logo

маориф

МАОРИФ БОЗ ДАР МАДДИ АВВАЛ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба рушди маориф, ки онро асоси таҳкими аркони давлат меҳисобанд, таваҷҷуҳ ва ғамхории  махсус зоҳир мекунанд.

Тавре аз Паёми навбатӣ бармеояд, аз 1 - уми сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, стипендияи  донишҷӯён 15 фоиз зиёд карда мешавад. Ин, албатта, бо афзудани масъулияти касбӣ моро водор месозад, ки сипосгузор бошем ва ба  ояндаи неки соҳа  бештар аз пештар мутмаин бигардем.
Ба ҳар шаҳрванди кишвар, хосса аҳли маориф, боиси ифтихор аст, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мувофиқи назарсанҷӣ дар соли равон аз рӯи нишондиҳандаҳои дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54 - умро лоиқ донистанд. Яъне, кишвари мо дар миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалро дар ин самт ишғол мекунад.
Бояд махсус зикр кард, ки бо ин дастоварди муҳим мо – аҳли маориф танҳо ба василаи ғамхорӣ ва дастгирии Пешвои миллат ноил гардидаем. Бунёду таъмири муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии  касбӣ, ки ҷавобгӯи талаботи давранд, қабули барномаҳои бисёр муҳим, таваҷҷуҳи махсус ба забономӯзӣ, фароҳам овардани имкону шароити таҳсил дар кишварҳои хориҷӣ аз ин ҷумлаанд.
Сарвари давлат моро вазифадор сохтанд, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат бикашем, ба сатҳу сифати таълим бештар диққат бидиҳем. Зимни ин раҳнамоии дуруст, ҳамчунин, иброз доштанд, ки «мо бояд нишондиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик созем, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшем, дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар гардонем». Мусаллам аст, ки сифати омодасозии мутахассисон ба ин омилҳо вобастагӣ дорад.
Аз дастурҳои дигари Президенти мамлакат дар Паёми навбатӣ андешидани тадбирҳои иловагӣ барои омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ мебошад. Ҳамчунин, бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир гардад.
Воқеан, танҳо ҳалли масъалаҳои мазкур имкон фароҳам меорад, ки давлат ва кишвари мо рушду тараққӣ биёбад, ободу зебо бигардад. Ба ҷуз ин, истиқлоли он ҳифз бишаваду пойдор бимонад ва амнияташ мустаҳкамтар бигардад.
Дар замоне, ки вазъи сиёсии ҷаҳон бисёр мураккаб гардидааст, иҷро ва  амалӣ намудани ин дастурҳову тадбирҳо бениҳоят муҳим арзёбӣ мешавад. Дар ҳақиқат, моро зарур аст, ки бо шинохти масъулият беҳтару бештар заҳмат бикашем. Барои ин Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин раҳнамо маҳсуб мешавад.
Маҳмадулло РАҶАБЗОДА,
ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.12.2017    №: 259    Мутолиа карданд: 826
27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед