logo

иҷтимоиёт

«QNet» ЧӢ ГУНА ТАШКИЛОТ АСТ? - 2

Чаро масъулони «QNet» ин ҳама қонуншикании худро намебинанд?
Баъди дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» мавриди интиқод қарор гирифтани фаъолияти ташкилоти хориҷии дар шаҳри Кӯлоббудаи «QNet», билохира роҳбарони он, ки то имрӯз нафаре онҳоро намешинохт, аз зери «парда»-ҳо садо баланд намуданд. Ба вижа, Сайҳомид Маҳмудов, директори Намояндагии дорои масъулияти маҳдуди «Квестнет (БВО)» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мавсуф дар вокуниш ба мақолаи «QNet» чӣ гуна ташкилот аст?» («Ҷумҳурият»,  №118, 21 июни соли 2014 ), кӯшидааст, ки аз «QNet» - ро «мусичаи бегуноҳ» шумураду кулли далоили матлабро ботил «ҳукм» кунад. Мутаассифона, аз худ боре суол намекунад: «Кадом намади сиёҳ бо шустан сафед шудааст?»   
 
Найранг ва ё як тиру чанд нишон?
Тавре маълум гардид, шурӯъ аз соли 2008 созмони «QNet» дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ сабт шуда, бо иҷозатнома, расман фаъолият доштааст. Намояндагони мустақили ширкат дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ин иҷозатномаро нусхабардорӣ намуда, озодона фаъолият доранд. Аҷибаш ин аст, ки ҳар намояндаи мустақиле, ки ба худ гурӯҳ созмон медиҳад, баҳри бовар кунондани мардум ва рӯзи мабодо, аз намояндагони дигари ташкилот нусхаи иҷозатномаро дастрас намудаю бемамониат низоми кори худро пиёда месозад. Саволе ба миён меояд, ки магар бо як иҷозатнома дар сар то сари мамлакат фаъолият кардани кулли намояндагони созмон саҳеҳ аст? Ин дар ҳолест, ки ҷаноби Маҳмудов мегӯяд, ки намояндагони мустақил коргари ширкат нестанд ва онҳо танҳо бо ширкат ҳамкоранд. Пас, намояндаи мустақил корманди ширкат набошад, иҷозатномаи дар даст доштаю ҳамчун аз номи ташкилоти «QNet» баромаду фаъолият карданаш чӣ асроре дорад? 
Намояндагии ширкат аъзои мустақили худро баҳри ташвиқ ва рушди тиҷорат муваззаф кардааст. Вале дар вақти ба мушкил мувоҷеҳ шудан, сирф намояндаи мустақилро бегона мехонад. Албатта, ҳар нафари соҳибшуур ба умқи маънии ин гуфтаҳо сарфаҳм хоҳад рафт.

Кормандони мустақили «QNet» қонун мешикананд
Таҳқиқ нишон дод, ки баробари дар Тоҷикистон расман ба фаъолият пардохтани  «QNet», дар шаҳри Кӯлоб низ намояндагони мустақилаш фаъолияти ширкатро роҳандозӣ намуданд. Нахустин нафароне, ки барои ҷалби сокинон ва фурӯши маҳсулоти ширкат банд буданд, бародарон - Бобоҷон ва Сабзаалӣ Сафаров мебошанд. Табиист, ки қабл аз ифтитоҳи фаъолияти тиҷоратӣ, соҳибкор бояд пардохти андози давлатиро дар меҳвари таваҷҷуҳ гузорад. Аммо онҳо аз соли 2008 то кунун фаъолияти хешро дар қайди нозирот нагузошта, хилофи қонунгузории мамлакат кор мебаранд. 
Фарҳод Раҳмонов, сардори Нозироти андози шаҳри Кӯлоб, дар ин бора тазаккур дод: «То он замоне, ки дар «Ҷумҳурият» матлаб дар бораи кори ширкат нашр нашуд, касе аз кормандони нозирот намедонистанд, ки чунин ташкилот дар шаҳр фаъолият дорад. Нозирон барои дарёфти мутасаддиён ва бошишгоҳи ташкилот дар шаҳр сафарбар шуданд. Дар як суҳбати телефонӣ Нозимбек Солеҳзода, намояндаи худмухтори ширкат, гуфт, ки гӯиё 9 моҳ пеш ҳуҷҷатҳояшро барои сабт намудан ба нозирот супурдааст, вале, мутаассифона, ҳеҷ ҳуҷҷате аз номи ин шахс ёфт нашуд. Бо даъвати кормандон Сафаров ва Солеҳзода ба идораи нозироти андоз ҳозир шуда, тасдиқ карданд, ки дарвоқеъ бидуни сабт фаъолият доранд. Бобати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо дурӯғ гуфтаанд».
 
«QNet» миллионҳо сомониро аз Тоҷикистон мебарорад
Бино ба иттилои намояндаи соҳибихтиёри ширкат, алъон «QNet» дар ҷумҳурӣ тақрибан 6 - 7 ҳазор нафар коргар доштааст. Ҷойи зикр аст, ки ҳамаи ин афроди дар қайди ташкилотбуда бо хариди маҳсулоти пешкашнамудаи созмон шомили ин «тиҷорат» гардидаанд. Хариди мол аз куҷо? Аз ширкатҳои мамолики хориҷ! Аз ин тиҷорат бӯйи умед кардан равост?
Барои мисол. Нафаре бо таблиғу муаррифии намояндагӣ ва ё паҳнкунандагони мустақил аз «QNet», соат, биокулон, биодиск ё дигар навъи маҳсулотро ба ҳисоби миёна, бо маблағи 2 ҳазор доллари ИМА харид. Бигузор аз ин, 500 доллар фоидаи софи савдогар шавад. Нигаронкунанда ин аст, ки 1500 доллари бақияи нақд аз Тоҷикистон ба иқтисодиёти давлатҳои хориҷие, ки «QNet» бо онҳо ҳамкории тиҷоратӣ дорад, ошкоро медарояд. Акнун сари андеша биёед, ки 6 - 7 ҳазор нафари шомили «QNet» - шуда, чӣ қадар маблағи нақдии ҷумҳуриро аз дохил ба ширкатҳои хориҷи кишвар бурда, бар ивази ин - миллионҳо сомонӣ ба мо чӣ манфиат дода истодаанд? Ягон маҳсулоти ширкат дар бозори истеъмолӣ ниёзи аввал маҳсуб намеёбад. Иқтисодшиносон чунин амалро зарбаи манфӣ ба иқтисодиёти давлат медонанд. Ин дар ҳолест, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри баланд бардоштани иқтисодиёти мамлакат, самаранок истифода бурдани фондҳои пулӣ тамоми тадбирҳои заруриро рӯйи кор гирифта истодааст. Аммо баромади чунин маблағҳои ҳангуфт аз кишвар таъсири манфист барои рушди иқтисод. Дар ин маврид, ҷубронкунандаҳои хисоротрасонро пайдо кардан муҳол аст. Зеро намояндагии «Квестнет» ҳамаи иттиҳомотро бар дӯши намояндагони мустақил  вомегузораду мустақилон ба намояндагӣ.
Мисоли дигар. Бо гузашти солҳо ташкилот доман паҳн намояд ва тамоми аҳолии кишварро аз шуғлашон дур созаду шомили худ кунад. Ҳамаи ин нафарон қарз карда, аз захираҳои молӣ истифода намуда, маҳсулоти ширкатҳои «QNet»-ро бихаранд. Қисмати аъзами маблағ ҷайби нафарони дар аввал истодаро пур мекунад. Ашхоси дар миён буда аз ҳисоби ҷалби одамон каме аз ин маблағ баҳраманд мегарданд. Вале, саволи матраҳ ин аст, нафароне, ки дар поёнанд, аз куҷо маблағи пардохтаашонро мегиранд, киро барои хариди маҳсулот ҷалб месозанд, ба кӣ мол пешниҳод мекунанд? Ба аҳроми «QNet» амиқ назар афканӣ баръало маълум мешавад, ки оқибат нафарони дар поёнбуда ба муфлисӣ рӯ ба рӯ мегарданд. Низоми кории ташкилот собитгари он аст, ки дар ин бозӣ нафарони зиёд бохт мекунанд. Чунки захоири инсоният бидуни гардиш фаношаванда аст.

7 ҳазор нафарро ба «QNet» чӣ пайваст?
Маҳмудов мегӯяд: «QNet» ба таблиғ ниёз надорад». Ин ҷумла водорам кард, ки бо якчанд сокини шаҳри Кӯлоб, ки аз ҷониби намояндаҳои мустақил «пайгирӣ» ва даъват шудаанд, ҳамсуҳбат гардам.
Дилшод Назирмадов, корманди филиали Муассисаи давлатии ТВ «Сафина» дар Кӯлоб, изҳор кард, ки аъзои ташкилот ҳамарӯза аз ӯ хоҳиш мекарданд, ки ба «QNet» бипайвандад.
Василаи дигари ҷалб ба ташкилот, ба хонаҳои сокинон рафтану фиреби ошкоро кардан аст. Қ. Сафарова, сокини шаҳр, шоҳиди макри ин қишр аст. Номбурда дар мусоҳиба бо дили нолон таърихчаи ба ширкати фавқуззикр шомил ва зиён диданашро чунин тавзеҳ дод:
- Вақте маро Нозимбек Солеҳзода ва Афзалшоҳ Раҷабов барои ворид шудан ба «QNet» даъват намуданд, сирф даъваташонро рад кардам. Вале ба хона меомаданд ва мегуфтанд, ки «мо шуморо ҳамчун модар медонем. Омадани мо ба фоидаи шумо хоҳад буд. Ба ташкилот пайвастед, соҳиби тамоми молу сарват мешавед. Шавҳару писаратонро аз Русия даъват мекунем ва онҳоро низ ба ширкат ба кор мегирем». Қариб 4 - 5 маротиба ба хонаам омаданд. Ҳарчанд мефаҳмондам, ки шароити хуб надорам, маблағам барои хариди маҳсулоти шумо намерасад, вале ба ҳолам намегузоштанд. Ба афкорам таъсир расонданд. Рӯзе ҳамроҳашон рафтам. Дар ошёнаи дуюми ҳамоме ҷой доштаанд. Марди миёнасоле ба пешвозамон баромаду худро Бобоҷон Сафаров муаррифӣ кард ва гуфт: «Хуш омадед! Хуш ба ҳолатон. Маълум, ки дар ҳаётатон чи некии азим кардаед, зеро танҳо барои некбахтон пайвастан ба ташкилот муяссар мегардад. Шукр гӯед, одами Худодод будаед». Бо шунидани ин суханҳо эътимодам афзуд. Пул надоштанамро аллакай дарк карда буданд. Солеҳзода ва Сафаров гуфтанд, ки хешу пайвандони наздикатро ном гир. Бо низом ном гирифтам. Навишта дар дастам доданд, то аз ҳар нафари онҳо 100-200 сомонӣ қарз гирам. Пешниҳодашонро рад кардам. Роҳи аз бонк қарз гирифтанро нишон доданд. Хулоса аз бонки «Эсхата» 2000 доллари ИМА қарз гирифтам. Нафарони боло аз мағозаи интернетӣ маҳсулот пешниҳод карданд. Як соати швейтсарӣ ва як биокулон, ки гуфтанд барои чанд намуди беморӣ шифо мебахшад, ба маблағи 2060 доллар харидам. Сипас 100 доллар офиспулӣ ва 40 доллар китобпулӣ талаб карданд. Ин маблағҳоро низ пардохтам. Қаблан гуфта буданд, ки фаъолият дар ширкат ба тариқи шартнома сурат мегирад. Вале ҳеҷ шартномае имзо нашуд. Мерафтаму меомадам, гоҳо духтарам мерафт. Сиёҳие қалбамро фаро гирифта буд. Ҳудуди 20 рӯз ҳамкорӣ кардам. Ба ман тарзи даъват ба амал оварданро хуб омӯхта, барои таблиғи одамон равонам карданд. Бояд ду нафар меовардам, онҳо аз маҳсулоти ташкилот мехариданд, аз ҳисоби фурӯш суде мебардоштам. Аммо, мутаассифона, дар ин кор муваффақ нашудам. Ҳар нафареро меовардам, мегурехт. Моҳи супурдани фоизи маблағи бонк наздик мешуд. Имконияти пардохтро надоштам. Аз он ашёҳои харидаам Н. Солеҳзода танҳо соатро дар дастам доду халос. Талаби биокулонро кардам, суханамро шунидан нахостанд. Билохира сари як мақсад омадам: ашёи харидаам - соатро бозпас мегардонаму маблағамро диҳанд. Бо гуфтани ин гапҳо ба ҳолам хандиданд. «То агар ду нафарро наёрию маҳсулот нахаранд, маблағро намебинӣ», - гуфт Б. Сафаров. Шавҳару писари муҳоҷирам қарзамро пардохтанд.
 
Шарҳи кӯтоҳи «пайгирӣ»
Чун дар матлаби қаблӣ атрофи «пайгирӣ» ишора намуда будем, намояндагони расмӣ ва мустақили «QNet» ба хотири ифшо нашудани асрори ин вожа, писханд зада, ин калимаро тахайюли бофтаи муаллиф гуфтанд.
Таваҷҷуҳ! Иқтибос аз «Ҳашт-хишт»: «Пайгирӣ кардан бахши муҳим дар кори мо ва шумо мебошад. Ҳатман баъди 24 соат пас аз ҷаласаи муаррифӣ ба назди шахсе, ки кор ба ӯ муаррифӣ шудааст, биравед ва дар бораи компания ва Network суҳбат кунед. Бе пайгирӣ ягон дӯсти ту вориди кор намешавад. Мисол: оҳанеро гарм кардаед ва 24 соат вақт доред онро шакл диҳед. Шумо бояд ҳамроҳ бо ӯ бошед, то он вақте ки ӯ харид анҷом диҳад… Бо омадани онҳо на шумо пулдор мешаведу на онҳо». Ин нигоштаҳо аз саҳифаҳои дафтари дарсии собиқ намояндаи мустақили «QNet», ки ҳангоми фаъолияташ дар ин ширкат ба ӯ сабақ додаанд, бардошта шуд. Ҳаволаи кушодани муаммои бемантиқу сермуҳтавои ин сатрҳо ба ниҳодҳои дахлдор.

Барангехтани кинаю адоват ба хотири пул?
Қ. Сафарова афзуд, ки дар раванди сабақомӯзӣ дар ташкилот Б. Сафаров ва Н. Солеҳзода ба ӯ ва дигарон мегуфтанд, ки «шумо дар давлат кор мекунед, як моҳи тамом мераведу меоед, вале маоши ниҳоят паст мегиред. Ана муаллимонро бинед, аз субҳ то шом дарс мегӯянд, азоб мекашанд, маоши кам доранд. Кори онҳо барои аз гуруснагӣ намурдан аст. Мабодо бемор шаванд, зуд ба нафақа мебароранду касе суроғ ҳам намекунад. Ҳатто пули нафақаашон барои пешбурди зиндагӣ намерасад. Дар «QNet» бошад, шумо имконият пайдо мекунед, ки сари ҳафта то 6 ҳазор доллар ёбед. Миллионер мешавед, сайри дунё мекунед, хонаҳои боҳашамат месозед».
- Бисёртар донишҷӯёнро ба ташкилот ҷалб месозанд. Вақти дар ширкат буданам, фақат донишҷӯдухтарону писарон рафтуо доштанд. Омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб низ намояндагони мустақили ширкат буданд, - мегӯяд Сафарова.- Масъулони ташкилот ба донишҷӯён мегуфтанд, ки 5 сол беҳуда хондану корманди давлатӣ шудан чӣ маънӣ дорад? Биёед, тавассути ширкат ба тиҷорати шабакавӣ банд шавед, соҳиби тамоми молу амвол хоҳед гашт.
Як наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, ки зане худро Назокат Эгамбердиева, сокини шаҳри Душанбе, ҷабрдидаи  «QNet», муаррифӣ намуда, мегӯяд: «Намояндагони ширкат ба мо гуфтанд, ки дар давлат кор мекунед, маоши ночиз мегиред, аммо бо мо дар муддати кӯтоҳ миллионер мешавед…».
Аз ин возеҳ мегардад, ки миёни мардум бедор кардани  ҳисси бадбинӣ, барангехтани кинаю адоват, дур кардани мардум аз давлат на танҳо хоси кормандони мустақили дар шаҳри Кӯлоббудаи ширкати  «QNet» будааст, балки дар пойтахти кишвар низ вазъ чунин аст. Ба ҷуз ин ашхос ҳастанд нафароне, ки гувоҳӣ ба ин амали зиддиқонунии намояндагони ширкат медиҳанд. Дар ҳоле ки қонунгузории кишвар таблиғоти зидди сиёсати давлатро маҳкум месозад, ин афрод чаро дидаю дониста даст ба ин кирдор мезада бошанд?

Хулоса
Ҳадаф аз бурдани таҳқиқ ва нашри ин матлаб, на тамғазанӣ асту на ҳукм кардан. На муғризӣ ва на ҳангомаҷӯӣ. Балки инъикос намудани воқеият аст. Ба ин мавзӯъ «Ҷумҳурият» боз хоҳад гашт.

Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.07.2014    №: 131    Мутолиа карданд: 1149

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед