logo

маориф

Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ таъсис ёфт

Убайдулло Қурбонов, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, зикр кард, ки мавриди амал қарор гирифтани "Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино барои солҳои 2006-2015" марҳалаи сифатан нави рушди донишгоҳ мебошад, ки тавассути он донишгоҳ солҳои охир ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Назар ба гуфтаи ӯ, аз оғози соли таҳсили 2012-13 донишгоҳ тибқи барномаи мазкур ба ислоҳоти таҳсилоти олии тиббӣ пардохт, ки он ба талаботи меъёри байналмилалӣ наздик аст. Ба ин мақсад чанд нафар устоди клиникии донишгоҳ дар муассисаҳои таҳсилоти хориҷӣ курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисосро хатм кард. Ҳамчунин мутахассисони варзида аз Канада ва Швейтсария барои ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам ба донишгоҳ даъват шуданд.
Соли гузашта бо ташаббуси раёсати донишгоҳ ва дастгирии молиявии Дафтари швейтсариягии рушду ҳамкорӣ бори нахуст Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ таъсис дода шуд. Он бо навтарин воситаҳои амалии таълим муҷаҳҳаз гардида, барои ташаккул ва рушди маҳорати клиникии донишҷӯён мусоидат мекунад. Зикр гардид, ки беш аз 30 таълифоти илмии донишҷӯён ва олимони ҷавони донишгоҳ дар конфронсҳои хориҷи кишвар сабт шуд.
Ба табъ расидани "Энсиклопедияи мухтасари тиб" ва китоби "Андарзнома дар бораи тиб ва табиб" аз дастовардҳои дигари донишгоҳ маҳсуб меёбад.
Ректори донишгоҳ таъмини пураи шаффофиятро дар баргузории маъракаи қабули довталабон яке аз омилҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия арзёбӣ кард.

Мунаввари САФАР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.01.13    №: 13    Мутолиа карданд: 3126
21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед