logo

Хабарҳо

МУЛОҚОТИ ҲАЙАТҲОИ РАСМИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН

Сарвазири  Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов бо сафари корӣ ба Тоҷикистон  омад. Абдулло Ориповро дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода истиқбол гирифт.
Баъдан, вохӯрии хосаи роҳбарони ҳайатҳои расмӣ ва мулоқоти ҷонибҳо дар доираи маҳдуд ва васеъ доир гашт.
Дар он самтҳои муҳим, аз ҷумла сиёсат, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, маориф ва илм, фарҳанг, содироту воридоти  маҳсулот, тандурустӣ, роҳи оҳан, гумрук, энергетика  ва дигар бахшҳо, баррасӣ шуда, оид ба тақвияти ҳамгироӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардиданд.
Таъкид шуд, ки дар доираи ҳадафҳои созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев робитаҳои дӯстии ду кишвар беш аз пеш тақвият меёбанд.
Қобили зикр аст, ки Ӯзбекистон яке аз шарикони пешсафи иқтисодии Тоҷикистон буда, соли 2020 ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвари дӯст 333,8 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод.
Қатъи назар аз натиҷаҳои бадастомада, афзун намудани ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, бунёди коргоҳу корхонаҳои  истеҳсолӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ва сохтмони иншооти таъйиноти гуногун таъкид гашт.
Вобаста ба истифодаи имкониятҳои то ҳол истифоданашуда, аз ниҳодҳои ваколатдор талаб гардид, ки дар ин самт ҳарчи зудтар чораҳои таъхирнопазир андешанд.
 
 
ИШТИРОКИ ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛОЗОДА ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ 
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар Конфронси байналмилалӣ доир ба мубориза бо вируси норасоии масунияти одам ва некуаҳволии эпидемиологӣ, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия доир гардид, иштирок намуд.
Ҷамолиддин Абдуллозода зимни  конфронс  дар мавзӯи «Таъмини некуаҳволии эпидемиологӣ дар мубориза бо эпидемияҳо: таҷрибаи Тоҷикистон дар пешгирӣ ва муқовимат бар зидди COVID - 19» сухан гуфта, оид ба  таҷрибаҳои дар ин самт бадастомада ба ҳозирин маълумот  дод.
Ҳамзамон, зимни сафар Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазири тандурустии Федератсияи Россия Михаил Мурашко ва роҳбари Хадамоти федералӣ оид ба назорат дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва солимии инсони Федератсияи Россия  (Роспотребнадзор) Анна Попова мулоқот намуд.
Дар он ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти рушди муносибатҳо дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла таваҷҷуҳ ба таҳсилоти баъдидипломӣ ва омӯзондани мутахассисонро, баррасӣ намуда,  доир ба густариши ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
 
 
ҶАЛАСАҲОИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИА ВА КУМИТАИ КОТИБОНИ ШӮРОҲОИ АМНИЯТИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАНД
Масъалаҳои амнияти низомӣ, мубориза бо чолишу таҳдидҳо ва тадбирҳо оид ба безараргардонии онҳо дар ҷаласаҳои Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки дар Душанбе баргузор мешаванд, баррасӣ мегарданд.
Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиа 27 апрел таҳти раёсати вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва ҷаласаи Кумитаи  котибони шӯроҳои амнияти СААД 28 апрел бо роҳбарии котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода баргузор мегарданд.
Дабири кулли СААД Станислав Зас дар ин ҷаласаҳо ширкат варзида, дар бораи вазъи минтақаи масъулияти созмон ва масъалаҳои рӯзнома маълумот медиҳад.
Зимни ҷаласаҳо нақшаҳои муҷаҳҳаз гардондани неруҳои дастаҷамъии вокуниши сареъ, омӯзиши муштараки ташаккулёбии неруҳо ва воситаҳои системаи амнияти дастаҷамъӣ ва нақшаи машваратҳо оид ба сиёсати хориҷӣ, мудофиа ва амният барои нимаи дуюми соли 2021 – нимаи якуми соли 2022,  инчунин,  нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии имзои Созишномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СААД матраҳ мешаванд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 301
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед