logo

фарҳанг

Дастхатҳое, ки дар олами ислом беназиранд

Бозёфти нодир аз Санҷаршоҳи Панҷакент

Нимаи аввали солҳои сиюми асри гузашта, вақте дар қалъаи Муғи ноҳияи Айнӣ нахустин маротиба дар Осиёи Миёна аз ҷониби шарқшиноси маъруф, устоди Донишгоҳи Санкт –Петербург А. Фрейман дар байни ҳуҷҷатҳои бойгонии суғдии Деваштич дастхати арабии асрҳои VIII-IX дарёфт шуд, онро чун бозёфти хеле нодир ва арзишманд арзёбӣ намуда буданд. То кунун он ягона дастхат ба забони арабӣ дар аввали футӯҳоти ислом маҳсуб меёфт.
Инак, соли гузашта дар шаҳраки қадимаи Санҷаршоҳи шаҳри Панҷакент бостоншиносон боз якчанд порчаи дастхати арабии он асрҳоро пайдо намуданд.
Ин бозёфти нодирро сарвари ҳафриёт, олими бостоншинос, корманди Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Шарофиддин Қурбонов чунин шарҳ дод:
-Шаҳраки (теппаи) Санҷаршоҳ дар дувоздаҳкилометрии қисмати шарқии шаҳри Панҷакент, дар   самти ҷанубии деҳаи Сӯҷина, дар соҳили рости  Моғиёндарё  ҷойгир буда, бори нахуст соли 1947 аз ҷониби шарқшиноси номии шӯравӣ О. Смирнова таҳқиқ шудааст. То кунун дар шаҳрак ҷустуҷӯҳои доимии бостоншиносӣ сурат нагирифта буд. Таҳқиқи ёдгорӣ соли 2008 бо дастгирии ҷамъияти Швейтсария оид ба таҳқиқи Аврупою Осиё ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент оғоз ёфта буд.
Сокинони маҳаллӣ ин шаҳракро Санҷаршоҳ ном мебаранд. Вале он ба Султон Санҷар –Муизиддин Абӯҳорис Аҳмад ибни Маликшоҳи Салчуқӣ, ки солҳои 1118-1157 ҳукмронӣ кардааст, робитае надорад. Ёдгории мазкур шаҳраки асримиёнагии барвақтии суғдӣ буда, ба асрҳои V-VII мелодӣ тааллуқ дорад ва дорои 5 гектар масоҳат мебошад. Он аз қалъаи (дизи) шоҳнишин, шаҳристон, работ ва некропол иборат аст. Таҳқиқоти бостоншиносӣ ин ҷо акнун шурӯъ гардидаанд. Мутаассифона, солҳои панҷоҳум ва ҳафтодуми асри гузашта як қисмати ёдгориро ҳамвор намуда, дар болои он боғ бунёд кардаанд.
Нахустин пажӯҳиш дар қисмати шимолу ғарбии ёдгорӣ шурӯъ гардид. Ҳангоми ковишҳо аз зери теппа боқимондаи қалъаи мудофиавӣ ёфт шуд, ки бинои он аз хишти хом аст. Баландии то имрӯз боқимондаи бурҷи қалъа 6,6 метрро ташкил медиҳад.
Сафолпораҳое, ки аз ҳуҷраҳои бурҷ ёфт шудаанд, гувоҳӣ медиҳанд, ки онҳо ба асрҳои V мелодӣ ва баъд аз он тааллуқ доранд. Дар қабати аввали бурҷ давродаври он тиркашҳои зиёде сохтаанд. Ҳангоми ҳафриёт ёздаҳ тиркаш аз зери хок тоза гардид.
Ҳамчунин дар ҳуҷраҳои ёфтшудаи бурҷ хумбҳои ғалла, сӯфаҳо, равоқҳо барои пилтачароғҳо ва оташдонҳо ёфт гардиданд, ки бо гаҷу коҳгил андова шудаанд. Ҳамаи деворҳо ва фарш аз хишти хоманд.
Аз ҳафриёт боқимондаҳои зарфҳои сафолию шишагӣ, тангаҳои мухталиф –амогянӣ (нимаи дуюми асри VII), бидянӣ (асрҳои VII-VIII), тургар (асри VIII), ороишоти занона, мӯҳраҳои нард, ки аз устухони фил сохта шудаанд, ёфт гардиданд. Ҳамчунин аз фарши яке аз ҳуҷраҳои бурҷ курта ва порчаҳои гилеми нақшин ёфт шуданд, ки пахтагинанд. Онҳо нахустин либоси дастрасшудаи асрҳои V-VIII дар водии Зарафшон мебошанд.
Сохти бурҷи куҳандиз аз он шаҳодат медиҳад, ки қалъаи мазкур ҳамчун истеҳкоми мудофиавӣ истифода мешудааст.
Муҳимтарин бозёфти мо аз ёдгории мазкур се порча дастхати арабии мутааллиқ ба асрҳои VIII-IX, давраи аввали паҳншавии дини ислом мебошад, ки арзиши зиёди илмиро соҳиб аст. Тавре ёдовар шудем, то ҳол дар ҳудуди Осиёи Миёна чунин дастхат ба ҷуз дастхати арабии Кӯҳи Муғи ноҳияи Айнӣ, дигар дарёфт нашуда буд. Зимнан, дастхатҳои ёфтшуда, ба замони зиндагии Имоми Аъзам (рҳ) муталлиқ ҳастанд ва рамзист, ки онҳо маҳз дар соли бузургдошти ин фақеҳи бузург дастрас гардиданд.
Доктори илми таърих, мудири шӯъбаи сиккашиносии Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи улум Давлатхӯҷаи Довуд ва директори Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Камолиддини Беҳзод Абдувалӣ Шариф баъзе ибораҳои дастхатро хонда, муайян карданд, ки он чун аксари ҳуҷҷатҳои исломӣ бо ибораи «Бисмиллоҳир –раҳмонир – раҳим» оғоз гардида, аз 13 сатри бо хати кӯфӣ дар пӯсти ҳайвонот навишташуда иборат аст. Дар дастхати аввал калимаҳои «Тавҳид», «Аллоҳу халид», «Ал-ҳақ», «Ал-азим» хонда мешаванд. Дар дастхати дуюм номи «Масъуд» дучор меояд ва он шояд мактубе бошад. Ҳуҷҷатҳо ба забони  арабӣ иншо шудаанд. Усули навишт ва хати дастхатҳо ба хати мактубҳои Деваштич, ки аз Кӯҳи Муғ ёфт гардиданд, монанд буда, далели ба як давра тааллуқ доштани онҳо мебошад.
Дастхатҳо аз ҷониби олимони Швейтсария ва Украина барқарор карда мешаванд. Баъди тармим онҳо мавриди таҳқиқи бостоншиносон ва ховаршиносон қарор мегиранд.
Ин дастхатҳо на танҳо барои Осиёи Миёна, балки тамоми олами ислом аз қадимтарин ҳуҷҷатҳо маҳсуб меёбанд. Боиси ифтихор аст, ки чунин ҳуҷҷатҳои нодир маҳз дар кишвари бостонии мо ёфт шуданд. Онҳо барои омӯзиши таърихи миллат дар давраҳои аввали пазириши ислом, умуман таърихи дини мубини ислом, равобити фарҳангию сиёсии мардуми бумӣ бо дигар мамолики мусулмонии асрҳои VII-VIII аҳамияти хоса доранд.

Т. СОЛЕҲЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1314

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед