logo

энергетика

БАДАХШОН. ХАТИ БАЛАНДШИДДАТИ БАРҚ БУНЁД ЁФТ

Ширкати ватании “Помир - Энерҷӣ” бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди PATRIP (Олмон)  сохтмони хати интиқоли барқи 110  кВ  аз  НБО “Помир - 1” то НБО “Хоруғ” - ро дар қитъаи “Раҳмонобод - Ханев”  ва  “Барсем - Раҳмонобод” бо  сутунҳои оҳанин ба масофаи 13,8 км ба анҷом расонд. Иншооти нав имкон медиҳад, ки 29 200 хоҷагӣ (тақрибан 174 000 нафар) дар Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон ва 3560 хоҷагӣ  (32 000 нафар) дар Бадахшони  Афғонистон, инчунин, бисёр корхонаю мактабҳо ва марказҳои тиббӣ бо неруи барқи боэътимоди 24 - соата таъмин гарданд.

Ба  гуфтаи  Абдулло  Амонбеков, менеҷери  ширкати  “Помир - Энерҷӣ”  доир  ба  масоили  робита  бо  ҷомеа ,  то  ҳол   дар  ин  қитъа  як  хати  дузанҷираи  35  кВ  ва як  хати  тақсимкунандаи  10 кВ  мавриди   амал  қарор  доштанд. Вале  онҳо  дар  натиҷаи   омадани  сел  дар  мавзеи  Барсем  зарари  калон  диданд. Ҳатто  як  муддат  74 дарсади  сокинони  ВМКБ  ва қисми зиёди  муштариёни ширкат  дар  Бадахшони  Афғонистон  аз  неруи  барқ  маҳрум  гардиданд.
Баъди  мувофиқаи   Ҳукумати  Тоҷикистон ва Фонди  PATRIP (Олмон) хати дузанҷираи интиқоли барқи 110 кВ аз деҳаи Барсем то Раҳмонобод ва аз деҳаи Раҳмонобод то Ханев сохта шуд, ки ин мушкилиро бартараф сохт.
Йенс Клаузен, ноиби раиси Фонди PATRIP, аҳамияти бунёди сутунҳои навро барои пешгирии оқибатҳои ногувори таъсири тағйирёбии иқлим, махсусан, дар ин минтақа, зикр кард. Ба гуфтаи ӯ, энергияи интиқолёбанда барои занон ва кӯдакон, ки бо воридшавӣ ба ҷаҳони беруна метавонанд вақти бештари худро барои омӯзиш, азхудкунии донишҳои нав сарф кунанд, зарур аст.
Ба  гуфтаи  А. Амонбеков, лоиҳаи “Рӯшон - 1”, ки  бо  маблағгузории Фонди PATRIP ва Ҳукумати Норвегия амалӣ  гардид, 5  деҳаи  ноҳияи  Рӯшони ВМКБ  ва  17 деҳаи  Бадахшони  Афғонистонро  бо  барқи  доимӣ  таъмин  намуд. Амалисозии ин  лоиҳа  имконият  фароҳам  овард, ки  203  хонавода  ва  13  муассисаи соҳаҳои маориф, фарҳанг  ва  тандурустии  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон  ва  713  хоҷагии  Бадахшони  Афғонистон  бори  аввал  ба  барқи доимӣ  ва  боэътимод  дастрасӣ  пайдо  намуданд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.11.2017    №: 243    Мутолиа карданд: 9525
12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД

02.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ ВА 5 НОҲИЯИ ХАТЛОН НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПАК БЁН СОК

ҶОНИБДОРИИ ВАНХЁРК АЗ МУКОЛАМАИ ВАШИНГТОН БО МОСКВА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.04.2021


ЛИГАИ ОЛӢ. Бори аввал легионерҳои нидерландӣ ва ҷопонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед