logo

муҳоҷират

САФАРИ РАДДИ МАРЗШУДАҲО БА ТАНЗИМ ДАРОМАД

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар ҳамкорӣ бо ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» сафари муҳоҷирони радди марзшударо ба низом даровард. Аз ин ба баъд шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати корӣ мераванду аз хориҷ шудани худ иттилоъ надоранд, дар фурудгоҳ огоҳонда мешаванд.

Дар нахустин роҳандозии иқдоми мазкур шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар ҳангоми санҷиш аз сафари 3245 нафари дар рӯйхати мамнуъшудагон  қарордошта, пешгирӣ кард. Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, зимни вохӯрӣ бо Константин Ромодановский, Раиси Хадамоти Федеролии муҳоҷирати ин кишвар, аз вазъи депортшавии шаҳрвандони Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, теъдоди радди марзшудаҳоро аз 200 ҳазор зиёд хонда буд.
- Мо зарурати андешидани тадбир оид ба тақвияти масъулият дар соҳаи муҳоҷиратро дарк мекунем. Аммо, мутаассифона, мавриди иҷро қарор гирифтани ин тадбир на ҳамеша бидуни камбуд аст. Бештари танбеҳ ё ҷазоҳо дар шакли ихроҷи шаҳрвандон амалӣ мешавад. Барои мисол, дар бозгашт тавассути нуқтаи назоратии вуруду хуруҷи донишҷӯён, бахусус дипломнависон, аълохонҳое, ки барои гузарондани таътили худ ба шаҳри Душанбе омадаанд, ин амал мушоҳида шудааст. Онҳо ба кадом ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ даст задаанд, маълум нест. Дар соли гузашта 3215 шаҳрванди Тоҷикистон тавассути нуқтаҳои назоративу гузаргоҳӣ ба ватан баргашт. Акнун дар фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои Роҳи оҳани Тоҷикистон қабл аз сафарашон ба Русия номи онҳо бо афроде, ки тибқи маълумоти Хадамоти Федеролии муҳоҷирати Русия, ҳуқуқи ба ин кишвар сафар карданро надоранд, муқоиса карда мешавад. Дар рӯйхате, ки Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мунташир кардааст, беш аз 70 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудааст. Аммо тибқи маълумоти Хадамоти Федеролии муҳоҷирати Русия, дар Хазинаи ягонаи маълумотдиҳӣ, чунин шахсоне, ки ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ даст задаанд ва дар натиҷа аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд, ному насаби 400 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон оварда шудааст. Ҳангоми мавҷуд будани чунин шумораи зиёд мувофиқ омадани маълумоти анкетавии чанд нафар бо ҳамдигар, махсусан ҳангоми ба назар гирифтани анъанаи гузоштани ному насаб дар кишвари мо, аз эҳтимол дур нест. Ҳатто шахсоне, ки ягон камбудӣ ё қонуншиканӣ надоранд ва ё аввалин бор ба Русия сафар мекунанд, номи худро бо рӯйхати Хадамоти Федеролии муҳоҷирати ин кишвар муқоиса мекунанд, - иброз дошта буд Шукурҷон Зуҳуров.
Шаҳбоз Раҷабов, сардори Раёсати муҳоҷирати меҳнатии  Хадамоти  муҳоҷират, мегӯяд, шаҳрвандони кишвар бояд пеш аз сафар ба Федератсияи Русия  барои гирифтани маслиҳатҳои муфид ба бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии хадамот муроҷиат намоянд. Ба онҳо ройгон 13 намуди буклети гуногун оид ба қонунгузории муҳоҷиратии Русия  ва  маслиҳатҳои муфид аз тарафи кормандони Хадамоти муҳоҷират дода мешавад. 
Ба гуфтаи Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират, муроҷиати  шаҳрвандон ба ин ниҳод асосан оид ба санҷиши радди марз кардан иҷозаи кор ва патент дар Русия, вакансияҳои ҷойҳои кори холӣ дар хориҷа, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо, навоварӣ дар қонунгузории муҳоҷирати  Русия, пардохти музди меҳнат, бедарак гаштани хешовандону  наздикон ва овардани онҳо ба Ватан сурат мегирад.  Ғайр аз ин,  аз тариқи телефони боварӣ аз тарафи кормандони бахш маслиҳату машварат дода мешавад. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ 460560  нафар ба хориҷа сафар намуд, ки аз ин 371587 нафарашро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд.
Бино ба иттилои Шаҳбоз Раҷабов, яке аз самтҳои фаъолияти  Хадамот қабул ва роҳнамоии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо мебошад. Хадамоти муҳоҷират дар назди худ мақсад гузоштааст, ки корҳои иттилоотию равшангариро дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ҷоннок намояд. Бо ин мақсад пайваста дар байни аҳолӣ корҳои равшангарӣ ва иттилоърасонӣ аз тарафи кормандони Хадамоти муҳоҷират ба роҳ монда шудааст. Муроҷиати шаҳрвандони кишвар ба бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ бо се тарз сурат мегирад: шифоҳӣ, хаттӣ ва телефони боварӣ.  Агар дар шаш моҳи соли 2013 ба Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он 2202 нафар бо дархост муроҷиат карда бошад, пас дар шаш моҳи соли ҷорӣ шумораи муроҷиаткунандагон афзоиш ёфта, 39575 нафарро ташкил медиҳад.
Акнун бо роҳандозии низоми нави иттилоотӣ шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз депорт шудани худ иттилоъ надоранд ё баъди радди марз шудан бо усулҳои дигар шиноснома гирифтаанду мехоҳанд дубора ба Русия раванд,  аз фурудгоҳ баргардонда мешаванд.
Ҳарамгули ҚОДИР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.08.2014    №: 158    Мутолиа карданд: 20574
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед