҷумҳурии Туркия таъсис шуда, соли 1992 ҳафт кишвари дигар – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Озарбойҷон ва Туркманистон ба он пайвастанд. Соли 1995 дар ҷаласаи 50-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатънома дар бораи ҳамкорӣ бо СҲИ қабул гардида, ин созмон дар СММ мақоми нозирро касб намуд. 
Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба манзури рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ лоиҳаҳои гуногун дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла энергетика, савдо, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддирро, татбиқ мекунад.
 
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.02.2021    №: 41    Мутолиа карданд: 572
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед