logo

маориф

НИЗОМИ НАВИ ТАЪЛИМ ДАР ТОҶИКОБОД ТАҶРИБА МЕШАВАД

Яке аз иқдомҳои наҷибе, ки дар соҳаи маориф мавриди омӯзиш қарор дорад,  гузариш ба низоми таълими салоҳиятнок мебошад. Он яке аз самтҳои муҳими ислоҳоти соҳаро ташкил медиҳад. Дар ноҳияи Тоҷикобод низ чун дар дигар навоҳии кишвар ислоҳоти соҳаи маориф зина ба зина амалӣ мегардад.
Тибқи иттилои Абдурауф Баллаев, мутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия, барои амалӣ намудани ин ҳадафи муҳим бозомӯзӣ ва раванди такмили ихтисоси омӯзгорон ҷоннок карда шуд. «Имрӯзҳо, дар шаҳри Душанбе, дар курсҳои бозомӯзӣ, ки 12 рӯзро дар бар мегиранд, 50 нафар ва дар худи ноҳия бошад, 65 нафар омӯзгори синфҳои ибтидоӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузашта истодаанд. Яъне, дар маҷмӯъ, 115 нафар омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ҳуқуқи дарс гузаштан бо усули нав - таълими салоҳиятнокро пайдо менамояд. Ҳарчанд яку якбора гузаштан ба ин низом мушкилоти зиёдеро низ дар пай дорад, вале он марҳила ба марҳила амалӣ хоҳад гашт. Айни замон, курсҳои такмили ихтисос аз фанҳои риёзӣ  низ ташкил шуда, сар аз аввали моҳи май курсҳои  бозомӯзӣ аз фанҳои забон ва адабиёт низ  шурӯъ ба фаъолият менамоянд», - иброз дошт А. Баллаев. 
Ҳамин тавр, дар сохтори маориф марҳила ба марҳила низоми таҳсилот дигар шуда, усули нави таълим ба роҳ монда мешавад.  Тавассути амалисозии силсиламодулҳо, ташкили раванди хонишҳои мустақилона ва машғулиятҳо дар курсҳои такмили ихтисос омӯзгорон аз мақсади асосии гузаштан аз тарзи анъанавӣ ба таълими салоҳиятнок огоҳ мегарданд. «Таълими салоҳиятнок бо мақсади ҳалли масъалаҳои мушаххаси ҳаётӣ (иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ), маърифатӣ ва касбӣ равона шуда, барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омода намудани шогирдони сазовор ва ҳаматарафа инкишофёфта нигаронда шудааст.
Акнун хонандагони синфҳои 1 - 4 дар ҷараёни дарс оид ба мавзӯъҳои таълимӣ  назар ба омӯзгор бештар сухан мекунанд. Ба истилоҳи дигар, дар раванди таълим омӯзгорон вазифаи коргардон ва хонандагон нақши ҳунармандро бозӣ мекунанд. Ин усули таълимӣ барои баёни озоди фикр, равон гаштани нутқ ва устувор шудани ҳисси эҷодкории хонандагон замина мегузорад», - гуфт дар хотимаи суҳбат Абдурауф Баллаев.
- Ин низоми таълимӣ имконият медиҳад, ки хонандагон мустақилона дониши гирифтаашонро дар ҳаёт татбиқ карда тавонанд.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2017    №: 76    Мутолиа карданд: 1663
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед