logo

маориф

ДДК. АЗ ШИНОХТИ РИСОЛАТ ТО ЭҲСОСИ МАСЪУЛИЯТ

Чунонки қаблан хабар дода будем, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо Сертификати байналмилалии сифати Аврупо сарафроз гашт. Ба ин муносибат Абдулқодири Раҳим, шореҳи масъалаҳои иҷтимоӣ – фарҳангии  рӯзномаи «Ҷумҳурият», бо Абдулло Ҳабибулло, ректори ин муассисаи таълимӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор, суҳбат анҷом дод.
- Устоди гиромӣ, бо табрик ба ин дастовард дар оғози суҳбат мехостам  ҷойгоҳи ин сертификати байналмилалиро дар мавриди баҳодиҳии як муассисаи аз Аврупо дар дуриҳо қарордошта шарҳ диҳед.
- Бо қарори Ташкилоти байналмилалии сертификати сифати аврупоии Институти Швейтсария (Донишгоҳи Оксфорди Британияи Кабир), Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи  Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ соҳиби иҷозатнома (литсензия) ва Сертификати байналмилалии сифати Аврупо (бо ҷоизаи  хос) гардид. Ин иҷозатнома ва ҷоиза, маъмулан, бар пояи  саҳми назарраси донишгоҳҳо дар сатҳи байналмилалӣ ва ширкати донишмандону омӯзгорон дар лоиҳаҳои таълимӣ, чопи мақолаҳо дар маҷаллаҳои хориҷи кишвар дода шуда, мавқеъ, нуфуз ва рейтинги муассисаҳои таълимиву илмиро баланд мебардорад.  Гумон мекунам, арзёбӣ ва баҳои баланд додани як ташкилоти байналмилалӣ, бавижа намояндагии Донишгоҳи дар ҷаҳон овозаманди Оксфорди Британияи Кабир ба фаъолияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ нуфуз ва рейтинги онро боз ҳам баландтар гардонда, боиси ифтихори мо мебошад.

- Якуми сентябри соли 2015 ҷашни 70 - солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо як шукӯҳи хосса таҷлил гардид. Рӯзи дониш бо маросими ифтитоҳи бинои ҳафтошёнаи таълимӣ  рост омад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маросим иштирок намуда, бо гиромидошти  Рӯзи дониш,  шахсан бо донишҷӯён Дарси сулҳ гузаронд. Равшан аст, ки ин туҳфаи идона ҳамзамон дархӯри баланд бардоштани масъулияти донишҷӯёну донишваронро дар пай дорад. Донишгоҳ дар ин муддат ба чӣ дастовардҳо ноил гаштааст?
- Ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи фароҳам овардани шароити хуби таълиму тарбия масъулияти ҳар шахси босипосу боандешаро баланд бардошта, ба донишмандон ва омӯзгорону донишомӯзон илҳоми нав ба нав мебахшад. Имрӯз, метавон гуфт, заминаи  моддӣ – техникии донишгоҳ устувор гашта, барои донишҷӯён  шароити  хуби омӯзишу истироҳат ва эҷоду касбомӯзӣ муҳайё мебошад. Донишгоҳ дорои 3 толори маҷлис, 4 толори варзиш, 1 маркази илмӣ – инноватсионӣ, 1 маркази омӯзиши забонҳо, маркази омӯзиши фосилавӣ ва инкишофи мартаба (карера), маркази тестӣ ва парки техникӣ, 3 ошхона, хобгоҳи донишҷӯён барои 300 кати хоб, осоишгоҳ ва дигар василаҳои омӯзишу парвариш мебошад. Илова бар ин, дар ноҳияи кӯҳистонии Муъминобод бошишгоҳи  истеҳсолӣ – фароғатӣ ба унвони “Истиқлол”, амал мекунад.
Дар чаҳорчӯбаи  лоиҳаҳои байналхалқӣ Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо бештар аз 80 донишгоҳу муассисаҳои илмии ҷаҳонӣ, аз ҷумла бо кишварҳое чун  Россия, Олмон, Испания, Италия, Англия, ИМА, Чехия, Белгия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Украина, Австрия, Эрон, Ҳиндустон ва чандин кишварҳои дигар ҳамкориҳои судманд дорад.
Аз рӯи нақшаи «Вазифаҳои афзалиятноки стратегӣ дар самти рушди равобити байналмилалӣ то соли 2020» донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо барномаҳои  Фонди Аврупо, якчанд донишгоҳҳои Федератсияи Россия, донишгоҳҳои бонуфузи давлатҳои Осиёи Миёна корҳои чашмрасеро ба анҷом расондааст. Аз ҷумла, дар соли таҳсили гузашта зиёда аз 40 барномаву имконоти таҳсилу коромӯзӣ ва таҳқиқотҳои илмӣ дар хориҷи кишвар барои донишҷӯёну омӯзгорон натиҷаҳои босамар доданд. 
Дар донишгоҳ, ҳамчунин, озмунҳо барои шаҳрвандони минтақаи Кӯлоб оид ба таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар гузаронда шуданд, ки дар натиҷа зиёда аз 50 нафар довталабони ин озмунҳо барои таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар, бавижа Федератсияи  Россия сафарбар гардиданд. 
Танҳо дар давоми соли таҳсили гузашта аз ҳисоби лоиҳаҳои байналмилалӣ дар шакли таҷҳизоту китобҳо, таҳсил дар хориҷи кишвар, иштирок дар курсҳои кӯтоҳмуддату дарозмуддат, маблағи як миллион сомонӣ фоида оварда шудааст.
Роҳбарияти донишгоҳ барои дастгирии моддӣ ва маънавии мутахассисони ҷавон ва донишҷӯёни донишпажӯҳ аҳамияти вижа медиҳад. Онҳо ҳамасола аз идрорпулии раиси вилоят, ректори донишгоҳ бархӯрдор мебошанд, ҳамон гуна ки барои ҳимояи рисолаи номзадӣ маблағи 3000 сомонӣ ва барои докторӣ 5000 сомонӣ муқаррар шудааст. Афзун бар ин, дар чаҳорчӯбаи иҷрои супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутахассисони  ҷавон бо манзили истиқоматӣ таъмин мегарданд.
Барои ҳавасмандсозии бештари донишҷӯён ба омӯзиши илмҳои муосир, ташаккули тафаккури илмӣ ва техникии онҳо, дарёфти донишҷӯёни лаёқатманду шоиста, ҷиҳати ҷалби онҳо ба соҳаҳои илм, соли дуюм аст, ки дар донишгоҳ Ҷамъияти илмии донишҷӯён  фаъолият дорад ва дар он 120 нафар пажӯҳишгарони ҷавон шомил мебошанд.
Моҳи апрели соли 2017 дар донишгоҳ даври хотимавии Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, дастаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб сазовори   3 ҷойи аввал шуд. Ба озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯ ва пешрафти илмӣ- техникӣ» 6 лоиҳаи илмии донишҷӯён пешниҳод гардид, ки  аз миёни шоистагони дипломҳои дараҷаи 1 – 3 шаш нафар аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб буданд.
Натиҷаи талошу кӯшиш барои ташаккули тафаккури илмии ҷавонон мебошад, ки соли гузашта 5 нафар олимони ҷавон рисолаҳои хешро барои дарёфти унвони номзади фанҳо, дифоъ намуданд ва ҳоло 15 нафар ҷавонон дар пайи пажӯҳишҳои илмӣ барои сазовор гаштан ба унвонҳои номзад ва доктори фанҳо мебошанд.
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ минбаъд низ бар асоси дастуру роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои рисолати баланду пурифтихори худ – таълиму тарбияи мутахассисони садоқатманди Ватан қадамҳои устувор хоҳад гузошт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.12.2017    №: 248    Мутолиа карданд: 1564
27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед