logo

сиёсат

АСРОРИ ПУШТИ ПАРДАИ ТИҶОРАТИ КАБИРӢ

Вақт довари асосии зиндагист ва батадриҷ пардаро аз болои ҳама асрори пӯшида бардошта, ҳар касро дар нусхаи асли худаш нишон медиҳад. Муайян мекунад, ки пушти суханҳои фасеҳу зебо ва ваъдаҳои болохонадор кадом ҳадафҳое пайгирӣ мешаванд.
Вақте Муҳиддин Кабирӣ ба симати раиси Ҳизби наҳзати исломӣ интихоб шуд, бархеро умедвор кард, ки акнун ӯ ҳизбро аз маҳлули омехтаи ҷаҳлу ришу ҷелак берун мекашад ва онро бо симову замири зиёӣ, пайрави исломи муътадилу хоси тоҷикона муаррифӣ месозад. Вале ин умедҳо мисли саробе дар дидаҳо ҷило додаву зуд маҳв гаштанд. Маълум гашт, ки барои Муҳиддин Кабирӣ ин ҳизб танҳо воситаест барои боло бурдани имиҷи шахсиаш, муҳайё сохтани заминаҳои иҷрои супоришҳои фармондеҳону маблағгузорони берунӣ, сарватғундорӣ ва нигаҳдошти моликияти худӣ.
Чун дафтари фаъолияти сиёсии Муҳиддин Кабириро варақ мезанем, мебинем, ки он саропо аз боздиду вохӯрӣ бо намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, ширкат дар симпозиуму конфронсҳои гуногуни дохилӣ, минтақавӣ ва монанди инҳо иборат аст. Дар Теҳрону Истанбулу Мисру Қатар аз «бедории исломӣ», таъқибу таҳвину таҳқири ислом, ниёзҳои он ба дастгириву ҳимоя шиор мепартояду дар Вашингтону Мюнхену Парижу Лондон ба он «озодию демократия» - и ғарбӣ арҷ мегузорад, ки имрӯз ними машриқзамин «мазза» - ашро мечашад.
Муҳиддин Кабирӣ аз нисф бештари давраи ваколаташро дар порлумони кишвар сарфи сафарҳо кард. Соле беш аз 250 рӯзашро дар хориҷ аз Ватан мегузаронду мегузаронад. Ҳар куҷо, ки меравад, шиква ҳамсафари ӯст. Дар умраш аз пешрафту рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол забон накушодааст. Боигарии луғавии каломаш танҳо аз вожаҳои «фишор», «таъқиб», адами «озодбаёнӣ», «демократия», «режимҳои худкома» ва монанди инҳо иборат асту халос. Зеро медонад, ки ин ҳарфҳо барояш фоида меоранд. Зери пӯшиши фаъолияти ҳизбӣ садҳо ҳазор доллар ба хазинаи шахсиаш мерезад, фарзандонаш дар макотибу донишгоҳҳои бонуфузтарини дохилу хориҷ мехонанд.
Орзуи бардоштани фоидаи шахсӣ ва аспи маснад Кабириро дар паҳнои серҷанбаи бозиҳои сиёсии идеологҳои минтақавию ҷаҳонӣ ба гирдобе кашиданд, ки торафт дар он амиқтар меравад. Бозиҳояш гоҳе бо шарқу гаҳе бо ғарб боиси он гаштанд, ки натавонист вазифаҳои дар наздаш аз ду ҷониб гузошташударо иҷро намояд. Баръакс, созишҳои духӯрааш бо ҷаҳолати исломию найрангҳои дунявии имрӯза, обрӯи ӯву ҳизбашро дар ҷомеаи тоҷик ончунон коста кард, ки аз ду курсии парлумон низ халос шуд. Мардум дар интихобот ба ҲНИТ раъй надод.
Омили дигаре, ки боиси пастравии нуфузи Муҳиддин Кабирӣ дар ҷомеа, пеш аз ҳама, миёни ҳамҳизбонаш гардид, тақсимоту истифодаи маблағҳои ҳизбист. Дар сатҳи болоӣ ва ҳайати шӯрои сиёсии ҳизб қисмате аз тақсимот ва ғайримақсаднок истифода шудани кумакҳое, ки аз берун ба номи ҲНИТ ворид мешаванд, эътироз намуданд. Зеро ба ақидаи онҳо, ин маблағҳо тавассути наздикони худи Кабирӣ ба Тоҷикистон интиқол меёбанд ва дар амалӣ кардани лоиҳаҳои тиҷорати инфиродии раиси ҲНИТ истифода мешаванд.
Баҳсҳо атрофи бозори Муҳиддин Кабирӣ дар шаҳри Турсунзода тарафи дигари фаъолияти ӯро барои сокинони ҷумҳурӣ ошкор кард. Ин қазия собит сохт, ки номбурда аз адолати иҷтимоию дастгирии бечорагон танҳо суханбозӣ мекунад, дар асл гуфтори ӯ бо амалаш ҳамеша дар ҷанг аст. Бозори «Саховат» дар ҷойе бунёд шуда буд, ки қаблан майдони варзишии бачагона будааст. Яъне, раиси ҲНИТ садҳо наврасу ҷавонро аз рушду такомули варзишӣ боздоштааст. Кабирӣ хеле зуд аз бозор даст кашид ва мехост ба ин васила нишон диҳад, ки ӯ иштибоҳ кардааст ва акнун онро ислоҳ мекунад. Аввал мегуфт, ки хешу таборашро талқин кардаву тиҷораташонро аз Русия кӯчонда, бо пули худашу онҳо ин бозорҳоро харидааст. Бо пули аробакашҳои Черкез, бозореро бо нархи як миллион доллар метавон харид? Агар чунин имконе мебуд, чаро имрӯз мо тоҷикистониҳо соҳиби як миллион бозор нестем? Раҳматат Кабирӣ, эй «ҳомии миллат!». Пули аробакашӣ агар барои бозорхарӣ кофӣ буд, чаро як мактабе, боғчаи кӯдаконае, беморхонае насохтӣ?
Баръакс, раванди таҳқиқи баъзе иншооти хусусигардондашуда аз ҷониби идораҳои марбута нишон дод, ки Муҳиддин Кабирӣ бо аъмоли ба қонун мухолифатдошта на як бору ду бор даст задааст. Чунончи, ҳангоми таҳқиқи парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба далели хусусигардонии ғайриқонунӣ маълум шуд, ки соли 1999 раиси ҲНИТ сохтмони нотамоми беморхонаи касалиҳои сироятиро, ки барои 500 ҷой пешбинӣ шуда буд, бо 10 гектар замини атрофаш дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ, бо маблағи ночиз харидорӣ намуда, тавассути созишномаҳои сохтаи ҳадясозӣ, бо истифода аз дасти дувум ба сифати замини наздиҳавлӣ барои дигарон фурӯхтаанд. Ин амали қаллобона аз ҷониби мақомоти судӣ ошкор ва ашхоси дастдошта ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Ҳама, ба истиснои соҳибмулки асосӣ - Муҳиддин Кабирӣ. Аз рӯи шартномаи хусусигардонии иншооти мазкур, ки 50 дар сади сохтмони он қаблан анҷом ёфта буд, Кабирӣ уҳдадор буд, ки бинои беморхонаро пурра сохта, мавриди истифодаи сокинони шаҳри Душанбе қарор диҳад. Тибқи ахбори як манбаи муътамад аз мақомоти зидахли тафтишотӣ, тақаллубкориҳои сарвари ҲНИТ ҳангоми хусусигардонии иншооти зикргардида, такроран аз ҷониби мақомоти дахлдор таҳқиқ гардида, далелҳои шайъӣ собит шуданд ва дар доираи парвандаи алоҳидаи ҷиноятӣ тибқи қонун баҳогузорӣ хоҳанд шуд.
Тавре мебинем, роҳбари ҲНИТ аз молу сарвати чашмрас бархӯрдор аст ва ҳатто шарикони ҳизбиаш ҳамаи инро маҳсули маблағҳои ба номи ҳизб аз тарафи кишварҳои манфиатдор ҷудошуда мешуморанд. Аз ҷумла, дигар бозору тиҷоратгоҳҳои Муҳиддин Кабирӣ, ширкатҳои сохтмонии ӯ, хонаҳои бешумораш дар шаҳри Душанбе ва сарваташ дар қаламрави Туркия, таҳсилу истиқомати оила ва фарзандонаш дар ҳудуди ин кишвар. Шояд вақти санҷидани ҷанбаҳои қонунии пайдоиши ин ҳама боигарӣ аз тарафи мақомоти марбутаи давлатӣ расида бошад?!
Аз тарафи дигар, сарвати роҳбарони имрӯзаи ҲНИТ, хонаҳои боҳашамати меросмонда аз пешвоёни собиқи ҳизб, бинои мағозаи «Олами кӯдакон», ки аз тарафи меросхӯрон ба маблағи 2 миллиону 800 ҳазор доллари ИМА фурӯхта шуд, сирри «мубориза» - ҳои дирӯзаю имрӯзаи ҲНИТ-ро кушоданд. Ин ҳама танҳо барои манфиати шахсӣ будаанд, на аз ин бештар.
Имрӯзҳо Муҳиддин Кабирӣ боз дар сафар аст. Пар - паракҳое дорад, ки дигар суръату самташонро гум кардаанд. Танҳо маълум аст, ки судеро дар онҳо барои мардуми тоҷик пайдо кардан мушкил аст. Ӯ ҳаргиз ва дар ҳеҷ куҷо забон ба дастгирии манфиатҳои миллӣ накушодааст. Ҳар ҷое сафар анҷом диҳад, зарбаи нахустинаш бар решаи ҳайсияти миллии мо мерасад. Кӯшишаш ҳарчӣ бештар бечоранолию ҳақир нишон додани худу миллаташ аст. Мисли гадое, ки ҳарчанд сер аст, аз табиати ғуломи нафс гаштааш, бо ниҳояти зорӣ худро нотавону афтодатар пешкаш месозад. Барои гадо фарқ надорад: новобаста аз миллату қавму нажод, дину ойин аз ҳама металабад. Дар Эрону Туркия, Мисру Қатар, Иёлоти Муттаҳидаи Амрикову Англия, Исроилу Русия…
 Анвари КОМИЛ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.06.2015    №: 123    Мутолиа карданд: 9708
25.11.2022


ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. 6 МАЙ - РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД

ВМКБ. ҶАЛАСАИ СИТОД ОИД БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

24.11.2022


ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - САРЧАШМАИ ПИРӮЗИҲО

23.11.2022


Интихобот дар Қазоқистон рақобатпазир ва шаффоф буд

ҶОМИ ҶАҲОН

22.11.2022


Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ФОРУМИ ҶАВОНОН БАРОИ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ВА РУШДИ КАСБИЯТ РАВЗАНАИ НАВ БОЗ КАРД

«ЗОДРӮЗИ ТОҶИКИСТОН»

МУАРРИФИИ ОШИ ПАЛАВ ДАР ҶОПОН

САМАРҚАНД. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

21.11.2022


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН. ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ҶОНИБЕК АКОБИР

ЧЕМПИОНАТИ CAFA – 2022

16.11.2022


Ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон

Чин бар зидди ихроҷи Россия аз G20 баромад кард

СУҒД. ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ТУРК БА ВИЛОЯТ

ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ. АЗ БАРҚАРОРИИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ СӢ СОЛ ГУЗАШТ

«ОРМОНИ МИЛЛАТ: «РОҒУН» БУЗУРГТАРИН САРБАНДИ АСРИ НАВ»

15.11.2022


Ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Президенти Индонезия дар Бали нишасти G20-ро ифтитоҳ кард

ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛА БА 100 ҲАЗОР ТОННА МЕРАСАД

ПРЕСС-ТУРИ НАВБАТИИ РӮЗНОМАНИГОРОН БА НБО «НОРАК»

Қадрдонии варзишгари тоҷик аз ҷониби Рустами Эмомалӣ

11.11.2022


Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Эрон изҳори таслият кард

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. АЗ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ-АДАБӢ ТО САЙРИ ФАРОМАРЗИИ «ГАНҶИ СУХАН»

10.11.2022


ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. ФОРУМИ ҲАШТУМИ МИЛЛӢ БАРГУЗОР ГАШТ

6 НОЯБР. САНАДИ БУНЁДИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ 28-СОЛА ШУД

04.11.2022


САМАРҚАНД. ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ ГАРДИД

ПОЙТАХТ. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ ДЎСТӢ

СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ. ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ЗАНОН ДАР ИДОРАИ УМУРИ ДАВЛАТДОРӢ

03.11.2022


Лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2023 ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд

ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН. ТАНТАНАИ ДӮСТӢ ДАР НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА МАҲФИЛИ ШОИРОН


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед