logo

иҷтимоиёт

COVID – 19. НАЗАРЕ БА МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз 30 апрели соли 2020 (бо эълон кардани аввалин ҳолатҳои хуруҷи коронавирус дар ҷумҳурӣ) дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вазорату кумита, ташкилоту идора ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор карда буд, ки ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Тибқи иттилои расмӣ, аксари ташкилоту корхонаҳои давлатию ғайридавлатии вилояти Хатлон ин дастурро иҷро карда истодаанд. Бо вуҷуди ин, мушоҳидаҳои дувоздаҳрӯзаи мо баёнгари онанд, ки дар ин самт камбудиҳои муайян ҳанӯз ҷой доранд.

МИЛЛИОНҲО СОМОНӢ ҶУДО КАРДА ШУД
Чуноне аз сарраёсати молияи вилояти Хатлон ба хабарнигори “Ҷумҳурият” хабар доданд, барои пешгирӣ аз хавфҳои эҳтимолии паҳншавии коронавирус аз буҷетҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ ва ташкилотҳои вилоятӣ маблағҳои зарурӣ ихтисос дода шуданд. Ин тадбир барои омодасозии муассисаҳои тандурустӣ ба қабули сироятёфтагон, ҳамчунин, баҳри безараргардонии ташкилоту идораҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ муҳим арзёбӣ мешуд. Вале аз ҳисоботи ниҳоди мазкур бармеояд, ки то 15-уми июни соли ҷорӣ 16 шаҳру ноҳия барои ин корҳо маблағи иловагӣ ҷудо накардаанд.
Ба таъкиди Бахтиёр Назарзода, сардори сарраёсати молияи вилоят, дар шаҳру навоҳӣ чораҳои дахлдор бо маблағҳои (2 миллион сомонӣ) барои муассисаҳои тиббӣ пешбинишуда, харҷномавӣ (4 миллиону 819 ҳазор сомонӣ), даромадҳои дохилӣ (2 миллиону 758 ҳазор сомонӣ) ва аз ҳисоби кумакҳои хайриявӣ амалӣ мешаванд.
Зиёда аз ин, мудири шуъбаи бистарикунонии Раёсати тандурустии вилоят Илёсиддин Саидов мегӯяд, ки мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, инчунин, саховатмандону соҳибкорон муассисаҳои тандурустии вилоятро бо либосҳои муҳофизатӣ, маводи зиддиуфунӣ, ниқобу дастпӯшакҳои тиббӣ ва дигар ашёи зарурӣ таъмин намуданд.

АВВАЛ ХУДИ КОРМАНДИ ТИБРО БОЯД ЭҲТИЁТ НАМУД
Шамсулло Олимзода, сардухтури беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов дар шаҳри Бохтар, ки чанд сол роҳбари маркази мубориза бо бемории сил дар вилоят буд, дар мавриди бехатарии табибон дар ҷойи кор чунин гуфт:
- Мо, табибон, бояд, пеш аз ҳама, худро аз сироятшавӣ эмин дорем, вагарна аҳволи беморон чӣ мешавад? Ба табибон ва дигар кормандони тиббӣ пайваста таъкид мекунем, ки истифодаи либосҳои махсуси яккарата беш аз 8-12 соат салоҳ нест ва ин масъала таҳти назорат мебошад. Дар баробари ин, долони беморхонаҳо ва ҳуҷраҳои корӣ зуд-зуд бо усули “тозакунии намнок” рӯбучин ва партовҳо фавран безарар карда мешаванд.
Дигар тадбири ниҳоят муҳим ба андешаи Илёсиддин Саидов риояи тавозуни кору истироҳат аст.
- Духтурони мо 15 шабонарӯз назди беморон меистанд, ба табобаташон машғул мешаванд. Лекин ин маънои онро надорад, ки онҳо ҳатман 24 соат кор кунанд. Табиб бояд 8 соат фориғ аз кор бошад. Яъне ба гирифторони COVID-19 бояд се гурӯҳи духтурон бо навбат хизмат расонанд, - изҳор дошт ин шифокори собиқадор.
Ба гуфтаи Илёсиддин Саидов ва Шамсулло Олимзода, омили асосии сироят ёфтани чанде аз табибони беморхонаҳои вилоят дар нахустрӯзҳои пайдоиши коронавирус дар кишвар маҳз сарфи назар кардани ҳамин қоидаҳои ҳифозатӣ буд.

“НИҚОБ НАДОРЕД? ДАРОМАДАН МУМКИН НЕСТ”
Мо бо шароити беш аз 20 ташкилоту муассисаи серодами минтақаи Бохтар шинос шудем. Қоидаҳои беҳдоштӣ то андозае риоя мешуда бошанд ҳам, вале дар чанд корхона пас аз нисфирӯзӣ навбатдорон онро назорат намекарданд, ҳамчунин қуттиҳои хлордори дар роҳравҳо гузошташуда аз гармии офтоб хушкида буданд. Ба иттилои Маҳмадҷон Абдулқодирзода, сардори сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон, қоидаҳои беҳдоштӣ дар ҳамаи дуконҳои доруфурӯшии минтақаи Бохтар бо ташкили садди муҳофизатӣ, огоҳномаҳои фосила гирифтан ва истифода аз ниқоб риоя карда мешаванд. Мушоҳидаҳои интихобии мо дар шаҳру навоҳии Бохтар, Кӯшониён ва Левакант дурустии ин гуфтаҳоро нишон дод.
Дар муассисаҳои ғайритиббӣ, аз ҷумла раёсатҳои андоз, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, кумитаи идораи замини вилоят, идораи телевизион ва радиои вилоят, шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён низ вазъ қонеъкунанда буд. Масъулони сарраёсати молияи вилоят бар замми тадбирҳои ҷорӣ, боз ҳуҷраҳои кориро тавассути чароғи квартсии зиддиуфунӣ безарар мекардаанд.
Дар филиалҳои бонкҳо дар шаҳри Бохтар, чуноне мушоҳида кардем, барои бехатарии кормандон тадбирҳои боз ҳам беҳтар андешида шудаанд. Ба қавли Баҳодур Исоқов, сардори шуъбаи “Аввалин бонки молиявии хурд”, калонсолон ва он нафароне, ки дар ҷойи кор ивазкунанда доранд, бо пурра пардохт шудани маош ба рухсатӣ фиристода шуданд.
Воқеан, зимни боздид аз ин муассисаҳо шаҳрвандонеро ҳам мушоҳида кардем, ки бе ниқоб буданд. Лекин бо талаби қатъии навбатдорон аз остонаи дар барои хариди ниқоби тиббӣ қафо мегаштанд.

ХАТАРИ КОРОНАВИРУС ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ
Зимни мулоқоти сершумор бо ҳампешаи худ Ҷумъагул Мирзоева низ вохӯрдем, ки 22 сол боз дар “Телевизиони Хатлон” муҳаррири барномаи “Мадади Сино” аст ва аз вазъияти пандемия огаҳии хуб дорад.
- Дар  ин давраи ҳассос бояд ҳар одам дар фикри саломатии  худу пайвандон, ҳамкорон бошад, тавсияҳои табибонро риоя кунад. Дар акси ҳол, чораандешии роҳбарияти  муассиса  ё  корхона  ҳеҷ  натиҷа  намедиҳад, - гуфт Ҷумъагул ва бо оҳанги таассуф афзуд. - Бо вуҷуди он ки масъулони соҳаи беҳдошт ҳамарӯза тариқи воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ гаштаю баргашта таъкид месозанд: “дастҳоятонро бо собун бишӯед”, “бо даст салом накунед”, “фосилаи иҷтимоиро нигоҳ доред”, боз мебинем, ки аксарият дар ҷойи кор бо даст салом карда, ҳамдигарро оғӯш мегиранд, 5-6 нафар дар як ҳуҷра бе ниқоб суҳбат мекунанд. Шояд ин бепарвоӣ аз коҳиш ёфтани бемории CОVID-19 дар вилояту ҷумҳурӣ бошад, ки комилан норавост. Зеро чуноне имрӯзҳо коршиносон таъкид мекунанд,  тамоили сирояти беаломат торафт афзуда истодааст. Пас бояд ҳамоно эҳтиёткор бошем.
Рақамҳои расмие, ки доир ба мубориза бо вируси нав ба «Ҷумҳурият» манзур карданд, ин гуфтаҳои болоиро таъкид месозанд. Тибқи маълумот, то 12 июл дар вилоят 5820 нафар бемори илтиҳоби шуш ва коронавирус ба қайд гирифта шуд, ки аз ин 5193 нафар шифо ёфт. Мутаассифона, 17 нафар фавтид. Айни замон 399 гумонбар таҳти назорат қарор дошта, 51 нафар дар беморхонаҳо табобат мегираду боқӣ дар хона.  

Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.07.2020    №: 131    Мутолиа карданд: 196
23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед