logo

иҷтимоиёт

«QNET» ЧӢ ГУНА ТАШКИЛОТ АСТ?

Чаро ниҳодҳои дахлдори шаҳри Кӯлоб пеши роҳи ин созмони мардумфиребро намегиранд?

«QNet» дард ва ё давои мардум?
Чандест, ки дар шаҳри Кӯлоб перомуни ташкилоти хориҷии «QNet» баҳсу мунозираҳо ва сару садоҳои зиёд давр мезананд. Яке мегӯяд, ки ташкилот дар ҳақиқат дар чаҳорчӯби қонун фаъолият дораду баҳри беҳбуди зиндагии мардум равона аст, вале аксари сокинон ақида доранд, ки он аз зумраи ташкилотҳоест, ки танҳо аҳдофаш ба даст овардани маблағи ҳангуфти муфт аст. Пас ин ду афкори муқобил то куҷо воқеият доранд? Зимни рӯи кор овардани таҳқиқи журналистӣ то андозае ҳақиқати ташкилот равшан шуд.

«QNet» таблиғот ба сарватмандӣ
Ҷаҳонгир Темуров, сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, дар ин бора изҳор кард, ки бо даъвати аъзои фаъолаш ба ин ташкилот ҷалб шуда, се рӯз дар дафтари кории дар Кӯлоббудаи он  дарси таблиғотӣ омӯхтааст.
- Давоми се рӯзе, ки ман дар ин ташкилот дарс омӯхтам, таассуроти зиёд бардоштам. «Пирамида» - аҳроме, ки онҳо доранд, воқеан дилхоҳ инсони зудбоварро фирефтаи доми худ месозад,- мегӯяд Ҷ. Темуров.- Масъулон ин аҳромро дар пеши чашмат гузоштаю ҳар гӯшаи онро тавзеҳ дода, дар як замон шахсро «сарватманд» месозанд. Баъди ба итмом расидани курс гуфтанд, ки барои дохил шудан бояд ашёеро, ки арзишаш 2000 доллари ИМА меистад, харид намоӣ. Ба гуфтаи онҳо, танҳо ин ташкилот метавонад барои расидан ба ҳадафҳои нек ва беҳтар сохтани сатҳу сифати зиндагии сокинон мусоидат кунад. Аммо, хушбахтона, аз саҳнаи каззобии ин афроди манфиатҷӯ воқиф гардидаму дуриро аз ташкилот авлотар донистам.

«QNet» киро «пайгирӣ» мекунад?  
Чун дар рафти таҳқиқ аз забони бисёриҳо вожаи «пайгирӣ» такрор шуд, мутаассифона, чӣ амале пушти ин калима пинҳон буданро дарк кардан муҳол афтод, то он замоне ки Баҳриддин Сангимадов, сокини шаҳри Кӯлоб, онро тавзеҳ надод. Ӯ низ аз ҷониби афроди ношинос,  иттифоқан ба дафтари «QNet» даъват шудааст.
- Чанд моҳ қабл ба телефони дастиам шахсе занг зада гуфт, ки «мо барои ту кори муносиб ёфтем, шиму костум пӯшида, назди шуъбаи бонки миллии шаҳри Кӯлоб ҳозир шав». Гуфтаи онҳоро иҷро намудам. Ду ҷавон омаданду худро муаррифӣ накарда, гуфтанд, ки «аз паси мо биё». Ба хонаи № 3-и маҳаллаи ба номи Менжинеский расида, ба ошёнаи сеюм баромадем. Ҷавони тахминан 23-24 - сола наздам омада, гуфт: «Мо медонем ту ба чӣ кор бандӣ, дар куҷо фаъолият дорӣ, чӣ қадар музди меҳнат мегирӣ. Ту бо ин кори давлатӣ ба ҷое расида наметавонӣ, беҳуда заҳмат мекашӣ, бо ин либосҳои куҳна мемонӣ. На соҳиби хона мешавию на мошин. Мо чанд муддат аст, ки туро пайгирӣ дорем, феълу атворат писанд омад, даъватат кардем. Мехоҳӣ ҳар моҳ 500-600 доллар маош гириву соҳиби хонаю мошин шавӣ?  Агар хоҳӣ 2000 доллар гирифта биё, аъзои ташкилоти мо шав!». Аз ин суханҳои ҷавон, ки аз зикри номаш худдорӣ кард, дар тааҷҷуб мондам. Чунон боэътимод ҳарф мезад, ки гӯиё суханҳояш куллан воқеӣ бошанд, - тазаккур дод Б. Сангимадов.
Мавсуф дар идома гуфт, ки аз забони нафароне, ки ба ин «чоҳ» афтидаанд, ташкилоти мардумфиреб будани «QNet»- ро фаҳмида, пешниҳоди онҳоро рад кардааст. Аммо мутасаддиёни ташкилот пайгирии ӯро ҳанӯз ҳам идома дода истодаанд.

«QNet» чӣ гуна мактаббачагонро ҷалб мекунад? 
Аз ҳама масъалаи нигаронкунанда он аст, ки ин ташкилот бо ҳар роҳу васила хонандагонро низ ба худ ҷалб намуда истодааст.  Санавбар Н.  (ба хотири оммавӣ нашудан, исми духтар иваз шуд) муҳассили мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 49-и шаҳри Кӯлобро дастандаркорони ташкилот бо найрангу ваъдаҳои пучу холӣ ба гирдоби сарсонӣ кашиданд. Ӯ ба ташкилот гаравиданашро чунин тавзеҳ дод: «Рӯзи аввал модарамро даъват карданд. Ман низ бо ӯ ба ҳуҷраи  «QNet», ки қаблан дар ошёнаи дуюми як ҳаммом, дар маҳаллаи Борбад ҷойгир буд, рафтам. Ҷавоне, ки худро Нозимбек Солеҳзода муаррифӣ кард, бо мо ҳамсуҳбат шуда, пурсид: «Мехоҳед соҳиби боигарии зиёд шавед?» Азбаски падарам дар муҳоҷирати корӣ буд, «албатта», гуфтем. Бо чӣ роҳ, аз куҷо ба даст овардани боигариро пурсидем. Ӯ гуфт, ки барои фаҳмидан се рӯз сабақ гирифтан лозим. Аз миён як рӯз гузашт. Худам танҳо ба ташкилот омадам. Боз ҳамон ҷавон бо ман ҳамсуҳбат шуд. Гуфт, ки падару модараш деҳқону фақиранд. Бо заҳмату талоши бесобиқа дар зиндагиашон беҳбудӣ падид наомад. Барои беҳсозии шароити оилавӣ хеле кор кард. Мутаассифона, молдор нагашт. Баробари ба ташкилот пайвастан, серпул шудааст. Ҳатто наворҳоеро нишон дод, ки пурра хусусияти ташвиқотӣ доштанд. Дар навор марде кӯшиш дар роҳи ҳаёт дорад. Либосҳояш куҳнаю фарсуда, кафшҳояш дарида. Алқисса, манзараи басо ҳузнангез. Поёни навор шигифтангез мегардад. Он мард аъзои «QNet» мешаваду аз ин бунбаст осонакак мебарояд. Соҳиби мошин, хонаҳои боҳашамат мегардад. Ба ҳамин тартиб, муддати се рӯз ба ташкилот омадам. Рӯзи ниҳоӣ Нозимбек Солеҳзода ба ман гуфт, ки барои расидан ба орзуҳо бо арзиши 2000 доллар ашёеро аз ташкилот бихар. Бо модарам дар ин бобат маслиҳат кардем. Оқибатро наандешида, аз бонк 2000 доллари ИМА қарз гирифта, як соати рӯимизӣ харидем. Ҳамарӯза ба ташкилот равуо доштам. Аммо ҳеҷ манфиат надидам. Ба ман дастур доданд, ки акнун ҳамаи кори ташкилотро медонӣ, вақти он расидааст, ки ба худат гурӯҳи наве созмон диҳӣ. Яъне 7 нафар аз шиносон ва ё хешу таборонатро шомил бикун, ҳар яки онҳо 2000 долларӣ пардохт кунанд, аз ин ҳисоб ҳар моҳ 200 - 300 доллари ИМА маош мегирӣ. Дар тараддуди иҷрои супориш шудам, ба мактаб нарафтам. Намедонистам, ки ин суханҳо афсонае беш нест. Мудири мактаб рафтори маро  мушоҳида намуда, ба чи кор банд буданамро фаҳмид. Садди роҳам шуду хост дигар бо он ташкилот ҳамкорӣ накунам. Модарам ва муаллимон талош карданд, ки маблағи додаамро аз «QNet» ситонанд, аммо…
Мақомоти прокуратура ва ШВКД-и шаҳр аз ин қазия пурра воқифанд.
 
«QNet» ва «Ҳаштхишт», таъсир ба рӯҳияи инсон
Санавбар Н. мегӯяд, аксарияти машғулиятҳое, ки дар дафтари «QNet» сурат мегирифтанд, аз китобе бо номи «Ҳаштхишт» буд. Вале ҳарферо аз он китоб дар хотир надорад. Ончунон ба рӯҳияаш таъсир расондааст, ки қариб ақлашро аз даст додааст.
Иқболбӣ Эмомова, равоншиноси мактаби мазкур, гуфт, ки Санавбар Н. аз толибилмони фаъолу болаёқат маҳсуб меёфт. Баробари дохил шудан ба ташкилот рафтораш комилан тағйир ёфт. Ҳатто муаллимонро даъват мекард, ки омада аъзои «QNet» шаванд.
- Баъдтар мушаввашхотиру парешон ба чашм мерасид. Дар доираи салоҳияти худам бо вай қарин гардидам. Аз суханҳояш маълум шуд, ки ҳақиқатан ба афкораш таъсири манфӣ расидааст. Тамоми ақлу ҳушаш ба он ташкилот банд буд. Ҳамроҳаш ба он  ҷо рафтам ва дар яке аз машғулиятҳои онҳо ширкат варзидам. Воқеан, навору ҳаракатҳои масъулони «QNet» фардро аз меҳнат ва ризқи ҳалол дур сохта, ба муфтхӯрӣ ҳидоят мекунад. Зудбоваронро ба дом меандозад, - илова намуд равоншинос.

«QNet» бидуни роҳбар фаъолият мекунад?
Баъди суҳбат бо шоҳидон, ба дафтари кории ташкилот, ки дар хонаи №1 - и маҳаллаи ба номи Нурулло Ҳувайдуллоеви шаҳр мус-тақар аст, сар задам. Вақти вориди ҳуҷра шудан, мардону занони миёнасол ва духтарону писарони ҷавон ба назар расиданд. Ҳама саргарми кор буданд. Дуруст назар афканӣ, гӯиё бозии шоҳмот бошад. Ду ҷавон онҳоро роҳнамо буданд. Яке исмашро Афзалшоҳ гуфт. Масъули асосии ташкилот дар шаҳр Нозимбек Солеҳзода будааст.
Мавсуф изҳор дошт, ки ӯ роҳбар нест, ҳар як узви ташкилот худмухтор аст. Мутаассифона, дар ин бора иттилои кофӣ доданро рад кард.
-  «QNet» ташкилоти хориҷии тиҷоратист. Алҳол дар ҷумҳурӣ ҳудуди 7 ҳазор нафар коргар дорад. Феълан фаъолияти моро ҷойи тавзеҳ додан нест. Чунки барои таассуроти мукаммал бардоштан, бояд се рӯз назди ман омада машварат бигирӣ. Ҳоло бошад, вақти ман бисёр кам аст, - гуфт Н. Солеҳзода.
Саволҳои зиёде бепосух ва муаллақ монданд. Аз ҳама муҳим, чӣ вазифаро иҷро кардани «Ҳаштхишт» возеҳ нашуд.

«QNet» ва таърихи он
Таҳқиқот нишон дод, ки нахуст «QNet» соли 1998 дар шаҳри Ҳонконги Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис ёфтааст. Виҷей Эсфаран, Патман Сенатираҷ, Ҷозеф Бисмарк, Дона Имсон дар ташкили он нақши калидӣ доранд. Аввал бо номи  «GoldQuest», «QuestNet» фаъолият дошт, баъд номи «QNet»-ро гирифт. Фаъолияти тиҷорати байналмилалиро роҳандозӣ кардааст. Ашёҳое, ки ба фурӯш мегузорад, био диск, соат, ҷавоҳирот, ҷиҳози хонаро дарбар мегиранд. Ба гуфтаи онҳо, биодиск ашёест, ки қариб ҳама намуди бемориҳоро шифо мебахшад. Вале бисёриҳо хусусияти шифобахшии онро қа-бул надоранд. Бо ҷурми паст будани сифати мол ва қаллобӣ дар бисёр давлатҳои хориҷӣ нисбат ба ташкилот ҷазо дар намуди ҷарима ва бастани фаъолият татбиқ шудааст. Борҳо зери тозиёнаи танқиди расонаҳои хабарии байналмилалӣ қарор гирифтааст.
Дар шаҳри Кӯлоб, бо вуҷуди фиреб хӯрдани сокинон аз «QNet», мақомоти марбута чорае намеандешанд. Аз ҷайби мардум бой шуданро кӣ иҷозат додааст? Наход ниҳодҳои дахлдор ин ҳамаро намебинанд?

Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.06.2014    №: 118    Мутолиа карданд: 954

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед