logo

ҳуқуқ

ТАНЗИМ. САМАРИ ДАҲСОЛА

Президенти мамлакат дар Паёми навинашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пурра амалӣ гардидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба вазорату идораҳои дахлдор дастурҳои мушаххас доданд.
Вобаста ба ин зарур аст, ки дар хусуси талаботи Низомномаи комиссияи доимӣ, фаъолияти аъзои комиссия андак ҳам бошад, рӯшанӣ андохта шавад. Ҳамзамон, бояд зикр намуд, ки амалӣ гаштани қонун аз сифати баланди он вобастагӣ дорад. Сифати баланди қонун самаранокии он ва амалӣ гардидани ҳадафҳои асосии танзими ҳуқуқиро, ки зимни таҳияи лоиҳаи қонун ва қабули он пешбинӣ шудааст, таъмин мекунад. Дар тӯли ин солҳо, ки барои миллати сарбаланду  фарҳангпарвари  мо марҳилаи бобарори созандагию пешрафт ба ҳисоб меравад, воқеан ҳам, мо ба дастовардҳои беназир ноил гаштем ва сатҳу сифати зиндагии мардум ба маротиб баланд гардид. Дар заминаи боэътимоди сулҳу оштии миллӣ ва меҳнати пурмаҳсули сокинони мамлакат ҳазорҳо иншооти таъйиноти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишидошта сохта, ба истифода дода шуданд ва боз садҳо биноҳои истеҳсолию маишӣ дар ҳоли бунёд қарор доранд.
Пас аз чанд муддат 10 - солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил  мегардад, ки фаъолияти якҷояи бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар баррасии ин масъала саҳм доранд. Нақши бахшҳои мазкур дар амалишавии қонун ниҳоят назаррас буда, онҳо метавонанд, ки дар баробари татбиқи он барои беҳтар гардидани вазъи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор тавассути пешниҳодҳои мушаххаси худ минбаъд низ саҳмгузор бошанд.
Пеш аз қабули қонун дар кишвар ба исрофкориҳои зиёд роҳ дода шуда, барои шуҳрату шаҳомат аз ҷониби як зумра шаҳрвандон рафторҳои намоишкорона сурат мегирифтанд. Дар ин замина харҷи барзиёд дар масъалаҳое, ки хоси як хонавода буда, ба тӯю сур ва ё азову мотам тааллуқ доштанд, ба ҷомеа зуд таъсир мерасонд. Сабаби аслии зиёдахарҷӣ дар ҷашну маросимҳо дур будан аз таърихи фарҳанг ва рӯзгордории ниёгон буд. Зеро дар дини  ислом исроф маҳкум карда шудааст. Дар ояти 141-и сураи «Анъом»-и Қуръони карим омадааст: «Исроф макунед, ки Худои таоло исрофкоронро дӯст намедорад».  Пайғамбари акрам (с) низ фармудаанд: «Осон бигиред ва душвор  магардонед».
Яке аз сабабҳои зуд дар ҷомеа ҷорӣ гардидани асосҳои қонуни танзим аз сарчашмаҳои муътабари диниву ахлоқӣ «об хӯрдан» - и он аст. Ба асосҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд фаро гирифтани қонуни мазкур ҷанбаи дигари татбиқи амалии он шуд. Заминаҳои мазкур боиси рушди шаклҳои манфиатовари маросимҳои миллӣ, аз қабили хайру садақа ва созандагиву ободкорӣ гардиданд. Кумак ба ятимону бепарасторон, мусоидат кардан ба таъмиру тармими мактабу шифохонаҳо ва амсоли инҳо низ аз ҷумлаи хайру садақотанд ва аз омилҳои ҳамгироиҳои мардум ва ваҳдати онҳо низ мебошанд.
Таҷрибаи даҳсолаи татбиқи қонуни танзим собит намуд, ки он аввалан, манфиати мардумро ҳимоя ва ба беҳтаршавии вазъи молии аҳолӣ мусоидат намуда, сифати зиндагии мардумро боло бардошт.
Мазмуну муҳтавои қонуни танзим баёнгари он аст, ки мо бояд ба қадри неъматҳои моддию маънавӣ расида, барои зиндагии орому осуда дар заминаи камхарҷу сарфакорона гузарондани ҷашну маросимҳои миллӣ ҳамеша таҳким бахшем.
Сайазам  ҚОДИРЗОДА,
сармутахассиси шуъбаи дин,  танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.05.2017    №: 104    Мутолиа карданд: 875
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед