logo

маориф

ХУДШИНОСӢ ҶАВОНОНРО АЗ ГУМРОҲӢ ЭМИН МЕДОРАД

Тавре маълум аст, яке аз омилҳои асосии рушди ҳар кишварро дар қатори дигар арзишҳо захираҳои инсонӣ, аз ҷумла ҷавонон, ташкил менамояд. Ин имкон медиҳад, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Дар кишваре, ки вазъи демографӣ мунтазам дигаргунӣ меёбаду бештари аҳолиро насли ҷавон ташкил медиҳад, муайян намудани сиёсати давлатии ҷавонон аз нуқтаи назари сиёсӣ ва иҷтимоӣ аҳамияти калон дорад.
Ҷавонон объекти манфиатҳои миллию давлатӣ буда, яке аз омилҳои асосии таъмини рушди давлат ва ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ояндаи наслҳои нав бояд ба таври ногусастанӣ ба вазифаҳои ҳифз, рушд ва пешрафти кишвар алоқаманд бишаванд ва маҳз онҳо барҳақ вориси таърихӣ ва фарҳангӣ буда бошанд.
Суботи сиёсати давлатии ҷавонон бо роҳи татбиқи самарабахши тадбирҳои маҷмӯӣ, ки вазифа, аҳамият ва нақши сиёсати давлатиро нисбат ба насли наврас муайян менамояд, таъмин мегардад. Сиёсати давлатии ҷавонон дорои хусусияти фаъоли инноватсионӣ ва истеҳсолӣ буда, неруи меҳнатӣ ва эҷодии ҷавононро инъикос менамояд.
Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бо фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ, кафолатҳои аз ҷониби ҷавонон интихоб гардидани роҳи зиндагӣ, худтатбиқнамоии шахсии ҷавонон, рушд ва дастгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонону кӯдакон ба ҳаракат ва ташаббусҳо нигаронда шудааст.
Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садҳо ҷавонони кишвар, ки дар муассисаҳои динии ғайриқонунии мамолики хориҷа таҳсили илм доштанд, ба Ватан баргардонда шуда, барояшон имконоти мусоиди таҳсил ва кору зиндагӣ таъмин гашт.
Дар замони пешрафту тараққиёти илму техникаи муосир ҷавонони моро зарур аст, ки пойбанди расму оинҳои хурофотӣ набошанд ва кӯшиш намоянд, ки ҳамқадами замон бошанду аз дастовардҳои илмию техникӣ огоҳ гардида, ҷаҳонбинии хешро такмил бахшанд.
Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва ҷомеаи худро аз ин гуна паёмадҳои манфӣ эмин нигоҳ  дорем.
Маорифчиёни шаҳри бостонии Кӯлоб низ дар радифи ҳар шаҳрванди саодатпешаи кишварамон ин падидаҳои номатлубро сахт маҳкум намуда, иллати асосии гироиши ҷавононро ба ин равияҳои моҷароҷӯву исёнкор дар надоштани донишҳои сиёсиву ҷаҳонбинии илмӣ, ҳамчунин гирифтори таассубу хурофот гардидани онҳо дониста, ҳамаҷиҳата баҳри рафъи ин камбудиҳо бо таблиғи ғояҳои олии сулҳу ваҳдат ва ватандӯстиву инсондӯстӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок менамоянд. Бо ғамхориву пуштибонии давлату Ҳукумат омӯзишу парвариши насли наврасу ҷавонро дар мадди аввал гузошта, барои боло бурдани маънавиёту фарҳанги онҳо донишу малакаи хешро ба харҷ медиҳанд. Бо бардоштҳо аз ин гуфтаҳои Сарвари давлат аҳли коллективи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 14 ва  маорифчиёни шаҳри Кӯлоб  дар оянда низ азм доранд, бо қувваи дучанд ва дониши воло тамоми малакаву истеъдоди касбии хешро ба тарбияи сазовори насли наврас равона намоянд.
Муҳаббат РАҲМАТОВА,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14 - и шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2017    №: 43    Мутолиа карданд: 2265
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед